ТАРБИЯТ ИДРОКУ ҲУШЁРӣ ДИҲАД

Тифлаки нозпарвари мо, ки ӯро дар бағал мепарваридем, боғчаравак шуд. Ӯ аз мураббиёни худ шеъру суруд ёд гирифт, расмкашиву сохтани бозичаҳои гуногунро аз коғазу матову хамиракҳои рангоранг омӯхт, доир ба тозагиву гигиена сабақ гирифт. Ҳоло акнун бовиқор ҷониби мактаб равон аст. Ин маскани маърифат ӯро бояд то кӯи орзуҳояш бубарад ва ин аз омӯзгорону падару модарон масъулнокиро талаб мекунад.

Тифлаки нозпарвари мо, ки ӯро дар бағал мепарваридем, боғчаравак шуд. Ӯ аз мураббиёни худ шеъру суруд ёд гирифт, расмкашиву сохтани бозичаҳои гуногунро аз коғазу матову хамиракҳои рангоранг омӯхт, доир ба тозагиву гигиена сабақ гирифт. Ҳоло акнун бовиқор ҷониби мактаб равон аст. Ин маскани маърифат ӯро бояд то кӯи орзуҳояш бубарад ва ин аз омӯзгорону падару модарон масъулнокиро талаб мекунад.
Хушахлоқу намунавӣ тарбия ёфтани фарзандон яке аз вазифаҳои муҳими падару модар дар оила ба ҳисоб меравад. Бисёр муҳим аст, ки ин вазифа бе каму кост ва дуруст ба роҳ монда шавад. Чун ҳар тарбияе, ки кӯдак дар муҳити оилавӣ азхуд мекунад, ба ҷомеа онро намоиш медиҳаду ҳамин тавр муносибати худро бо атрофиён намоён месозад. Давраи мактабхонии наврас давраи ҳассоси ӯ ба ҳисоб рафта, дар зеҳнаш дар ин айём ҳар чӣ ки аз калонсолону мураббиёнаш шуниду омӯхт, зуд нақш мебандад.
Фирдавсии бузург фармуда:
Бад-ӯ гуфт: Доно 
шавад марди пир,
Ки омӯзишӣ бошаду 
ёдгир.
Воқеан, ҷиддӣ муносибат кардан ба хурдсолон, ки онҳо ба қавле «лой ҳастанду мо кулол», агар барояшон тарбияи дурустро арзонӣ дорем, муваффақ ба он мешавем, ки насли ҷавони ҷомеаро ҳидоят ба роҳи дурусти зиндагӣ, худшиносӣ, эҳтироми калонсолон, дарки амалҳои хайр мекунем. 
– Падару модаронро мебояд, ки боғбони асили ниҳоли умрашон – фарзандонашон бошанд. Серкории худро пеш нагиранд, ниҳоли боғашон то боровар шудан, иртиботро бо мактабу омӯзгорон бештар карда, аз пайи донишандӯзии онҳо бошанд. Беэътиборӣ ба фарзанд боиси пайдо шудани одатҳои номатлуб мегардад. Калонсолон, махсусан волидон бояд чунон нозукона ва оқилона ба кӯдак ғалат будани рафтори номатлубашонро фаҳмонанд, ки ӯ баръакс, озурдахотир ва дилшикаста нашавад. Ӯ бояд дарк кунад, ки бад-ин васила бо дигарон ошноӣ пайдо кардан ғалат аст. Оре, волидон бояд аз ҳар як қадам, ҳаракат ва гуфтору рафтори фарзандашон бохабар бошанд. Мегӯянд, ки фарзанд то панҷсолагӣ чун подшоҳ, яъне чӣ хоҳад волидон муҳайё намоянд. Аз панҷсола то 15 сола чун ғулом, яъне мувофиқи қобилияташ кор фармоянд ва аз 15 сола боло ба ӯ чун дӯст муносибат намоянд. Охир ин ниҳолакон рӯзе боровар мешаванд ва боғи умри волидон низ шаҳдогин мегардад. Набояд аз тарбияи онҳо ғофил монем,– мегӯяд модари серфарзанд аз деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Сафаргул Ғафурова.
Вақте вориди синф мегардам, ба хонандагон як-як назар андохта медонам, ки кадоми онҳо фарзанди кист, падару модараш чикора асту чӣ гуна донишу маърифат дорад. Мана, писарбачаи дар қатори пеш нишаста сару либоси озода дорад, китобу дафтараш тоза, яке аз бачаҳои боодоб ва аълохон аст. Чунки падару модари ӯ низ китобхону фаъол ҳастанд. Бачаи дуюм бошад, бесаранҷом, тугмаҳои костюмаш гуногун, ҳангоми дарс ба пешу қафо нигоҳ карда ба рафиқонаш гап мепартояд ва ба рафти дарс халал мерасонад...
«Ҷойи аспро той мегирад», гуфтааст мардуми пурдидаи мо. Феълу хӯй ва табиати нофорами волидон нисбати феъли хубу намунавиашон ба фарзанд зуд таъсир мерасонад. Баъди дарс низ онҳоро бояд назорат кунем, ки вақти худро беҳуда нагузаронанд. Онҳоро ба шогирдии нонпаз, ошпаз, сартарош, қассоб, косиб, дуредгар, дӯзанда ва пазанда диҳем, то ки ин ҳунарҳоро кам-кам омӯзанд, дар баробари ин муносибат, муомила бо одамонро меомӯзанд, ба қадри меҳнати падару модар ва худ мерасанд. Бача, ки холӣ монд, вақти худро ба бозиҳои беҳудаи интернет сарф мекунад. Вақти холии фарзандонро ба китобхонӣ, мутолиаи хазинаи бузургон бояд сарф намоем. Донишманде фармудааст: «Касе, ки аз хазинаи бузургон бебаҳра аст, аз нафосату зебоии ҳаёт бенасиб мемонад».

Ҳилол РӮЗИЕВ,
омӯзгори мактаби рақами 30-уми ноҳияи Нурато.
Вилояти НАВОӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: