Соли гузашта нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоби «Назарияи адабиёт»-и доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъақул Ҳамроев ва устоди кафедраи назарияи адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Имомалиро аз нашр баровард.
Соли гузашта нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоби «Назарияи адабиёт»-и доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъақул Ҳамроев ва устоди кафедраи назарияи адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Имомалиро аз нашр баровард.
Китоб аз сарсухан, муқаддима ва даҳ боб иборат аст. Боби якум аз адабиётшиносӣ ва мавзӯи баҳси он, алоқаи адабиётшиносӣ бо илмҳои дигар, боби ду аз таърихи афкори илмиву назарӣ, дар Юнон ва Рими қадим афкори назари адабии мутафаккирони адабиёти форс-тоҷик, боби се аз хусусияти адабиёти бадеӣ, образ ва образнокӣ, ҳақиқати воқеӣ ва ҳақиқати бадеӣ, боби чор аз усулҳои таҳлили асари бадеӣ, мундариҷа ва шакл, боби панҷум аз таснифи ҷинсҳои адабӣ, боби шаш таснифи жанрҳои адабӣ, жанрҳои миёна, муҳташам ва махсуси ҳамосавӣ, боби ҳафт аз яктаркибӣ ва ягонагии асари бадеӣ, сюжету устухонбандии асари бадеӣ, боби ҳашт аз қолаби сухани бадеӣ, забони асарӣ бадеӣ, вазни шеъри тоҷикӣ, арӯз ва аҳамияти он, қофия ва радиф, боби нӯҳ аз раванди адабиёти бадеӣ, робитаҳои адабӣ, боби даҳум аз тарзи тасвири ҳақиқати зиндагӣ, сабки эҷодӣ, мактаби адабӣ иборат аст.
Инчунин, муаллифон дар феҳристи адабиёт зиёда аз сад номгӯйи адабиёти Шарқ, тоҷикӣ, русиро мавриди истифода қарор додаанд.
Ҷумъақул Ҳамроевро дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон чун мунаққид, адабиётшинос, олими пуркор мешиносанд. Дар ҳама соҳае, ки даст мезанад, асосноку боварибахш андеша ба миён мегузорад, пурмазмуну бамантиқ мулоҳиза меронад.
Китоби «Назарияи адабиёт» барои хонандаи тоҷик хазинаи бузург аст.
Баҳодур ҲУСАНОВ,
омӯзгори тоифаи
олии мактаби №14,
ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.