ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ТАҚОЗОИ ДАВР

Иттиҳодияи этноварзишии Ӯзбекистон яке аз иттиҳодияҳои ҷавонтарин маҳсуб меёбад.

Ба наздикӣ ин иттиҳодия яксолагии ташкили худро таҷлил хоҳад кард. Дар ин хусус раиси он Ойбек Норинбоев ба “Овози тоҷик” иттилоъ дод. Вай перомуни вазифаҳои иттиҳодия, нақшу аҳамияти варзиши миллӣ, бозиҳои мардумӣ дар ҳаёти ҷомеаи кунунӣ мухтасар маълумот ироа намуд. 
Яке аз ҳадафҳои аслии иттиҳодияи этноварзишӣ эҳё ва густариши намудҳои миллии варзиш, бозиҳои мардумӣ, таҳия ва татбиқи қоидаҳои ягонаи баргузории он, дар баробари ин, тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад, ки имрӯзҳо дар байни аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим касб намудааст.
– Як қисми намуди бозиҳои миллӣ, ки дар замони гузашта аҷдоди мо ба он хеле зиёд машғул мешуданд, дар айни замон низ миёни мардум роиҷанд. Мешавад гуфт, ки ин бозиҳо на танҳо як машғулияти оддиву содаанд, балки дар тӯли асрҳо ва бо гузашти айём сайқал ёфтаву ҳамчун мерос аз насл ба насл гузаштаанд, – изҳор намуд О. Норинбоев.
Мавсуф бо таассуф қайд кард, ки бархе аз бозиҳои мардумии замоне дар зиндагии аҷдодони мо ҷойгоҳи арзандаву махсус ишғолнамуда дар айни ҳол ба далели фанновариҳои инноватсионӣ аз ҳаёти мардуми ҷомеаи муосир дур мондаанд. Аз ин рӯ, барои пайдо кардани намудҳои миллии варзиш, ки амалан аз байн рафтаанд ва ин раванд идома дорад, ҷиддан машғул бояд шуд. 
– Дар ҳар як намуди варзиши миллӣ хислатҳои беҳтарини инсонӣ, мисли масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва ҳифз намудани суннатҳо таҷассум ёфтааст. Қонуну қоидаҳои бозиҳои мардумии мо тавре ташаккул ёфтаанд, ки қариб дар тамоми намудҳои варзиш метавон бидуни мудохилаи доварон бозӣ карду лаззат бурд, – таъкид варзид О. Норинбоев.
Ҳамсуҳбати мо дар пай мисол овард, ки аз намудҳои варзиши миллӣ, чун кураш, гуштии камарбандӣ, ҳунарҳое, ки размро акс мекунонанд, мусобиқаҳои якка, бузкашӣ ва боз иддае аз намудҳои дигари бозӣ аллакай дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намуди эътирофшудаи варзиш унвон гирифтаанд. 
– Мо ният дорем, ки ба дастовардҳои худ қаноат накарда, минбаъд низ бозиҳои миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ таблиғ намоем. Мо ҳамчунин бояд ифтихор кунем, ки имрӯз арзишҳои азалии мо – бозиҳои мардумӣ ва варзиши миллӣ дар сатҳи хеле боло мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд, – таъкид кард раиси иттиҳодия.
25-уми майи соли ҷорӣ аз тарафи Раисиҷумҳур «Дар бораи чораҳо оид ба тарғибу ташвиқ ва рушди этноварзиш» фармон ба имзо расид. Дар ин ҳуҷҷати расмӣ дастури муфассали рушду ривоҷи этноварзиш то соли 2025 ироа шудааст. 
Аз ҷумла, дар фармони Президент  аз соли 2023 дар шаҳри Тошканд ҳар сол фестивали этноварзиш таҳти унвони “Uzbekistan Ethno Games”, инчунин дар шаҳри Хева дар як сол ду маротиба роҳандозии Фестивали байналмилалии этноварзиш барномарезӣ шудааст. Ҳамзамон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, дарсу машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, соатҳои маънавиёт оид ба аҳамияти намудҳои варзиши миллӣ ва бозиҳои мардумӣ дар рушди ҷисмонию зеҳнӣ ва маънавию ахлоқии ҷавонон корҳои таблиғотӣ пиёда хоҳад шуд.
Ба ҳар сурат имрӯз “Иттиҳодияи этноварзишии Ӯзбекистон” бо Конфедератсияи умумиҷаҳонии этноварзиш дар ҳамкории зич фаъолият мекунад. Раиси конфедератсия Билол Эрдӯғон ба наздикӣ ба Ӯзбекистон омад ва бо корҳое ошно шуд, ки дар кишвари мо амалӣ шудаанд. 
Билол Эрдӯғон ҳамчунин дар кӯтоҳтарин фурсат ба нашр расидани «Энсиклопедияи варзиши миллӣ ва бозиҳои мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро фоли нек арзёбӣ намудаву ба он баҳои баланд додааст, ки таърих, қонун ва қоидаи бозиҳои мардумӣ ва намудҳои варзиши миллии Ӯзбекистонро дар худ инъикос мекунад.   
– Дар айни ҳол 9 намуди этноварзиш дар Ӯзбекистон мавҷуд буда, шумораи бозиҳои анъанавии варзишӣ дар байни мардум 198-торо ташкил медиҳад. Дар асоси ҳадафҳое, ки дар самти рушд ва оммавигардонии этноварзиш дар Ӯзбекистон дар назди худ гузоштааст, дар мо ҳанӯз вазифаҳои зиёде мавҷуданд, ки бояд амалӣ шаванд. Дар ин самт мо ҷиддан ба кор машғуш ҳастем, – гуфт дар ниҳояти суҳбат Ойбек Норинбоев.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: