ТАЪРИХИ АДАБИЁТ – ТАЪРИХИ МО

Китоби адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, профессор Холиқ Мирзозода “Таърихи адабиёти тоҷик”-ро аз ҷевони китобҳоям ба дастам гирифтаму давраи мактабхонӣ ва донишҷӯиям пеши назарам омад.

Китоби адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, профессор Холиқ Мирзозода “Таърихи адабиёти тоҷик”-ро аз ҷевони китобҳоям ба дастам гирифтаму давраи мактабхонӣ ва донишҷӯиям пеши назарам омад.                                                                                                                          
Падарам дар мактаби деҳаамон (деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато), дар баробари роҳбари мактаб будан, ба мо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Ҷевони пури китоб дошт. Вақте модарам ҳар замон пок кардани чанги ҷевонро супориш медод, ҳисси кунҷковиям боло гирифта, баъзе китобҳоро варақ мезадаму боз ба ҷояшон мегузоштам. Мехостам мисли падарам мазмуни шеъру ҳикояҳоро хонда фаҳмам. Вале фаҳмидани онҳо осон набуд. Он солҳо дар мактаби миёна адабиёти классикӣ, асосан, дар синфҳои 7 ва 8 омӯзонда мешуд. Омӯзгорон шеърҳои шоирони бузурги форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаронро барои азёд кардан супориш медоданд. Рӯзи дигар онҳоро, ба маънояшон чуқур сарфаҳм наравем ҳам, аз ёд гуфта медодем. Азёд кардани шеърҳоро дӯст медоштам. Муаллимон, дар қатори талабагони аълохон, маро ҳам таъриф мекарданд, ки шеърро зуд аз ёд карда ифоданок мехонам.                                                                                                                         
“Илм дар ҷавонӣ – нақш дар санг” гуфтаанд. Имрӯз натиҷа гирифта истодаам, ки ҳамон шеъразёдкуниҳо фоидаи калон доштааст. Овони хурдсолӣ ба маънояшон дуруст сарфаҳм наравед ҳам, бо мурури вақт дарк мекардаед, ки шоирон ин ё он байтро ба чӣ мақсад гуфтаанд. Дуруст-дия, ҳеч кас аз модараш доно ба дунё намеояд. Ҳар чӣ, ки инсон дар хазинаи ёду зеҳнаш захира мекунад, натиҷаи меҳнат будааст. Имрӯз ба таҷрибаи худам ва дигарон такя карда, ба омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик гуфтанӣ мешавам, ки ҳар қадар шоҳбайтҳои шоирони классики форс-тоҷикро ба насли наврас барои азёдкунӣ супоранд, ҳамон қадар ба камолоти маънавии онҳо саҳм мегузоранд. Роҳбари давлатамон низ мехоҳад, ки насли ҷавон ба китобхонӣ, ки сарчашмаи маънавият аст, таваҷҷӯҳи бештар дошта бошад. Мо пули калон харҷ карда аз бозор ғизои моддӣ: гӯшт, нон, шир ва меваи гуногунро мехарем. Вале нархи ғизои маънавӣ он қадар баланд нест. Як китоби бо нархи арзон гирифтаамон ба сад сол мерасад. 
Барои амиқтар омӯхтани таърихи адабиёт, баъди хатми мактаби миёна, аз пайи падарам рафтам. Толеъ мадад карду ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд дохил шудам. Аз таърихи адабиёт ба мо А.Мирсафоев дарс медод. Мо – донишҷӯён ҳамон вақт дарк намудем, ки таърихи адабиёт ин таърихи халқамон низ будааст. Зеро кас ҳангоми омӯхтани зиндагинома ва мероси адабии ин ё он шоиру нависанда, доир ба вазъи сиёсии ҳамон давр низ маълумот мегирад. Устодон ба мо рӯйихати китобҳои адабиётшинос Холиқ Мирзозодаро низ барои омӯхтан тавсия медоданд.                                                                                                                                                
Китоби Холиқ Мирзозода “Таърихи адабиёти тоҷик” (Душанбе, “Маориф”, соли 1989, қисми I) таърихи адабиёти моро аз давраи қадим то асри XIII дар бар мегирад. Китоб ҳарчанд cию ду сол пеш чоп шудааст, маълумотҳои он қимати илмии худро гум накардаанд. Омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон аз ин китоб ҳамеша баҳра бурда метавонанд. Чунки дар он таърихи адабиёт ва ҳодисаҳои пеш тасвир шудаанд. Як чизро гуфтан лозим, ки забони мақолаҳои илмии Холиқ Мирзозода нисбат ба дигар олимони тоҷик содатар аст. Дар навиштаҳояшон калимаҳои душворфаҳмро кам кор фармудаанд. Барои исботи гуфтаамон аз мақолаи “Абуалӣ ибни Сино (980-1037 )” як мисол меорем: “Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино дар атрофи шаҳри Бухоро, дар оилаи хидматчии идораи давлатӣ ба дунё омадааст. Падари Абуалӣ аслан аз Балх буда, дар замони ҳукмронии Нӯҳи II ибни Мансури Сомонӣ (976 - 997 ) ба Бухоро омада, дар қишлоқи Ҳурметан (Рометани ҳозира) ба хидмат таъин шуда, аз қишлоқи Афшона (Лағлақаи ҳозира) ба Ситорабону ном духтаре хонадор шудааст. Онҳо ба аввалин фарзанди арҷманди худ Ҳусайн ном гузоштанд. Падари Абуалӣ шахси фозил буд, ба тарбияи фарзанди худ эътибори ҷиддӣ дод. Баъд аз муддате аз Ҳурметан ба Бухоро омада, писари худро, ки нав ба синни панҷсолагӣ расида буд, ба мактаб дод. Абуалӣ зеҳну ҳофизаи фавқулоддае дошт. Вай дар мактаб хату савод бароварда, Қуръонро аз ёд карда, сарфу наҳв ва қисман илми адабро омӯхт”.                                               Хонанда аз ин иқтибоси хурд чанд маълумоти таърихиро мегирад: 1). Нӯҳи II ибни Мансури Сомонӣ солҳои 976-997 ҳукмрони Мовароуннаҳр буд. 2). Дар давраи Ибни Сино номи деҳаи Рометани ҳозира Ҳурметан, Афшонаи таърихӣ Лағлақа будааст. 3). Падари Ибни Сино аслан аз Балх буда, ба Ситорабону ном духтари бухороӣ хонадор шуда будааст. 4). Дар ҳамон давраҳо бачаҳо дар синни 5-солагӣ Қуръонро аз ёд мекардаанд.                                                                
Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз баъзе аз мактаббачагон дар мактаб кам шеър аз ёд мекунанд. Инро вақти суханрониашон дар тӯю базмҳо ҳис мекунед. Нутқашон ҳам ба тоҷикӣ равон нест. Гуфтан метавон, ки китобхонӣ қариб аз байн рафтааст. Солҳои наврасии мо бисёр зиёиён, мисли падарам, китобхонаи шахсӣ доштанд. Имрӯз аксарият аз китобхонӣ рӯ гардондаанд. Компутер ва дигар воситаҳои электронӣ ҷавононро ба доми худ кашидаанд. Фикр мекунам, ки ташкили озмунҳои китобхонӣ ва мушоираҳои гуногун дар байни мактаббачагон дар сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ва рағбатнок кунондани талабагон аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Холиқ Мирзозода дар китоби худ дар бораи Абурайҳон Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Арӯзии Самарқандӣ, Рашиди Ватвот, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳри Домғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Аъмақи Бухороӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҳоқонӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Саноӣ, Фариддудини Аттор, Носири Хусрав, Умари Хайём, Асадии Тӯсӣ, Низомии Ганҷавӣ ва дигар шоирони тоҷик бо вазъи сиёсии давраҳои таърихии онҳо маълумоти муфассал додааст. Боби “Наср дар асрҳои  XI-XII  китоб аҳамияти калон дорад. Олими таърихдон дар ин боб дар бораи намунаҳои насри адабиёти форс-тоҷик “Калила ва Димна”, “Самаки айёр”, “Марзбоннома”, “Синбоднома”, “Абумуслимнома”, “Доробнома”, “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт” маълумоти пурқимат медиҳад. Олим ин асарҳоро ба гурӯҳи насри бадеӣ дохил кардааст. Ӯ “Искандарнома”, “Абумуслимнома” ва “Доробнома”- ро роман номидааст. Дар мавриди “Искандарнома” менависад: “Искандарнома романе аст, ки дар адабиёти қадим ба вуҷуд омада, бо варианти ғарбӣ ва шарқиаш паҳн шуда, аз зери таҳрирҳои зиёде гузаштааст”. Дар таърифи “Доробнома” мехонем: “Нависандаи ин роман Абутоҳири Таросоӣ буда, ба асрҳои X-XII мансуб аст. Ин асар аз ҷумлаи асарҳоест, ки бори аввал пеш аз ислом, ҳатто то милод эҷод шуда, борҳо таҳриру тасниф гардида, дар давраи исломӣ ҳам аз нав кор карда шудааст”. Аз ин боби китоб маълум мешавад, ки  насри бадеии мо таърихи бой ва дуру дарозе доштааст. 
Ҳамаи ин гуфтаҳо дар дили хонандаи имрӯз, агар чунин асарҳоро хонад, ҳисси ифтихор меангезад. Аз китоб ва маълумотҳои пурқимати он маълум мешавад, ки олим бисёр сарчашмаҳоро бурдборона омӯхта, чуқур таҳлил карда, баъд ба хонанда пешниҳод намудааст. Фикр мекунам, ки имрӯз зарурати аз нав чоп кардани чунин китобҳои арзишнок ба миён омадааст. Зеро на ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёна (хусусан дар ҷумҳурии мо) дар бораи таърихи адабиёти тоҷик маълумоти кофӣ доранд. Дар ин миён қариб ҳамаи китобҳои чопи замони шӯравиро аз китобхонаҳо “рӯфта” бурданд. Тарси он пайдо шуда буд, ки китобхонаҳои шахсиро низ “тоза” мекунанд...

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: