ТАРАҚҚИЁТ ДАР ТИРМИЗЕ, КИ ГАВҲАРИ ҶАНУБ АСТ

Ба пешвози 30-солагии истиқлолият

Сурхондарё аз ҷиҳати масоҳат яке аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурист. Марказаш шаҳри Тирмиз чандон сераҳолӣ нест (135 ҳазор), вале бо ободиву зебоӣ диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Тӯли мавҷудияти худ ин шаҳри қадима ба ҳуҷуми душмани берунӣ дучор шуда, якчанд маротиба ба хок яксон гашт, вале ба туфайли матонат, ҷасорат, ғайрати сокинони худ аз нав барқарор гардид. Бо вуҷуди ин, Тирмизи имрӯзаро ба Тирмизи якчанд сол пештара муқоиса кардан душвор. Маркази маъмурии вилояти Сурхондарё, ки аз ҷонибҳои шимол, шарқ ва ғарб бо ноҳияи Тирмиз, аз ҷануб тавассути дарёи Ому бо Афғонистон ҳамҳудуд аст, дар солҳои истиқлолият ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир ёфт.
Дар солҳои охири салтанати шӯроҳо Тирмиз яке аз шаҳрчаҳои ҳарбии иттифоқ ҳисоб меёфт. Даро-баро хеле душвор. Ҳатто сокинони гирду атроф бе паспорт ё виза ба шаҳр ворид шуда наметавонистанд. Ҳоло вазъ куллан дигар. Шаҳре, ки ба дарозию бар хеле вусъат ёфта, ҷараёни навсозию ободгариҳоро аз сар мегузаронад, имрӯз меҳмонҳои дуру наздикро бемамониат қабул ва ба вусъату шаҳомати худ сайёҳонро ба ҳайрат мегузорад.
Тақрибан панҷ сол пештар дар Тирмиз шуда ва ба маркази калони сохтмонҳо табдил ёфтани он гувоҳ гардида будем. Бинобар он ки ягон кӯча аз ҷӯши сохтмонҳо дар канор нест, нақлиёт бо душворӣ ҳаракат мекард. Дар ин байн корҳои азими сохтмон ба анҷом расонда шуданд. Мувофиқи нақшаи генералӣ, кӯчаҳои марказии Султон Саодат, Баркамол авлод ва Навоӣ пурра мавриди навсозӣ қарор гирифтанд. Қасри замонавии санъат бо 700 ҷойи нишаст, амфитеатр барои 300 нафар бунёд гардид. Наздик 400 манзили истиқоматии аҳолӣ, 26 бинои ғайриистиқоматӣ, ки куҳнасохт ва бетартиб ҷой гирифта буданд, бино ба тартибе, ки қонун муайян кардааст, ба ҷойҳои дигар кӯчонда шуданд. Ба ҷойи онҳо 52 бинои замонавии истиқоматӣ қомат афрохт. Шароити мусоид  барои кӯчбастагон фароҳам оварда шуданд. Танҳо дар давоми солҳои 2019-2020 дар шаҳри Тирмиз 117 адад бинои баландошёнаи зист бунёд гардиданд. Саъйҳо дар роҳи ба манзилҳои обод таъмин кардани аҳолӣ дар соли 2021, айни замон самара мебахшанд. Аз 144 миллиарду 188 миллион сӯм, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо шуда буд, 27-то объекти соҳаи иҷтимоӣ ба бунёд омад. Боғи истироҳатии «Болаҷон» бинобар фаро гирифта шудан ба навсозӣ куллан тағйир ёфт, аттраксионҳои гуногун дар хидмати бачаҳо. Дар ин ҷо калонсолон низ бофароғат истироҳат карда метавонанд.
Чанде пештар бинои маркази соҳибкорон ба музейи давлатии таърих ва маданияти Сурхондарё, бинои театри драмавӣ-мусиқии вилоят ба театри лухтак табдил дода шуд. Ин як табдилёбии одӣ не, балки бо навсозӣ ва замонавигардонӣ ҳамоҳанг буда, ба аҳолӣ, хусусан дӯстдорони таъриху фарҳанг мамнунияти том бахшид. Идораи маъмурии боғи ҳайвонот, намозгоҳ бо 500 ҷой, бинои Маркази илмӣ-тадқиқотии байналхалқии ба номи Имом Тирмизӣ ва амсоли онҳо имрӯзҳо ба маркази маъмурии вилояти Сурхондарё шукӯҳ мебахшанд. Аҳолии шаҳр айни замон аз бунёди биноҳои замонавии мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи бахшӣ, Мактаби президентӣ мамнун. Дар соҳаи муҳофизати тандурустӣ низ ғамхориҳо ба назар расида, объектҳои нави тиббӣ барпо мегарданд. Биноҳои собиқ шифохонаҳо баъди таъмиру тармим ба ихтиёри Маркази урологии илмӣ-амалии махсусонидашудаи ҷумҳурӣ ва филиали тирмизии маркази микрохирургияи чашми махсусонидашудаи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.
Дар бозорҳои шаҳр низ тағйироти зиёд ба назар мерасад. Нуқтаҳои савдое, ки бетартиб ҷой гирифта буданд, аз байн рафтанд. Баробари ободгарӣ дар фурӯшгоҳҳо ва сарпурии растаҳо аз маҳсулоти озуқавории мавриди ниёз, нархи навои дастрас харидорҳоро қонеъ мегардонад. Соли гузашта дар ҳудуди мавзеи «Фаровон» бозори нав бо 250 ҷой ба истифода супурда шуд. Айни замон дар шаҳр боз бозори деҳқоние бунёд гашт бо номи «Дунёи сабз» бо 480 ҷой.
Тобистони имсола нисбатан гармтар омад. Ҳарорат дар Тирмиз то 50 дараҷа баромад. Дар ҳифзи аҳолӣ аз гармо парвариши наботот, дарахтҳои паҳнбарг, обёрии доимӣ аз аҳамият холӣ нест. Дар баробари эътибори доимӣ ба сабзу хуррамсозӣ канда шудани канали калон, ки тавассути ҳудуди маҳаллаи «Чегара» ва фарогирии қисми шимолии шаҳр аз паҳлӯи маркази диагностикии «Машҳура» гузашта, ба дарёи Омӯ мерезад, дар то андозае нигоҳ доштани серунӣ нақши калон бозид. Тирмизиён баръало дарк карданд канале, ки 11,5 километр тӯл кашидааст, обу ҳавои шаҳрро то дараҷае муътадил нигоҳ медорад. Ду соҳили канал имрӯзҳо хуррам ва шодоб.
Ба дарозию бар вусъатёбии Тирмизшаҳрро таъкид сохтем. Ду сол қабл мувофиқи қарори Сенати Олий Маҷлис (аз декабри соли 2019) дар бораи дигаргуниҳои ҳудудӣ дар шаҳр ва ноҳияи Тирмиз 8 маҳаллаи атроф (Намуна, Кокулдорота, Навоӣ, Нурли диёр, Тинчлик, Мангузар, Чегара ва Паттикесар) ба ихтиёри шаҳр гузашт. Ободгариҳо ба маҳаллаҳои зикршуда симои дигар бахшиданд. Нуқтаҳои хидматрасонии коммуникатсионию маишӣ рушд ёфт. Дар ду паҳлӯи кӯчаҳои марказӣ коттеҷҳои дуошёна қомат афрохтанд. Объектҳои нави сохтмон ду ҷониби роҳи магистралии Тирмиз – Ангорро низ зиннат мебахшанд.
Дар паси боғи Бахт воқеъ дар маркази шаҳр ба бунёд омадани Боғи япон низ воқеае буд фараҳбахш, ки он 4,9 гектар майдонро фаро гирифтааст. Дарахт ва гулҳое ин ҷо парвариш меёбанд, ки ба олами набототи «мамлакати офтоббаро» хосанд. Маҷмӯи Боғи япон ба ҳастии меҳмонон ва зиёратгарон аз хориҷ низ завқ мебахшад.
Мо намегӯем солҳои пеш дар Тирмиз ташкилоту корхонаҳо зиёд набуданд. Истеҳсолот ривоҷ меёфт. Бо вуҷуди ин, баъзе корхонаҳо, аз ҷумла, заводҳои нон талаби аҳолиро қонеъ намесохт. Дар чаҳор-панҷ соли охир адади корхонаҳои нав ба дараҷаи ҳисшаванда афзуд.
Бо бакорандохташавии «Тирмиз чинни буюмлари», «Сурхон КСП-Гранд», «Сурхон ипаги», «Интер Силк Про», «Комфорт мебел сервис», «Зиф текстил», «Сурхон керамика» барин корхонаҳои замонавӣ бештар аз ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд. Озуқаворӣ ва дигар маводи мавриди ниёз аз ҷониби бештар аз 700 корхона, ки намояндагони тиҷорати хурду миёна ташкил кардаанд, ба аҳолӣ дастрас мегарданд.
Тирмиз, ки тобистонҳо гармии тоқатфарсо дорад, ба нӯшокиҳои ташнагишикан эҳтиёҷ зиёд. Соҳибкорони ҶММ «Саидҷон-Муҳаммадҷон музқаймоқлари» беш аз 20 навъ яхмос мебароранд. Дар корхонаҳои коркарди гӯшт ва шир, айни замон, корҳо муттасил пеш мераванд. Корҳои маданӣ-маърифатӣ низ дар маркази эътибор. Китобхонаҳои шахсӣ меафзоянд. Масалан, дар китобхоне, ки нафақагир Д.Қодиров сохта ва ба истифодаи умум супурдааст, 11 ҳазор нусха китоб мавҷуд. Вариантҳои электронии 4 ҳазор адабиёт низ ба китобдӯстҳо қулайиро меоварад. Соҳибкор И.Худойбердиев ба ивази 1,7 миллион сӯм бинои муҳташами «Дунёи китоб»-ро барпо кард. Барои ба мутолиа ҷалбсозии ҷавонон дар ин ҷо маҳфилҳои гуногун амал мекунанд. Соли 2019 аз ҷониби соҳибкорон ва ҳомиён 1,5 миллиард сӯмина китоб ба толибилмон, аҳолӣ ва китобхонаҳо тақсим карда шуда буд. Соли 2020 500 ҳазор дона китоби бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба дасти китобхонҳо расид. Нимаи аввали соли равон вохӯриҳои зиёди аҳли адаб бо аҳолӣ баргузор ва китобҳо бо соядастҳо ба алоқамандони соҳа тақдим карда шуданд. Чорабиниҳое, ки гурӯҳҳои тарғиботӣ ташкил карданд, қабл аз ҳама, ба сазовор истиқбол кардани ҷашни пешистодаи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон нигаронида шуданд. Ин гуна тадбирҳо хусусан ба насли ҷавон таассуроти хуб мебахшанд, барои дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан тарбия кардани онҳо воситаи муҳиманд. Умуман, корҳои васеъ ва дурбинонаи маънавие, ки ба амал бароварда мешаванд, ифодаи эътибори калон ва ғамхории беқиёс нисбати ҷавонон мебошанд, ки тараққиёт ва шукуфоии фардо ба фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: