ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ОҒОЗ МЕГАРДАД

Таваллуди кӯдак дар оила боиси хурсандии хонадон мегардад.

Фарзанд аз неъматҳои бузурги Офаридгор аст, ки давомдиҳандаи насли одамӣ дар рӯи Замин мебошад. Вай меҳру муҳаббати падару модари ҷавонро дучанд гардонда, боиси боз ҳам мустаҳкамтар шудани оила мешавад. Волидайн табассуми кӯдаконро дида, бо он меболанд. Аз ин ҷост, ки барои ҳар як падару модар фарзанд азиз аст. Бузургон кӯдакро ба ниҳоли дарахт ташбеҳ медиҳанд. Вай чи тавре ки нигоҳубин ва парвариш ёбад, ҳамон гуна мева медиҳад. Аз рӯи ақидаи олимон таълиму тарбияи фарзанд аз айёми тифлӣ оғоз меёбад. Ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ, тафаккур, ақли солим ва ғайра тавассути тарбияи дурусти падару модар ва аъзои дигари хонавода ба вуҷуд меояд, пас он роҳи ояндаи ӯро равшан месозад. 
Мактаб дар ташаккули ҳаёти одамон нақши муҳим дорад. Бинобар назардошти аз ҷониби волидайн сари вақт ба тарбия ҷалб карда шудани кӯдак мактаб аз оила оғоз меёбад. Албатта, ҳар як насли наврас таълиму тарбияро аз аҳли оила,  махсусан, падару модар мегирад. Ҳурмату эҳтироми калонсолон, сухангӯӣ, кушодадилӣ, рафтору гуфтор  ва ғайра маҳз дар ҳамин давр ташаккул меёбанд. Ҷоизи қайд аст, ки имрӯз қисми зиёди падару модарон дар деҳаи мо ба таълиму тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд, дар мактаб кадом дарсҳоро меомӯзанд, кадом китобҳоро мутолиа мекунанд, муносибаташон бо омӯзгорон ё калонсолон чӣ гуна аст, бефарқӣ зоҳир мекунанд. Чӣ мешуд,  дар ҳар як хонавода вақти шом, ки аҳли оила як ҷо ҷамъ мешаванд, аз ҷониби волидайн, барои фарзандон соати китобхонӣ,  соати тарбиявӣ роҳандозӣ гардад, он барои ташаккули мафкураи онҳо хеле судманд хоҳад буд. Албатта, ин амал дар таълиму тарбияи фарзандон самараи худро медиҳад.

Насиба ПАРДАҚУЛОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 10-уми ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: