Ёд дорам, якуми сентябри соли 1981 буд.
Ёд дорам, якуми сентябри соли 1981 буд. Субҳидам модари муқаддасам либоси тозаву озода пӯшонида, аз ҷабинам бӯсида… бо як даста гул то сари кӯча гусел карданд. Ана баъд бо падари бузургворам Ҳамроқул Бердиқулов (илоҳо ҷояшон дар ҷаннат бошад!) сӯйи мактаби деҳа хандону шодон равон шудем. Аллакай саҳни таълимгоҳ бо волидайну толибилмон пур буд. Муаллима Маҳфуза Умарова пас аз суҳбат бо қиблагоҳам ба шогирдӣ гирифтанд. Навиштану хонданро омӯхтам. Пас аз номаи камол гирифтан ҳуҷҷатамро ба Донишкадаи педагогии Самарқанд супоридам. Хушбахтона, дари толеъ ба рӯям боз шуд, ки аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузаштам. Дар тӯли чор сол аз устодони сахтгиру меҳрубон паҳлӯҳои гуногуни педагогикаро омӯхтам. Аммо вақт чунон зуд сипарӣ гашт, ки то ҳол дар ҳайратам.
Бо дипломи донишкада боз ба мактаби зодгоҳам омадам. Фаъолияти педагогии ман бо вазифаи сарвари пешоҳангон оғоз ёфт. Ана баъд муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва сипас ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия таъин гардидам.
Қариб 15 сол аст, ки сарвари мактаб ҳастам. Ҳоло дабистони мо навбунёд аст. Имрӯзҳо беш аз ҳазор нафар фарзандони деҳаи таърихии Арабхона дар синфхонаҳои васеъ, равшан ва бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонидашуда таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо 57 нафар омӯзгорони баландихтисос сабақ медиҳанд. Соли равон 68 нафар дабистонро хатм карда, шомили мактабҳои олӣ ва ҳунаристонҳо шуданд.
Воқеан, дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис дар баробари дигар масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ сари масъалаҳои боло бурдани сифати таълиму тарбия, мустаҳкамнамоии пояҳои ахлоқи ҷомеа, гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, ҳифзи истиқлолият, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа ва ғайра ба таври махсус таъкид шуд. Зеро дар радифи пешбурди бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои кишвари мо дар ин давраи муҳим тарбияи насли наврас чун обу ҳаво зарур аст. Муроҷиатномаи Президент раҳнамои бебадалест барои давлату миллати мо – на танҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ, балки ба ҳама қишрҳои ҷомеа ва ҳар фард, махсусан барои насли ҷавон мусаллам аст, ки имрӯз ҳидоятҳои сарвари давлатро сармашқи зиндагии худ қарор бидиҳем, пас ояндаи дурахшоне насибамон хоҳад шуд.
Дареғо, ки пандемия муаммоҳои зиёдеро пеш овард. Бо вуҷуди ин омӯзгорон ба тарзи онлайн ба шогирдон сабақ медиҳанд. Устодони синфҳои ибтидоӣ Гулнора Шукурова, Мунира Нозилова, муаллимаи фанни риёзӣ Фавзия Пирназарова, физика Ҳимоят Ҷабборова, забони хориҷӣ Шоҳрух Бекмуродов, тарбияи ҷисмонӣ Ӯктам Мардонов ва дигарон ифтихори ҷамоаи мо ҳастанд.
Чанде пеш бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодагӣ ба соли хониши нав дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва чораҳо оид ба ҳифзи саломатии хонандагон ва омӯзгорон вазири Вазорати таълими халқ ба Самарқанд омад. Вай баъди шинос шудан бо фаъолияти мактабу маорифи вилоят тавассути онлайн машварат ороста нисбати бурду бохти мо ҳарф зад.
Албатта, камбудиҳо мавҷуд ва бартараф кардани он барои мо ҳам қарзу ҳам фарз.
Хулоса, мактаб даргоҳи муқаддас аст. Зеро ба қавли Устод Садриддин Айнӣ:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму
адаб,
Мактаб зи ту мебарад басе
ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи
мактаб гӯям:
Одам нашавад касе,
магар аз мактаб.
Моҳчеҳра БЕРДИҚУЛОВА,
сарвари таълимгоҳи рақами
3-юми ноҳияи Самарқанд.
УСТОД – ШАХСИ БУЗУРГ
Муаллимаи аввалинам Назира Нарзуллоева мебошанд. Дар мактаби хатмнамудаи банда — №7 ноҳияи Сариосиё омӯзгорони соҳибтаҷриба бисёранд, ки бо маҳорати баланди педагогӣ дарс мегузаранд. Аз ҳар соати дарсии онҳо як олам ғизои маънавӣ гирифтан мумкин.
Албатта, ҳама баробар ғизои маънавӣ гирифта наметавонад. “Ҳар кӣ ба андозаи ҳиммат” аз олами зебои илму маърифат баҳравар мегардад. Толибилм, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш кӯшиш менамояд ва ташнаи ин баҳр аст, ҳеч гоҳ аз он сер нахоҳад шуд. Ин мазмун дар ҳадиси муборак барҳақ оварда шудааст: “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!”
Ба ҳамаи устодоне, ки дар омӯхтани фанҳо саҳм гузоштаанд ва пайваста ба роҳи дуруст ҳидоят менамуданд, насиҳатҳо мекарданд, ташаккур мегӯям.
Сипоси беҳисоб ба падари омӯзгорам. Инчунин, ба ганҷинаи китобҳои бебаҳояшон... Шоир барҳақ нигоштааст:
Ногаҳон хоре халад дар пои фарзандон агар,
То тавонад мекашад онро ба
мижгонаш падар.
Ҳамаи муаллимони мактабамро ман ба худ устод меҳисобам, аз ҳар яке чизе омӯхтаам ва ба бахти фарзандону шогирдон бигзор сарбаланд бошанд.
Хидмати устодро ба ҳеч чиз баробар карда намешавад. Мудом шамъи фурӯзон, роҳнамои шогирдон бошед. Омӯзгор шахси бузург аст!
Муаллим, нақши ту доим ба ёдам
Муаллим, додаи хатту саводам.
Таманноям дар ин дунёи фонӣ
Ҳамеша мӯҳтарам, хушрӯз монӣ!
Шукрона ҒАФУРОВА,
донишҷӯи бахши тоҷикии факултаи филологияи ДД Тирмиз.
РАВШАНЗАМИР
Қаҳрамони имрӯзаи мо, ки дар хусуси фаъолияту маҳорати педагогияш сухан меронем, аз зумраи омӯзгоронест, ки бо меҳнату заҳмати омӯзгорӣ дар назари мардум мебошаду аз тарафи шӯъбаи таълими халқ эътироф шудааст.
Хуршед Ёдгоров дар давоми солҳои 2000-2004-ум факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тирмизро бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти кориашро дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 5-ум оғоз намуд. Чун ҷавони серкӯшишу донандаи хуби ихтисоси худ ба зудӣ дар байни ҷамоаи омӯзгорон шӯҳратёр гардид. Аз аввали солҳои фаъолияти кориаш хонандагонаш ба озмунҳои фаннӣ пайваста иштирок намуда, дар марҳилаҳои ноҳиявию вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Худаш низ дар озмунҳои гуногун фаъол иштирок намуда, ғолиб шудааст. Масалан, соли 2015 дар озмуни вилоятии «Беҳтарин конспекти дарси яксоата» иштирок намуда, ғолиб гашт. Гуфтан ҷоиз аст, соли 2016-ум дар озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин омӯзгори WEB-сайт» дар байни даҳ нафар дар вилоят ғолиб баромада, дар марҳилаи ҷумҳурӣ фаъол иштирок намуд.
Омӯзгори тоифаи олӣ Хуршед Ёдгоров ин касбро аз раҳматии бобояш Тӯра Ёдгоров ва падари соҳибҳунараш Истад Ёдгоров ба мерос гирифтааст. Дар ҷодаи пурмашаққати омӯзгорӣ ӯ тасодуфӣ нест. Ин буд, ки маҳбуби дилҳост. Ҳамаи муваффақиятҳои кориаш фахри мактабу аҳли деҳа аст. Ӯ пайваста барои ҷустуҷӯю барои ихтисоси худ ва татбиқи технологияи нави педагогӣ дар таълим мекӯшад.
Метавон гуфт, Хуршед Ёдгоров хубтарин ва беҳтарин мутахассис дар соҳаи компутер эътироф гардида, аз маслиҳату машваратҳои ӯ босамар бархурдор мегарданд. Дар ихтисоси худ ӯ Зариф Хурсандовро устод медонад ва пайваста дар таҷрибаивазкунӣ мекӯшад. Аз навигариҳо саривақт воқиф шуда, дар амалиёти таълим онро васеъ истифода мекунад. Ҳамқадами замон будану дар рушду такомули маориф саҳми босазо доштанро меписандад.
Маҳсули самари ҳамин кӯшишу ҷустуҷӯйҳои ӯ буд, ки дар тӯли фаъолияти муаллимиаш даҳҳо шогирдонашро дар озмунҳои фанни информатика дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ иштирок кунанд. Нафақат иштирок, балки ҷойҳои муносибро ишғол намуданд. Маҳсули заҳмати омӯзгор ва ҳатто метавон гуфт, сарвату боигарии ӯ шогирдонаш мебошанд, ки чанде аз онҳоро номбар намудан ҷоиз аст: Ризвон Ҷамолов, Достон Ҳидоятов, Суҳайл Саидов, Шералӣ Ӯзбеков, Диёр Воҳидов, Нилуфар Турсунова дар «Санҷиши дониш»-ҳо дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол карда, дар марҳилаи ҷумҳурӣ фаъол иштирок намудаанд. Х.Ёдгоров чун омӯзгори навовар доири ихтисоси худ дастуру маводҳои методии хешро, ки аз таҷрибаи чандинсолааш ғун кардааст, дар шуъбаи маорифи халқ ба ҳамкасбони хеш пешкаш намуд. Соли хониши 2019-2020-ум ҳам дар мавзӯи «Корбасти амалҳои математикӣ ва функсияҳо дар фанни информатика» кораш дар миқёси вилоят оммавӣ гардонида шуд, ки усулу методҳои замонавии омӯзиш мавзӯи мазкурро тақозо дорад. Хуршед Ёдгоров дастпарвари мактаби рақами 33 бошад ҳам, пурра фаъолияти педагогиаш дар мактаби рақами 5 сурат мегирад. Табиати ором, камгапӣ аз хӯйи хубу ахлоқи ҳамидааш дарак медиҳад. Шояд шоир маҳз барои Хуршед барин шахсони муаддаб гуфтааст:
Ба лутфу марҳамат дилҳо
нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ
маёзор.
Ин ҳама фазилатҳои неки инсонӣ бо илму маърифаташ қавӣ гардид. Бе ин ҳама наметавонем раҳбалади комили шогирдон бошем.
Дар охир ба муносибати Иди омӯзгорон ва мураббиён аҳли маориф, хоссатан устоди касби худ, муаллими ба дилу дидаи мардум наздик Хуршед Ёдгоровро табрику таҳният намуда, ба фаъолияти омӯзгориаш хубиҳо таманно дорем.
Салом АТОЕВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 5-уми
ноҳияи Бойсун.