ТАРАННУМИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТ – ДАР МЕҲВАРИ КОНФРОНС

Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона бахшида ба 578-солагии таваллуди Алишери Навоӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.

Он таҳти унвони «Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ – рамзи дӯстии халқҳои ӯзбек ва тоҷик» ба вуқӯъ пайваст. 
Қабл аз оғози маърӯзаҳо иштирокчиёни конфронс  аз осорхонаи ғании донишгоҳи мазкур боздид намуданд ва ашёҳои онро тамошо карданд.
Маърӯзаҳои «Дӯстии Навоӣ ва Ҷомӣ – рамзи дӯстии ду халқ», «Паҳлӯҳои ибратбахши мулоқотҳои Навоӣ ва Ҷомӣ», «Бардоштҳо аз нусхаи аввалини «Нафаҳот-ул-унс», «Навоӣ ва Самарқанд», «Ҷомӣ ва таълимоти ваҳдати вуҷуд», «Дастовардҳои пажуҳишҳои охир доир ба Абдураҳмони Ҷомӣ» ва амсоли он ба маърази иштирокчиёни конфронси илмӣ ҳавола гардид. Фарҳод Исомиддинов, Ҳабибулло Ҷӯраев, Ҳайдарбек Бобобеков, Абдуҷаббор Умаров, Ҷаъфар Холмуъминов, Турғуной Эгамбердиева ва Фарҳод Ҷӯраев бештар ба меҳру садоқат ва рафоқати Навоӣ ва Ҷомӣ диққати ҳамаро тамаркуз доданд. Гузашта аз ин, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Алишери Навоӣ дар ин конфронс таҳти баррасии доманфарох қарор гирифт.
Дар вилоят баргузории конфронсҳо бахшида ба 578-солагии Мир Алишери Навоӣ беш аз пеш идома дорад.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: