ТАРБИЯИ ФАРЗАНДИ СОЛИМ – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Фарзанди кӯчаки мо, ки дирӯз бо нозукиҳои зиёд ба боғча мерафт, имрӯз хонандаи мактаб шуд.

Ҳар як падару модар бо садҳо орзуву нияти нек фарзанди синни мактабии худро ба остонаи мактаб бурда,  ба илму дониш, салоҳияту иқтидор ва ба сахтгирию донишмандии муаллимон умед мебандад. Падару модар ва омӯзгор бори масъулият  ба зимма мегиранд.
Маълум аст, ки давраи мактабхонӣ нафақат давраи ривоҷи зеҳнии бача, балки фурсатест, ки дар руҳият ва саломатии ӯ низ дигаргуниҳо рух медиҳанд. Ӯ баробари ба ҷараёни таълим дохил шудан, ба хастагиҳои гуногун рӯ ба рӯ шуданаш табиист.
Набераам Дамирҷон ба синфи якум қадам гузошт. Баробари падару модараш ман низ ба азхудкунии дарс, либоспӯшӣ, тозагӣ ва хулқу атволи ӯ эътибор медиҳам. Дирӯз бо кайфияти хуб ӯро ба мактаб гусел кардем. Бегоҳӣ баъди кор ба хона дароям, набераам сурфа мекунаду табаш баланд аст. Дарҳол ба муаллимааш занг задам ва дар мактаб чӣ тавр гаштан ва чӣ хӯрданашро пурсидам. Ӯ бепарвоёна гуфт, ки ҳампартааш чанд рӯз боз месурфад, мумкин аст сироят карда бошад. Ниҳоят асабӣ шудам. Вақте аломатҳои шамолхӯрӣ дар бача пайдо шуд, аввало модар, баъд устод бояд хабардор шавад. То сиҳҳат шудан набояд ба мактаб ояд. Охир, сурфидану шамолхӯрии ӯ ба тамоми хонандагони синф сироят карданаш мумкин. Хонандаи синфи ибтидоӣ ҳоло хурдакак асту ҳар як ҳодиса, воқеа ва ҳаракати ноҷӯя ба ӯ асар мекунад. 
Солҳои охир ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи таълиму тарбия, мактаб, муассисаҳои томактабӣ ғамхориҳои зиёд зоҳир менамояд, аммо ҳоло ҳам дар ин соҳа камбудиҳо ба назар мерасанд.
Бо Дамирҷон саволу ҷавоб карда, пурсидам, ки оё баъди ҳоҷат, пеш аз хӯрок хӯрдан  дастатро бо собун мешӯйӣ? Ӯ гуфт, ки бисёр вақт муаллимаам ба хонаи шустушӯйӣ даромадан намемонад, сачоқ, собун ва дигар ҷойҳои он ҷоро набояд ифлос кунем, чунки ба наздикӣ барои санҷиш меомадаанд. Маълум аст, ки кӯдак ҳар доим дидаю шунидаашро рост мегӯяд.
Дар ҳавлии мактаб, роҳрав, ҳоҷатхона, синф, парта ва курсиҳо гуфтан мумкин аст, ки микробу бактерияҳо зиёданд. Бача пеш аз тановул бояд ҳатман дастонашро шӯяд. Муаллим ё тарбиячӣ бояд ба ин ҳолат эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ба гигиена риоя накардани фарзандон онҳоро ба бемориҳои гуногун дучор мекунад.
– Дар байни хонандагони синфҳои 1-5 касалиҳои нағзак, сурхак ва ҳоказо зуд-зуд вомехӯранд. Барои пешгирии ин бемориҳо саривақт сӯзандору бояд кард,– гуфт ҳамсуҳбати мо шифокори бачагонаи поликлиникаи оилавии рақами 30-юми ноҳияи Учтепаи пойтахт Ш. Алимова.
– Дар тасарруфи мо 5 мактаб ва 4 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст. Ҳар рӯз ҳамшира ва шифокорони мутасаддиро барои назорат ба он ҷойҳо мефиристем. Ба ғайр аз ин кори шифокори дохили мактабу муассисаро низ месанҷем ва маслиҳатҳо медиҳем. Дар синну соли мактабӣ дар организми хонанда бемории сколиоз – дигаргунии шакли сутунмӯҳра вомехӯрад. Ин беморӣ дар натиҷаи дар парта нодуруст нишастан сар мезанад.  Шамолхӯрӣ дар байни хонандагон зуд паҳн мегардад, он аввал дар организм ба тарзи ноаён пайдо шуда, баъди 3-4 рӯз худро ошкор месозад.
– Бачаи хурд ҳассос мешавад. Дидаю шунидаашро дар қолаби фикр нигоҳ медорад. Аммо онҳоро ба волидонаш  баъди пурсидани онҳо баён мекунад. Бинобар ин ба хонандаи хурдсол ҳар доим эътибори ҷиддӣ бояд дод. Дар оила низ аз моҳи аввали соли хониш барои машғулоти ӯ ҷадвали соат тартиб додан ва муҳити солим муҳайё кардан лозим. Барои обутоби организми ӯ варзиш ва сайр дар ҳавои кушод кӯмак мерасонад. Аз масофаи дур хубтар надидани хонандаро муаллим бояд саривақт ҳис кунад ва ӯро дар қатори пеш шинонад, – мегӯяд рӯҳшиноси коргоҳи мазкур М. Раҳимова.
Фарзандон ояндаи моянд. Бемории як нафар ба даҳҳо хонанда зарар мерасонад. 
Баъзе падару модаронро медонем, ки серкоранду ба фарзандашон аҳамият намедиҳанд, таълиму тарбияи ӯро пурра ба зиммаи омӯзгор мегузоранд. Ҳатто баъди дарс ҳам онҳоро ба курсҳои тайёрӣ месупоранд, ки ин нодуруст аст. Дар натиҷа бача аз телефон, компутер, телевизор сар намебардорад. 
Волидон бояд ба ҳар як ҳаракати фарзанд эътибор диҳанд, барои назорати дарстайёркунӣ, китобхонӣ, сайру гашт, машғул шудан бо варзиши ӯ вақти худро дареғ надоранд.
«Дар хурдӣ таъсири тарбият бештар шавад, аз он ки дар бузургӣ» – гуфтаанд бузургони мо.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».        

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: