ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РОҲБАРӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ширкати роҳбарияти Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Масъалаҳои муҳим ва вазифаҳои пешистода бобати тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳои роҳбарӣ дар мамлакат» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Маълум аст, дар ҳар ташкилоту муассиса барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ, пешравии корхона, ба вуҷуд омадани муҳити мусоид эҳтиёҷ ба роҳбари кордону болаёқат зиёд аст.  Воқеан, роҳбарӣ худ санъатест,  ки дар натиҷаи талошу кӯшиш ва меҳнату мушоҳидакории оқилона ба даст меояд. Барои пешбурди ҳаёти ҷомеа, тараққӣ кардани мамлакат, дастгирии кадрҳои донандаи касби худ, дар навбати аввал, бояд ки роҳбар донишманду фаъол ва ташаббускор бошад. 
Бо мақсади минбаъд ривоҷ додани низоми тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи  кадрҳои идоракунӣ дар бахшҳои таркибии Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  68,6 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда нав карда шуд. Дар он ба кадрҳои ҷавони дорои дараҷаҳои илмӣ, донишҳои замонавӣ ва аз технологияҳои коммуникатсионии ахбор хабардор имконияти бештар дода шуд. Айни замон дар ин ҷо 9 нафар доктор ва 11 нафар номзади илм фаъолият доранд. Дараҷаи салоҳияти илмӣ 85,1 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҷараёни дарс 2 нафар академик, 6 доктори илм, 17 нафар номзади илм, мутахассисони таҷрибанок ва роҳбарони ширкатҳои машҳур ҷалб карда шудаанд, ки ҳар яке бобати ба камол расондани кадрҳои босалоҳият дар мамлакати мо саҳми боризи худро мегузоранд. 
Дар баробари ин, бо 6 созмони байналхалқӣ, 9 муассисаи илмиву таълимии хориҷӣ ҳамкории мутақобил роҳандозӣ шудааст. 
Бинобар Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи қабул ба  Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли хониши 2018/2019» аз 21 майи соли 2018,  тартиби нави қабул ва квота ба академия тасдиқ шуд. 
Барои соли хониши  2018/2019 ба магистратура ва курсҳои  бозомӯзӣ қабул кардани  180 нафар номзад (24 нафар дар асоси грант, 36 нафар дар асоси қарордод) пешбинӣ шудааст. Қабул дар онҳо дар се зина амалӣ мешавад. 
Тавре ки дар нишаст таъкид гардид, дар зинаи магистратура онҳое ҳуқуқи таҳсил кардан пайдо мекунанд, ки синнашон то 40 буда, ҳадди ақалл ду соли собиқаи кории роҳбарӣ дошта бошанд. Ҳуҷҷатҳои шунавандаи курсро бошад, на худи ӯ, балки ташкилот ба академия тақдим мекунад. 
Касоне, ки ба бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд, ба муддати 10 моҳ аз кори худ ҷудо нашуда, дар охир имтиҳон месупоранд. 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: