ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИИ НАВРАСОН – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Бачагон – ояндаи мо.

Ба тарбияи онҳо оила ва мактаб масъуланд. Маълум аст, ки муғҷаҳои истеъдод дар навбати аввал дар муҳити оила падид меоянд. Падару модарон хуб медонанд, ки фарзандашон бештар ба кадом соҳа мароқ зоҳир мекунад, фикру зикри ӯро чиҳо сӯи худ мекашад. Аз ин рӯ омӯзгори аввалини бача волидон мебошанд. Он падару модароне, ки аз истеъдоди фитрии фарзандонашон саривақт огоҳ  гардида, баҳри нумӯъ ёфтани онҳо кӯмак мерасонанд, онҳо дар оянда комёб мегарданд. Мо мехоҳем, диққати волидонро ба муносибати фарзандонашон нисбати атрофиён: хешу табор, дӯстон, муаллимон ва шиносон ҷалб намоем. Табиист, ки ҳангоми муносибат бо дигарон шахсияти фарзандон ташаккул меёбад. Бинобар ин бисёр хуб мешуд агар дӯстии ӯ бо рафиқони интихобкардааш хусусияти амалӣ пайдо карда, дар асоси  бозӣ, кору эҷод ва ягон машғулият сурат мегирифт. Аз таҷрибаи чандинсолаам маълум аст, ки аксарияти бачагон ба санъати тасвирӣ шавқи баланд доранд. Онҳое, ки дар муҳити оила оиди оламу одам, табиати гирду атроф, фаслҳои сол ва ғайра тасаввуроти зарурӣ доранд, манзараю тасвирҳои ғайриоддӣ кашида метавонанд. Аз ин рӯ, дил мехоҳад, ки падару модарон пайваста раҳнамою ғамхори фарзандонашон бошанд. Баҳри зоҳир гардидан ва инкишоф ёфтани эҳсосоти зебоипарастии эшон ғамхорӣ кунанд. Агар волидон якҷоя бо фарзандашон дар машқҳои санъати тасвирӣ иштирок мекарданд, хеле хуб мешуд. Онҳо бояд ба ӯ  бобати пайдо кардани предметҳои зарурии расмкашӣ, предметсозӣ, корҳои ороишӣ ёрӣ расонанд ва дар баробари ин, якҷоя бо ӯ гӯшаи корҳои эҷодӣ омода  созанд. Ояндаи сайёраи моро бачагон ҳал мекунанд. Бинобар ин зарур аст, ки аз синни хурдӣ онҳо ба фаъолияти ҷамъиятии фоидабахш ба воситаи санъат, меҳнат супоришҳои таълимӣ ва эҷодӣ ҷалб карда шаванд. Алоқаи зичи ҷараёни идрок ва ҳиссиёти эстетикӣ ба тарбия намудани ҳисси зебоӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти меҳнатии кӯдак оварда мерасонад. Ба бачагон дар мактаб ва оила шароити мувофиқро фароҳам оварда, боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки ҳар як  кӯдак бо завқ тамоми таҷрибаи пешинаи санъати халқӣ ва замонавиро аз худ мекунад. Таассурот, маҳорат ва малакаи бадеии мактаббачагони хурдсол тамоми умр боқӣ мемонанд. Тарзи зиндагӣ, анъана, табиат ва чӣ гуна одамон фарзандамонро иҳота мекунанд, аз худи мо вобаста аст. Ба натиҷаҳои хуб дар соҳаи тарбияи эстетикӣ  ба воситаи  санъат танҳо тарбиятгари боистеъдоду эҷодкор, тарбиятгаре, ки ба бачагон фаҳмидани санъат ва муҳити атрофро аз нуқтаи назари эстетикӣ, зиндагӣ ва  меҳнат карданро аз рӯи «қонунҳои зебоӣ» меомӯзонад, муваффақ шуда метавонад.

Қобил ОРИФОВ,
омӯзгори санъати тасвирии мактаби миёнаи рақами 20-уми ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: