Тарғиби меҳнати шоиста дар Ӯзбекистон: МУНОСИБАТЕ, КИ БА МАНФИАТҲОИ ИНСОН НИГАРОНДА ШУДААСТ

Дар пойтахт таҳти мавзӯи «Тарғиби меҳнати муносиб дар Ӯзбекистон: муносибате, ки ба манфиатҳои инсон нигаронда шудааст» конфронс баргузор гардид.

Дар он Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Комиссияи миллии мубориза бар зидди савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ Т. Норбоева, директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Г. Райдер, муовини ӯ Х. Коллер, қариб сад корбастон аз СММ, БАТР, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони палатаҳои Олий Маҷлис, вазорату идораҳои масъул иштирок карданд. 
Дар ин чорабинии байналмилалии сатҳи баланд масъалаҳои мубрами дар Ҳадафҳои рушди устувори Рӯзномаи глобалии СММ муайяншуда, аз ҷумла: таъмини шуғли аҳолӣ, кори шоиста ва фароҳам овардани шароит барои меҳнат, таҳкими иқтидори кишвар дар ин самт, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои инсон баррасӣ гардиданд. 
Дар чорабинӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева нутқ эрод кард:
– Дар доираи татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 қариб 300 қонун оид ба ислоҳсозии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, беш аз 4 ҳазор фармону қарорҳои Президенти Ӯзбекистон қабул шуданд. Дар кишвар низоми таъмини ҳуқуқу озодии инсон ислоҳ карда шуд.  Ба шарофати иродаи устувори сиёсии Сарвари давлатамон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, бахусус, барҳам додани меҳнати кӯдакон ва маҷбурӣ натиҷаҳои мушаххас ба даст оварда шуданд. Барои таҳкими заминаи қонунгузорӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, рушди пойгоҳи институтсионалӣ, гузаронидани мониторинг ва тадқиқоти мунтазам, фаъол гардонидани ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии тахассусӣ пайваста корҳо анҷом дода шуданд.
Дар солҳои 2019-2021 ҷиҳати таҳкими қонунгузории ҳуқуқи инсон 32 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, як қатор конвенсияҳо ва протоколҳои Созмони байналмилалии меҳнат ва Созмони байналмилалии муҳоҷират ба тасвиб расидаанд. Тадбирҳои баланд бардоштани масъулият барои истифодаи кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ аз ҳама самараноктар шуданд. Қонунгузории миллӣ ба Конвенсияи 29-и СБМ дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ мутобиқ карда шуд.
Дар моҳи сентябри соли 2021 ба имзо расидани Барномаи нави давлатӣ оид ба меҳнати шоиста дар Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2025 ба сатҳи нав бардоштани ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ӯзбекистон ва Созмони байналмилалии меҳнат равона шудааст. Ин барнома барои амиқтар кардани муколамаи мутақобилан эътимодбахш заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
— Ҷамъомади ҳозира ба боз ҳам пурқувват гардондани равандҳои васеъмиқёси дигаргунсозиҳо дар Ӯзбекистон хизмат мекунад. Дар мамлакат кори ба конвенсия ва тавсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат мувофиқ кунондани қонунгузории меҳнат идома дода мешавад. Дар асоси Рушди стратегии Ӯзбекистони Нав ба анҷом додани корҳо дар ин самт, масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодии инсон, аз ҷумла ҳуқуқи меҳнати вай эътибори алоҳида дода мешавад, — гуфт Раиси Сенат.
Чӣ хеле ки дар конфронси байналмилалӣ таъкид гардид, ислоҳоти васеъмиқёси тӯли солҳои охир дар кишоварзӣ татбиқшуда, васеъ ҷорӣ гардидани тамоюлҳои бозаргонӣ, барқарор карда шудани назорати самарабахш ва мониторинги мустақилона мувофиқи қонунгузории меҳнат ба пурра решакан кардани меҳнати маҷбурии муттасил дар пахтакорӣ мусоидат намуд. Инчунин қайд гардид, ки аъзои комиссияҳои ҷумҳуриявӣ-ҳудудӣ оид ба мубориза бар зидди савдои одамон ва меҳнати маҷбурӣ, ки соли 2019 таъсис ёфтааст, айни замон фаъолияти пурсамар бурда истодаанд, низ дар татбиқи принсипҳои меҳнати шоиста дар мамлакатамон саҳми арзанда мегузоранд. 
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт «харитаҳои роҳ» барои амалӣ намудани пешниҳодҳои Созмони байналмилалии меҳнат, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Бонки ҷаҳонӣ, Департаменти давлатии ИМА ва Департаменти меҳнат, коалитсияи байналмилалии «Cotton Campaign», таъмини иҷрои онҳо таҳия шуданд.  Дар конфронс муроҷиатномаи директори генералии Созмони  байналмилалии меҳнат Г. Райдер ба иштироккунандагони чорабинӣ шунида шуд. Г.Райдер қайд кард, ки Ӯзбекистон бо Созмони  байналмилалии меҳнат ҳамкории самарабахш ба роҳ монда, солҳои охир миёни Ӯзбекистон ва Созмони  байналмилалии меҳнат оид ба муқовимат ба меҳнати маҷбурӣ, назорати риояи ҳуқуқи меҳнат ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқии меҳнат корҳои муттасил амалӣ карда мешаванд.
– Барномаи нави давлатӣ оид ба меҳнати шоиста дар Ӯзбекистон, ки барои солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст, пурра ба барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ барои Ӯзбекистон мувофиқат мекунад. Ӯзбекистон аввалин давлатест, ки чунин барномаро қабул кардааст, – гуфт Г. Райдер.
Инчунин дар конфронс директори бюрои минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҳ.Коллер ба сухан баромада, қайд кард, ки дар Ӯзбекистон меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла меҳнати кӯдакон аз байн рафтааст. Муваффақиятҳои Ӯзбекистон дар соҳаи муҳайё намудани шароити муносиби меҳнат дар солҳои охир махсусан кайд карда шуданд.
Дар ҷаласаҳои сексиявӣ бахшида ба мавзӯъҳои  идоракунии самараноки давлатӣ, муколамаи ҷомеа дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, андешаҳои намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Конфедератсияи корфармоён, Вазорати молия, як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатӣ шунида шуд.
Дар доираи конфронс оид ба рушди минбаъдаи тамоюлҳои меҳнати шоиста дар Ӯзбекистон лои-ҳаҳои нав таҳия карда шуданд. 

Муҳтарама КОМИЛОВА,
мухбири  ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: