ТАРБИЯ ҲУСНИ ТАЪЛИМ АСТ

Аз амалҳои савобе, ки баъд аз сари инсон аз ӯ ёдгор мемонад, беҳтаринаш тарбияи фарзанди босавод аст, ки фоидааш ба мардум мерасад ва ин амали инсон баробар ба таълифи як китоби пурмазмун мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи меҳандӯстиву инсонпарварӣ ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротию тундгаро мебошад. Аз ин хотир, таъкид намудан ба маврид аст, ки мо дар ҳамкорӣ бо оила, мактаб ва ҷомеа бояд наврасону ҷавононро аз мақсадҳои нопок ва оқибатҳои даҳшатбору хатарноки чунин гурӯҳҳо огоҳонида, онҳоро ба дониши сиёсӣ мусаллаҳ гардонем, ба зиракиву ҳушёрӣ даъват намоем. Аз ҷониби дигар, дар ҳамин замина эшонро ба таҳсилу тадрис ва касбомӯзии замонавӣ равона созем.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар, наздикони ӯ, омӯзгор ва дар маҷмӯъ тамоми аҳли ҷомеа вазифадор мебошанд.
Бояд гуфт, ки мавқеи тарбия ҳамеша болотар аз таълим аст, зеро тарбия мақоми таълимро муайян менамояд. Тарбияи фарзанд аз вақти таваллуд ва ҳатто қабл аз он оғоз меёбад. Бинобар ин, вазифаи падару модар танҳо хӯрондану пӯшонидани фарзанд нест, балки онҳоро зарур аст, ки ба таҳсили фарзандони хеш эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои таҳсили фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам орад, то онҳо дар оянда ҳамчун шахси хушахлоқ, баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба воя расанд. Инчунин, бояд падару модарон дар якҷоягӣ бо мураббиёну омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастаҷамъона заҳмат кашанд.
Омӯзгор шаҳсутуни таълим ва тарбия ба ҳисоб меравад. Сири ҳама муваффақият ба сурати комил дар шахсияти омӯзгор нуҳуфтааст. Аз ин лиҳоз, бояд муаллим ва мураббӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ комилан омода бошанд, чунки пешаи омӯзгорӣ аз шахс масъулияти бузургро талаб мекунад. Абӯалӣ ибни Сино роҷеъ ба ин масъала чунин мегӯяд: «Тарбияткунанда бояд оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат бошад». 
Тарбияи ахлоқӣ яке аз омилҳои асосии беҳтар шудани сифати таълим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба ин ҷиҳати тарбия бештар диққати махсус бояд дод.  Дар таълиму тарбияи ахлоқӣ омӯзиши ҳикояву афсона, шеъру достон, панду насиҳат аҳамияти басе калон доранд, зеро, баъзе омилҳои беруна, аз қабили таъсири муҳити атроф, кӯча, муносибат бо ҳамсолону калонсолон ба хонандагон осори худро боқӣ мегузоранд. Дар ин раванд бояд таъсиррасонии тарбияи ахлоқӣ дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба таъсиррасонии омилҳои беруна пурқувват бояд бошад. 
Воқеан, имрӯз ҷавонони кишвари мо баҳри такмили донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, омӯзиши эҷодкоронаву ихтироъкорӣ ва маҳорату малакаи хуби касбомӯзӣ азму талош доранд.
Тарбия одобу рафтор аст ва ба назари донишмандон, ахлоқ фалсафаи амалии ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Педагоги маъруфи рус Луначарский оид ба тарбияи ахлоқӣ чунин фармуда буд: «Агар устои заргар тиллоро вайрон кунад, онро аз нав гудохтан мумкин. Вале агар одам вайрон шавад, ин гуноҳу ҷинояти бузургест».
Мо чеҳраи хос ва расму оини миллӣ, забони ғанию шево, таъриху фарҳангу адабиёти бостонӣ, мазҳаби таҳаммулгаро, хулоса, аз муҳити хонавода то шаҳрдорию давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо ин ифтихор намуда, онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. 

Аъзамҷон АМИРҚУЛОВ, 
Алишер АҲМЕДОВ,
муаллимони кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии 
Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: