ТАРҒИБГАРИ КАМНАЗИРИ МЕРОСИ АДАБӢ

Аҳмад Абдуллоев аз фарзандони арҷманду накӯманиши халқи тоҷик мебошад, ки 15 марти соли 1936 дар диёри кӯҳистони тоҷикнишини Бойсун зода шуда, дар арсаи адабиётшиносии нимаи дувуми садаи XX ва ду даҳсолаи садаи XXI ба сифати як муҳаққиқи хеле барҷаста, пажӯҳишгари хушсалиқа ва аз зумраи ноқидони хушкору саракори мероси гаронқадри адабиёти форсӣ-тоҷикӣ эътироф шудааст.

Ковишу ҷусторҳои илмиаш ҳанӯз дар Тоҷикистони шӯравии солҳои 60-80-уми садаи XX номашро чун олими ҷиддӣ, адабиётшиноси мумтоз дар риштаи таҳқиқи таърихи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, ноқиди хуби сухан, матншиноси дақиқназару хушкор ва тарғибгари ростини мероси адабии гузашта муаррифӣ карда, ин имкон фароҳам овардааст, ки дар бозкушоии чеҳраҳои аёни адабиёти асримиёнагӣ ва нашри мероси манзуми онҳо корҳои шоистаеро анҷом диҳад. Зикри ин нукта ҳам хеле муҳим ба назар мерасад, ки як марҳалаи пурмаҳсули бебозгашти рӯзгор ва фаъолияти илмӣ-пажӯҳандагии ин донишманди фидоӣ то нимаҳои солҳои 90-уми садаи XX дар Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур паси сар гардида, барои ривоҷи таҳқиқи адабиётшиносии муосир заҳмати фаровон кашидааст. 
Лозим ба таъкид аст, ки Аҳмад Абдуллоев дар адабиётшиносии мо ҳамчун кошиф ва таҳқиқгари асосии шоиру суханвари маъруф ва мумтози тоҷикон дар садаҳои XI-XII Адиб Собири Тирмизӣ шинохта шудааст. Монографияи бунёдии «Адиб Собири Тирмизӣ» (Душанбе, 1969), очерки илмӣ-адабии «Адиб Собири Тирмизӣ» (Душанбе, 1979) ва ҳамзамон муқаддимаҳои илмии Аҳмад Абдуллоев бар матни ашъори ин шоири номвар аз арзишмандтарин навиштаҳо маҳсуб шуда,  дар онҳо бозгӯи роҳи ҳаётиву эҷодии ин шоир бисёр барҷаста сурат ёфтаанд. 
Инро ҳам медонем, ки Аҳмад Абдуллоев чун матншиноси хушкору хушазм солҳо ба таҳқиқу нашри мероси адабии шоирони аҳди ғазнавӣ шуғл дошт ва дар ин замина, аввалан, кӯшиш ба харҷ додааст матнҳои оммавӣ ва илмӣ-интиқодии осори адабии Адиб Собири Тирмизиро таҳти унвони «Ашъори мунтахаб» (Душанбе, 1965), «Осори мунтахаб» (Душанбе, 1981) ва «Девон» (ба форсӣ, Душанбе, 1982) таҳия ва ба нашр ҳозир намояд. Бозгӯи таърихчаи тасҳеҳ ва нашри матни ашъори шоир дар муқаддима муносибати усулии матншиноси мазкурро ба ин қазия бозмегӯяд. Аз раванди тасҳеҳи матн хуб равшан мешавад, ки номбурда ба таҳияи мероси шоирии Адиб Собири Тирмизӣ аз миёнаҳои солҳои 60-уми садаи XX шуғл дошта, аз ҷумла, ҳанӯз соли 1965 ба нашри аввали мунтахаби ин шоири нозукбаёни форс-тоҷик имкон ёфтааст. Интишори аввал, бешубҳа, нахустин кӯшиши дастрасии хонандаи тоҷик ба мероси шоир ба хати кирилӣ маҳсуб мешавад. 
Аз муқаддимаи ашъори мунтахаби аввалин равшан гашт, ки матни то он замон интишоршудаи шоир дар Эрон ба саъйи донишманди эронӣ Алии Қавим ҳам чандон комил набуда ва матни интиқодии он ҳанӯз таҳия нашуда будааст. Аз дебочаи адабиётшиноси маъруф Камол Айнӣ ба «Девон»-и Адиб Собир бо саъйи Аҳмад Абдуллоев дар соли 1982 ҳам ин санад омадааст, ки девон дар асл ду маротиба – солҳои 1952 ва 1965 дар Теҳрон нашр шудааст. Тибқи ин иттилоъ девони аввал ба эҳтимоми Алии Қавим «бисёр шеърҳоро фоқид аст ва ба илова бо камбудиҳои ҷиддии матнӣ ҳамроҳ аст. Тасҳеҳгари чопи дувум Муҳаммадалии Носеҳ кӯшиши бештаре ба кор бурдааст, вале ҳеч як аз он девонҳои чопӣ чандон ҳам ризоятмандона нест(анд). Маълумот дар ин бора дар пешгуфтори нашри ҳозир (яъне Девони Адиб Собир дар тасҳеҳи Аҳмад Абдуллоев – С. А.) муфассал баён шудааст». (ниг: Девони Адиб Собири Тирмизӣ, с. 5). 
Ба ин маънӣ солҳои 60-уми садаи XX марҳалаи аввали дастрасии аҳли мутолиа ва адабиётшиносон ба маҳсули эҷоди ин шоири гаронмоя будааст. Аҳмад Абдуллоев дар он овони ҷавониаш се нусхаи дастнависи девони шоирро аз хазинаҳои маъруфи ҷаҳон – китобхонаи Индиа Оффис, Музейи давлатии Англия ва ҳамзамон захираи дастхатҳои шарқии Академияи илмҳои Озарбойҷон ба заҳмати зиёд ба даст оварда, ки онҳо аз назари тасҳеҳгарону ноширони эронӣ дур монда будаанд. Аз байни онҳо нусхаи қадимтарин мансуб ба Индиа Оффис буда ва дар ин маврид боз як нусхаи захираи дастхатҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон низ ба он илова шудааст. 
Аз ин рӯ, агарчи дар ҳамон солҳо ҳам ба тасҳеҳгари тоҷикистонӣ нашри комили ашъори Адиб Собир ба усули илмӣ ва интиқодӣ имкон надода буд, аммо кӯшиши фаровон ба харҷ рафта, ки мунтахаби шоир бо фарорафт ба матни чаҳор дастнависи ғарбиву шарқӣ ва ҳам муқоисаи матни девони чопии эронӣ, аз ҷумла Алии Қавим, ба чоп омода шавад. Ин оғози кори бисёр муҳим буд. Аз аввал тасҳеҳгари хушкор саъй карда, то ба раванди иштибоҳ дар хондани матн аз ҷониби тасҳеҳгарони эронӣ, ҳам бозгӯйи тафовутҳои матнӣ ва нусхабадалҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳад ва роҳро ба омода кардани нашри нисбатан васеъ ва фароҳам овардани заминаи таҳияи матни илмӣ-интиқодии шоир ҳамвор намояд.  
Пас аз шонздаҳ соли ба ихтиёри алоқадорони Тоҷикистон расидани ашъори Адиб Собири Тирмизӣ соли 1981 «Осори мунтахаб»-и ӯ мавриди нашр қарор гирифт, ки он бори аввал ба таври густурда қариб ҳамаи тағаззулу ғазал, муқаддимаи таркиббанд ва қитъаву рубоиҳои шоирро фаро гирифтааст. Дар ин марҳалаи дастрасӣ ба ашъори шоир таҳиягар имкон ёфта, ки матни ашъори бозмондаро бо қиёс ва ба усули интиқодӣ мавриди омӯзиш қарор диҳад ва мушкилоти мавҷудаи нашри ашъорро бозгӯ кунад. Аз диди тасҳеҳгар «тағаззулу ташбибҳои шоир дилнишину тозатар садо медиҳанд ва ақоиди эстетикиву оптимистонаи гӯяндаи худро хубтар таҷассум кардаанд». (Осори мунтахаб, с. 33).
Дар муқаддимаи илмии Аҳмад Абдуллоев бо номи «Адиб Собири Тирмизӣ ва тавсифи нусхаҳои девони ӯ» ба кириллӣ тамоми равандҳои нашри мероси шоир то солҳои 80-уми садаи XX бозгӯ ва ба онҳо баҳои муносиб дода шудааст. Ин ҷо низ нашри теҳронии Алии Қавим ноқису пуркамбудӣ ва тасҳеҳи Муҳаммадалии Носеҳ аз лиҳози афтидани шеъри зиёд нокомил муаррифӣ шудааст. Дар идомаи пешгуфтор мо бо иттилои раднопазири матншиносӣ, вижагии нусхаҳои гуногуни дастхатҳои шоир ва нашрҳои чопии он ошноӣ пайдо мекунем. Дар ин муқаддима ба ҷуз он чаҳор нусхаи дастхати мавриди истифодаи тасҳеҳгар сухан аз дастхатҳои бидуни истифода низ рафта, ки дар китобхонаҳои маъруфи кишварҳои шарқӣ – Калкутта ва Бомбайи Ҳиндустон, Маҷлиси Шӯрои миллӣ ва Мадрасаи олии Сипаҳсолори Эрон нигаҳдорӣ мешаванд. 
Дигар аз пажӯҳишҳои муҳимми аввалияи ӯ оид ба чеҳраҳои адабии шоирони форсӣ-тоҷикӣ рисолаи арзишманд оид ба рӯзгору осори адабии «Заҳири Форёбӣ» (Душанбе: Дониш, 1974)-ро метавон ном гирифт, ки дар сатҳи назаррас ва савияи матлубу муносиби адабиётшиносии он давра таълиф шуда ва аз нерӯи пурбори тахассусии муаллифаш дарак дорад. Усул ва шеваҳои таҳқиқ дар ин рисола ҳоло ҳам қобили пайгирист. Рисола дар боби ин шоири машҳури нимаи дувуми садаи XII натиҷаи ковишҳои муҳим ва муфиди илмии ин олим аст, ки аввалан дар сатҳи назарраси он давра ба дифоъ расида ва сипас тарҳи монографии он ба миён омадааст. 
Маълум мегардад, ки то ин таҳқиқи арзишманди Аҳмад Абдуллоев дақиқкарди «ҳаёти печдарпечу ихтилофноки» шоир Заҳири Форёбӣ «аз нуқтаи назари илмӣ» ба ҳеч касе аз пажӯҳишгарон даст надода будааст. Як сабаби ин амр мавҷуд набудани осори комили ӯ буда ва он чи то он ҳангом вуҷуд доштаанд, «ҳамагӣ таҳрирҳои баъди асри XV» ба ҳисоб мерафтаанд. Бинобар ин, муҳаққиқ дар наздаш чунин вазифае гузошта буд, ки мавзӯъро усулан ҷамъбаст карда, осори шоирро аз диди интиқодӣ биомӯзад. 
Яке аз корҳои муҳимму мондагори Аҳмад Абдуллоев ба сифати матншинос фароҳам овардани матни ду ҷилд китоби «Сабақи Рӯдакӣ» бо афзудани муқаддима ва луғату тавзеҳот аст, ки дар фосилаи солҳои 1984 ва 1991 ба табъ расидаанд. Ин ду китоби «Сабақи Рӯдакӣ» маҳсули тафаккури эҷоди шоирони давраи ғазнавӣ аст, ки ба равияи сурудаҳои маликушшуарои сомонӣ устод Рӯдакӣ эҷод кардаанд. «Сабақи Рӯдакӣ» ном гирифтани ин ду китобро таҳиягар дар он дида, ки «ҳамаи шоирони аввали асри XI аз Рӯдакӣ сабақ омӯхтаанд, ӯро устоди худ ҳисобида, шеърҳояшро пайравӣ, тазмин ва истиқбол кардаанд. Мо шеърҳои он рӯзгорро мутолиа карда, тимсоли Рӯдакиро пеши назар меоварем ва такомули пурвусъати анъанаҳои адабии ӯро эҳсос мекунем. Осори Рӯдакӣ барои шоирони нимаи аввали асри XI дарси ибрат, сабақи маҳорат ва мактаби касби камол будааст» («Сабақи Рӯдакӣ», китоби аввал, с. 22).
Ҳарду китоб дорои муқаддимаи илмии муфассал ва таҳлилҳои арзишманд аз боби шуарои нимаи аввали садаи XI то ибтидои садаи XII – истиқболгарони Рӯдакианд, ки дар он иттилои расои адабиву таърихӣ фароҳам омада ва баррасии дарунмояи осори онон сурат гирифтаанд. Муқаддимаи аввал иборат аз бист саҳифа таърихчае аз шеъри форсии нимаи аввали садаи XI мебошад, ки дар он аз махсусияти эҷодии ин давра ва сайри эҷодии шоирони маъруфи замон Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ, Лабибӣ, Айюқӣ ва дигарон, ки ба равияи вижаи устод Рӯдакӣ ба эҷод камари ҳиммат бастаанд, сухан рафтааст. 
Муқаддимаи китоби дувум дар ҳаҷми 22 саҳифа низ таҳқиқе хуб аз вижагиҳои шеъри ин давра аст ва ин ҷо асосан сухан аз чигунагии шеъри Қатрони Табрезӣ ва Масъуди Саъди Салмон меравад. Дар бахши матни ашъор ҳам асосан ва хеле васеъ ашъори ин ду шоири номӣ ҷой ёфтаанд. Аз назари мо ин китоб аз аввалин муаррифигари ашъори ин ду шоир ба таври густурда мебошад. 
Ин матншиноси пурғайрат дар таҳия ва нашри «Осори баргузидаи бадеӣ»-и маорифпарвари маъруф Аҳмад Махдуми Дониш (бо ҳамкории адабиётшинос Расул Ҳодизода, Душанбе, 1976) ва «Тазкираи адабиёти бачагон» (бо ҳамдастии адабиётшинос Садрӣ Саъдиев, Душанбе, 1981) низ салиқаи хос ва тахассусӣ зоҳир кардааст. Саракориву беҳгузинӣ дар ин ришта аз сифатҳои умдаи Аҳмад Абдуллоев ба ҳисоб рафта, ин сифатҳо ҷолиби диққат ва сазовори истиқболи аҳли таҳқиқи имрӯзаанд. 
Аҳмад Абдуллоев ба унвони яке аз пажӯҳандагони соҳибтаҷриба ба таълифи китоби 12-ҷилдаи «Очеркҳо аз таърихи адабиёти форс-тоҷик» ҷалб шудааст, ки ҳамчун ҳосили ҷусторҳои ҷиддии олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шуҳрат дорад. Аз ин асари муҳимму мондагори илмӣ танҳо 8 ҷилдаш нашр шуда ва устод Аҳмад Абдуллоев муаллифи ду китоб – «Адабиёти форс-тоҷик дар нимаи аввали асри XI» (Душанбе, 1979) ва «Адабиёти форс-тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII» (Душанбе, 1986) мебошад, ки китоби дувум бо ҳамкории адабиётшиноси дигари соҳибназар Садрӣ Саъдиев таълиф ва ба нашр расидааст. 
Профессор Аҳмад Абдуллоев дар охири солҳои 80-уми садаи XX ба таснифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик барои синфи 9» (1990) шуғл дошт. То ин замон таърихи адабиёти тоҷик аз даврони қадим то садаи XV ба хонандагони ин зинаи таълими мактабҳои миёна аз китоби дарсии профессор Шарифҷон Ҳусейнзода омӯзонида мешуд. Аҳмад Абдуллоев низ бо чунин таълифот хидмате барои фарорафти дониши адабии наслҳои замон анҷом дода ва муддате китоби дарсии ӯ саҳмгузори вусъати худогоҳии адабии онҳо шудааст.
Ҳаёти Аҳмад Абдуллоев аз нимаи дувуми солҳои 90-ум ба Ӯзбекистон пайванд ёфта ва фаъолияти илмиву таҳқиқиаш ба сифати профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз идома пайдо кард. 
Аҳмад Абдуллоев дар Тирмизи бостонӣ пажӯҳиши донишгоҳии адабиётшиносии тоҷикро эҳё намуда, фаъолияти онро ҷавобгӯ ба тақозои як пажӯҳишкада ба роҳ монд.
Натиҷаи ҳамдиливу ҳамназарӣ бо чанде аз устодони Донишгоҳи давлатии Тирмиз буд, ки аз олами заҳмату маҳсули босамари ин пажӯҳишҳо огоҳ шудем. Гурӯҳи ҳамкорон аз Донишгоҳи давлатии Тирмиз – Рамазон Абдуллоев, Дилафрӯз Муқимова, Махфират Қурбоналиева, Ҷамшед Ҷумъақулов, Илҳом Эшонзода ва дигарон, барҳақ, устод Аҳмад Абдуллоевро рамзи равшану тобандаи дилдодагӣ ба зиндагӣ ва илм медонистанд ва худро дар иҳотаи ин инсони хушиқбол, хоксору вораста, ҳалиму меҳрубони шогирдон, ғамхору ғамбарор медиданд.
Аҳмад Абдуллоев умри пурсамар дид ва беш аз 85 баҳори умр зиндагӣ кард. 
Зиҳӣ чунин фидокорӣ ва миллатдӯстӣ!

Субҳони АЪЗАМЗОД,
номзади илмҳои 
филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи 
Бобоҷон Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: