ТАРБИЯ АЗ НИГОҲИ АЛИШЕРИ НАВОӢ

Таълиму тарбия хоси инсон буда, ба ҳам равобити ногусастанӣ доранд, бе ҳам ташаккулу такомул намеёбанд.

Таълиму тарбия хоси инсон буда, ба ҳам равобити ногусастанӣ доранд, бе ҳам ташаккулу такомул намеёбанд. Таълиму тарбияи фарзанд аз батни модар оғоз меёбад. Тифл аз модар ғизо мегирад, бо шодию хурсандӣ ва ғаму андӯҳи модар шарик аст. Вақти ҳомила модарро хӯроки серғизо медиҳанд, имконот фаро меоваранд, ки ҳамеша аз ғаму андӯҳ дур бошаду бо шодию сурур рӯзгузаронӣ намояд. Чун ба ин омилҳо риоя нашуд, ба саломатӣ ва рӯҳияи тифл осеб расад.
Тифл, ки ба дунё омад, таълиму тарбияи кушоди ӯ оғоз мегардад. Таълиму тарбия ин пеш аз ҳама таъсиррасонӣ аст ба тифли навзод. Таъсир ду навъ аст: нек ва бад. Таъсири некӣ, аз ҳамон таълимоти маздоӣ – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек об хӯрда, инсонро ба накӯкорию саховатпешагӣ, созандагию бунёдкорӣ, худшиносию инсондӯстӣ раҳнамун созад, ба ташаккули инсони комил кӯмак кунад.
Таъсири бад, яъне тарбия дар рӯҳи таълимоти аҳриманӣ, инсонро ба ифроткорию душманӣ, ваҳшигию вайронкорӣ мехонад. Некию бадӣ ҳамеша дар ҳар гуна ҷамъият паҳлу ба паҳлу амал доранд. Ба ибораи Алишери Навоӣ:
Некиву бадист ҳар ду дар 
як водӣ,
Воқиф шаву зоҳир манамо 
бедодӣ.
(Ҳамаи байту рубоиҳо аз «Назм-ул-ҷавоҳир»-и Алишери Навоӣ, Тошканд, «Академнашр», 2019 дар тарҷумаи Паймон оварда шудаанд).
Дар инсон аз овони тифлӣ то поёни умр ду чиз ҳамеша дар рушд бошад: яке ҷисму тан, дигаре тафаккур, яъне маънавият ва маърифат. Муҳимтарин сарчашмаи ташаккулу такомули ҳар ду омил оила, яъне волидон ва аъзои хонадон мебошанд. Имрӯз дар Ӯзбекистон вазифа ва ӯҳдадориҳои падару модар бо қонун муайян шудааст.
Фарзанд, ки дидӣ, 
некӣ омӯз варо,
Одобу накӯтариқӣ омӯз варо.
Бар фазлу адаб шарикӣ
 омӯз варо,
Хушхӯиву хушсалиқӣ омӯз варо. 
Тозагӣ гарави саломатӣ аст. Тозагии ҷисми тани кӯдак бештар ба модар тааллуқ дорад. Модар аст, ки ҳар доим аз тозагии сару тани фарзанд огоҳ ва бештар масъул. Албатта, дар ин кор момою хоҳарон низ кӯмакрасонанд.
Омили дигари таъмини саломатӣ риоя ба гигиенаи хӯрокхӯрӣ будааст. Аъзои хонадон бояд ба анвои хӯрокворӣ ва вақти истеъмоли он риоя намоянд. Зеро:
Онро, ки зиёда хӯрданаш 
фан бошад,
Ҷисмаш ба наҷосат ҳама 
маскан бошад. 
Аз нафс карона ҷустан аҳсан 
бошад, 
Зеро, ки шикам ба мард 
душман бошад.
Омили дигари саломатии кӯдак ҳаракати дасту по мебошад. Дар айёми кӯдакӣ бозӣ меъёри асосии ҳаракат будааст. Хонаводагиҳо бояд ба бозии кӯдак эътибор диҳанд.
Чун овони кӯдакӣ ба ин омилҳо риоя гардид, солимии ӯ таъмин мегардад ва кӯдак то поёни умр ба ин ва омилҳои дигар риоя намуда, сиҳату саломат умргузаронӣ мекунад.
Инсон маҳз туфайли тафаккури худ аз дигар мавҷуди зинда тафовут дорад. Маҳз туфайли маърифат созандагию бунёдкорӣ мекунад. Ташаккули маънавияту маърифати воло низ маҳз аз оила ибтидо мегирад. Ин нукта дар боло низ таъкид гардида буд. Пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушди илму техника, фаровонии зиндагонии мардум, пайдоиши ҳар гуна ғояҳо марбут аст ба маънавият ва маърифати инсоният.
Гуфтем, тифл аллакай дар батни модар бо шодию сурур ва ғаму андӯҳи модар шарик аст, аз қалби модар огоҳӣ дорад. Тифли навзод чун нозири хонадон ба дунё меояд, ҳарчанд ҳарф зада наметавонад, гиря аст сухани ӯ. Ва ҳама гуна гуфту гузор ва рафтори волидонро ҳис ва дарк намуда, дар хотираи худ сабт менамояд. Чун забон баровард, ба гуфтугузори волидон тақлид мекунад ва пайрави онҳо мешавад. Агар волидон ҳалиму ширинзабонанд, фарзанд низ дунболгири онҳо мешавад. Аллаю афсонаҳои модару момо, ҳикоятҳои падару бобо ба ташаккули забони кӯдак, фасоҳату малоҳати он кӯмак менамояд. Алишери Навоӣ фармудааст: «Ва ҳамоно ин нутқ аст, ки ваҷҳи тафовути инсон ва ҳайвон аст. Нутқ турфаест, ки тафовути он беҳад ва фарқи он беадад аст, ки ривояте «Каллим ун-носаала қадри уқулиҳим» (бо мардум ба қадри ақлашон сухан бигӯед) аз он хабар медиҳад». Ба ташаккули забони шевои фарзанд волидон аз ҳама таъсири бештар доранд. Забон волотарин арзиши миллии ҳар як халқ аст. Беэътиборӣ ба он беэътиборӣ ба миллату халқ аст. Забон созанда асту ҳам сӯзанда. Забони ширин морро аз хонааш берун меовардааст. Ва сад афсус, зиёданд ашхосе дорои забони тунду зишт. Алишери Навоӣ фармудааст:
Онро, ки ҳама хато забонаш 
бошад,
Чун иллати бедаво забонаш 
бошад.
Қотил ба Худо, варо забонаш 
бошад,
Алқисса, ба кас бало забонаш 
бошад.
Ё худ:
Ҳар кас, ки ба халқ ҳарфи 
ширин гӯяд,
Ағёр ҳамаш рафиқи дерин 
гӯяд.
Неш аст сухан чу талху 
аз кин гӯяд,
Нӯш аст, агар ба ҳилму 
тамкин гӯяд.
Дар Ӯзбекистон соли 1989 ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Барои рушду нумӯи он аз ҷониби давлат чорабиниҳои зиёд анҷом меёбанд. Тағйири алифбо шуд. Ва ҳоло низ баҳри такомули алифбо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Барои таъмини адолати иҷтимоӣ ва дастгирии забони халқҳои ғайриӯзбек имконоти васеъ муҳайё гардидааст. Имрӯз дар Ӯзбекистон таълиму тарбия ба ҳафт забон амалӣ мегардад. Яъне, то забонҳои дигар низ рушду такомул ёбанд, адолати иҷтимоӣ таъмин аст. Алишери Навоӣ таъкид дорад: 
Бар шоҳ шукӯҳу ҳашмат аз 
адл бувад,
Иқболу тавону шавкат 
аз адл бувад.
Бар халқи ҷаҳон амният 
аз адл бувад,
Давлат ба ҳама салтанат 
аз адл бувад.
Дар кишвари мо ба рушди фарҳангу маърифат, илму технологияи нав, китобхониву ташаккули хирад эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар замири ин ҳама омилҳо омӯзиши забон ва донистани он қарор дорад. Забон донӣ, ҷаҳон донӣ, – гуфтаанд мардуми мо. Танҳо туфайли омӯзишу хондани китоб дониш, тафаккуру маърифати инсонӣ такомул меёбад. Калиди ҳар гуна мушкилот илму дониш аст ва аз мардуми донишманду хирадманд инсони комил ташаккул меёбад.
Роҳи хирад андар дили худ 
пайдо кун,
Ҷонро ба хариди он хирад савдо кун.
Ёри сари ҷумла шуғли худ онро кун,
То вораҳӣ аз ҷурм, хирад ифшо кун.
Дар оилаи мардуми Шарқ мақом ва манзалати падар хеле назаррас аст. Падари бомаърифат саъй менамояд, ки фарзанди бохираду комилро ба воя расонад. Зиёданд ин тоифа падарон. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки Мавлоно Ҷомӣ гуфтааст:
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи 
мард. 
Биноан, ба тарбияи фарзанд бетараф нестанд. Фарзандон низ падарро пайравӣ намоянд ва ба кӯйи мақсуд бирасанд. Навоӣ фармудааст:
Бар иззи падар писар чу одат 
бикунад,
З-ин одати хушкасбӣ саодат 
бикунад. 
Ҳар кас ба падар беш риоят 
бикунад,
Ин хӯ ба писар аз ӯ сироят 
бикунад.
(Ҳамаи байту рубоиҳои дар боло  зикршуда аз «Назм-ул-ҷавоҳир»-и Алишери Навоӣ (Тошканд, «Академнашр», 2019) дар тарҷумаи Паймон оварда шудаанд).
«Назм-ул-ҷавоҳир» китоби хонданист, саросар панду ҳикмат ва насиҳат аст. Навоӣ 266 ҳадиси Ҳазрати Алӣ (а)-ро ба забони туркии чиғатоӣ ба риштаи назм кашидааст. Шоир Паймон тавонистааст бо як маҳорати баланд тарҷумаи чунин асари безаволро пешкаши хонандаи тоҷик намояд.

Тангир РАҲМОНОВ,
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: