ТАРАННУМИ ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ДАР НАЗДИ ВАТАН

Дар қасри «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт бахшида ба 28-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан тадбири идона баргузор шуд.

Майдони «Дӯстии халқҳо»... Парчами Ватанамон парафшон аст. Техникаҳои ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Онҳоро падару модарон якҷо бо фарзандони худ тамошо мекунанд, пиру барно, меҳмонони пойтахт дар ҳамин ҷо ҷамъ омадаанд. Дар чашму рухсори ҳамагон эҳсоси хурсандӣ аз ҳаёт падидор аст. Агар бо як сухан гӯем, дар ин майдон оромиву фаровонӣ тантана дорад. Дар чунин лаҳзаҳо дар қалби кас эҳсоси ватанпарварӣ беш аз пеш мавҷ мезанад, дар қалбҳо меҳри Ватан бештар мешавад. 
Қасри санъат бо ҳарбиён ва аъзои оилаи онҳо саршор аст. Ба ин ҷо ба муносибати ҷашн сенаторон, депутатҳо, аъзои ҳукумат, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ, ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, намояндагони ҷомеаи васеъ даъват шудаанд. 
Номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати 28-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи муҳофизони Ватан вазири мудофиа Б. Қурбонов хонда медиҳад.
Дар мамлакат барои мустаҳкам кардани салоҳияти ҷанговарии артиши миллӣ, бо яроқу аслиҳа ва техникаҳои замонавӣ таъмин кардани он, баланд бардоштани тайёрии ҷисмонӣ ва зеҳнии хидматчиёни ҳарбӣ ислоҳоти азим амалӣ мешаванд. Қисмҳои ҳарбӣ ва пойгоҳи моддиву техникии шуъбаҳо мустаҳкам мегарданд. Барои бо хонаву манзил таъмин кардани хидматчиёни ҳарбӣ, дастгирӣ намудани аъзои оилаи онҳо шароитҳои хуб фароҳам меоянд. 
Корҳо бобати бо рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон, таъмин кардани ягонагии артиш ва халқ, баланд бардоштани нақши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуданд. Ба мақсади дар қалби насли ҷавон ташаккул додани эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, мустаҳкам намудани мавқеи ҳаётӣ ва тарбияи ватанпарварӣ аз нуқтаи назари моҳият низоми нодир фароҳам оварда шуда, дар доираи он табақаҳои васеи аҳолии мамлакат ҷалб гардиданд. 
Дар натиҷаи амалӣ гардидани саъю ҳаракатҳо, ҳамкории фаъоли артиш ва халқ Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба маънии пурраи сухан ба қисми ҷудонопазири ҷамъият, кафолати пойдории мамлакат ва тараққиёти муътамади он, идораи муҳими дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия кардани ҷавонон ва хидматчиёни ҳарбӣ табдил меёбад. 
– Номаи табрикии роҳбари давлат ба муносибати ҷашн қалбҳои моро аз эҳсоси ифтихору ҳаяҷон саршор сохт,  – мегӯяд командири қисми ҳарбии Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, подполковник Раҳматулло Раҳмонов. – Аз он сипосгузорам, ки ба хидматам баҳои баланд дода маро, бо ордени «Мардлик» мукофотониданд. Минбаъд низ барои ҳифзи хоки муқаддаси кишварамон аз таҳти дил саъй менамоям. Аз комёбиҳои ман, пеш аз ҳама оилаам, хешу ақрабо ва ҳамкасбонам хушнуданд. 
Дар консерти мутантан комёбиҳои варзишгарони ҳарбиамон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, натиҷаҳои баланди ба даст овардаи онҳо эътироф карда шуданд. Ҷавонон аз «Тузукоти темурӣ»-и ниёи бузургамон Соҳибқирон Амир Темур иқтибосҳои ибратбахшро изҳор доштанд. 
Барномаи ҷамоаҳои оркестри ҳарбии таркиби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устодони санъат ва иҷрогарони ҷавон, дастаҳои бадеии соҳаи ҳарбӣ ва ҳаваскорон писанди хотири ҷамъомадагон гардид.

Абдулазиз МУСАЕВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: