ТАРБИЯИ ФЕРМЕРҲО БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Дар мамлакатамон яке аз ҷабҳаҳое, ки аз тарафи ҳукумат эътибори алоҳида дода мешавад, бо шуғл таъмин намудани ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо мебошад.

Дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон дар ин самт корҳои зиёд амалӣ мешаванд. 
— Ҳоло шумораи ҷавонони аз 16 то 30-солаи ноҳияамон ба 65 ҳазор нафар наздидканд, — гуфт роҳбари шуъбаи ноҳиявии Оҷонсии кор бо ҷавонон Азизбек Тошматов. — Аз сари сол байни ҷавонон пурсишномаҳо гузаронида, 995 нафари онҳоро ба рӯйихати «Дафтари ҷавонон» гирифтем. Ҳоло 230 нафари онҳо бо корҳои истеҳсолӣ ва ҷамоавӣ таъмин шудаанд. Барои кишти такрорӣ ба 430 нафар 20-30 сотихӣ замин дода шуд. Агар онҳо аз таҳти дил меҳнат карда, ба тавсияҳо риоя кунанд, соҳиби даромади хуб мегарданд.
— Аҳли маҳаллаи мо бо парвариши помидор шуғл меварзанд, — гуфт ёвари раиси маҳаллаи «Шоён» Равшан Раҳмонов. — Барои кишти такрорӣ ба 62 нафар, ки аз рӯйихати «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», ва «Дафтари ҷавонон» ҷой гирифта буданд, замин тақсим карда дода шуд. Онҳо ҳолати мелиоративии заминро ба ҳисоб гирифта, помидор ва маҳсулоти лубиёӣ коштаанд. 
— Аз сабабе, ки бекор будам, бо кумаки маҳалла аз хоҷагии фермерии «Йӯлдошалӣ Ғойибов» 20 сотих замин доданд. Бо маслиҳати кишоварзон ҷуворимакка коштам. Корҳои агротехникӣ сари вақт иҷро мешаванд, — гуфт Сардор Ботиров. 
— Аз 822 нафар ҷавонони маҳалла 9-тоашон аз рӯйихати «Дафтари ҷавонон»-ҷой  гирифта буданд, — мегӯяд пешвои ҷавонони маҳаллаи «Янгиобод» Достон Эркабоев. — Шуғли чаҳор нафар таъмин шудаанд, барои боқимонда аз хоҷагиҳои «Бунёд» ва «Янгиобод» 20-25 сотихӣ замин доданд. Дар ин  ҷо лубиё, мош ва чуворимакка коштаанд. Ҷавононе, ки кишоварзиро акнун оғоз бахшиданд, бо маслиҳати агрономҳо корро идома хоҳанд дод. 
Мақсади асосӣ шуғли муваққатӣ бо кишоварзӣ набуда, омода намудани фермерони чашмикордон мебошад.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: