ТАРҒИБИ КИТОБ – КОРИ САВОБ

Шукронаи ҳаёти имрӯза мекунем, ки бозорҳоямон бобаракот, дастурхонамон фаровон аст, даромадамон мувофиқи меҳнатамон асту барои фатҳи марраҳои боз ҳам баландтар саъю ҳаракат дорем.

Шукронаи ҳаёти имрӯза мекунем, ки бозорҳоямон бобаракот, дастурхонамон фаровон аст, даромадамон мувофиқи меҳнатамон асту барои фатҳи марраҳои боз ҳам баландтар саъю ҳаракат дорем. Яке бо тадбиркорӣ, дигаре бо хидматгарӣ, сеюмӣ бо тиҷорат, чаҳорумӣ бо кирокашию мардикорӣ ба оила даромад меоваранд. Ин талаб ва тақозои даврони иқтисоди бозаргонист.
Агар даромадамонро мулоҳизакоронаву сарфакорона харҷ намоем, душворӣ намекашем, мушкилоти худро ба навбат ҳаллу фасл мекунем.
Аз ҷониби дигар имрӯз ҳар кас кӯшиш мекунад, ки баъзан хайру эҳсон карда, рӯҳи гузаштагони худро шод гардонад. Дар ин бобат ба мардум яке шоҳона, дигаре пурнеъмат, сеюмӣ оддӣ дастурхон мекушояд. Аз китобҳои исломӣ маълум аст, ки ба бенавоёну гуруснагон дастурхони неъмат боз кардан аз ҷумлаи амалҳои хайру эҳсон мебошад. Имрӯз дар ҷамъияти мо бенавоёну гуруснагон нестанд, чунки камбисотон аз ҷониби давлат ба рӯйхат гирифта шудаанду ба онҳо ёрии моддӣ расонида мешавад. Ҳамчунин дар адабиётҳои исломӣ омадааст, ки хайру эҳсон ба мардуми серу пур раво нест, балки он исрофкорист. Мо бояд хайру эҳсонро ба хонаҳои меҳрубонӣ, боғчаҳои бачагон, беморхонаҳову мактабҳо кунем, ки савоб аст. Агар ба мактабҳо адабиётҳои бадеӣ харида туҳфа кунем, аз онҳо бисёр устодону хонандагони ин маърифатгоҳҳо ғизои маънавӣ мегиранд, ки низ савоб хоҳад буд. Ба хусус ҳоло, ки дар китобхонаҳои мактабӣ адабиётҳои бадеӣ ба қадри кофӣ нестанд. Хусусан, маърифатгоҳҳое, ки таълим дар онҳо ба забони тоҷикист, аз норасоии адабиёти бадеӣ азият мекашанд.
Алҳол дар дуконҳои китобфурӯшӣ адабиётҳои бадеӣ хело бисёранд, аммо на ҳама қудрати харидани онҳоро доранд, чунки нарху қимати китобҳо баланд аст.
Тарғибу ташвиқ кардани илму маърифат, ростӣ, аз савобтарини савобҳост, зеро барои баланд бардоштани маънавияти инсон саҳм мегузорад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ.
Ноҳияи ЧУСТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: