ТАЪРИХИ ДУРУ НАЗДИКИ МО — ҲАМЕША ДАР МАДДИ НАЗАР

Хотира, ёд, ҳофизаи таърихӣ вожаҳои ҳаммаъноянд.

 Хотира роҳи тайкардаи як инсон ё ҷомеа низ буда метавонад. Биноан, таърих бояд аз ёду хотираи насли ҷавон зудуда нагардад. Вақте зудуда гашт, раҳгум мезанад. Ҳақ бар ҷониби он донишманд, ки фармудааст: «Миллате, ки таърихашро намедонад, оянда надорад». 
Таърихи дуру наздики мо ҳамеша пеши назари мост. Мардуми мо ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад, ки дар набардгоҳҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон алайҳи фашизм 1,5 миллион нафар ӯзбекистониён, ки дар байни онҳо тоҷикон низ буданд, иштирок намуда, беш аз ним миллион нафарашон  ҳалок гардидаанд. Халқи мо дар солҳои ҷанг қариб як миллион бачаҳои бепарастормондаи аз шаҳру деҳоти ҷангзада кӯчондашударо қабул карда, дар оғӯши меҳр ҷо дод. Дар қарори сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳо доир ба омодагирӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» дар ин хусус батафсил гуфта шудааст...
Давлати мо ба иштирокчиёни ҷанг, оилаи онҳо ва онҳое, ки дар фронти меҳнат «ҷангидаанд» ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Бино ба фармони сарвари мамлакат ба иштирокдорон ва ногироёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ба миқдори 7500000 сӯм муқаррар гардидани  мукофоти якдафъаинаи пулӣ ҳамаро шод гардонд. 
Дар пирӯзӣ бар фашизм таъсири силоҳи дигар — сухан низ эҳсосшаванда буд. Ба ёд овардани чанд сатр шеъри  шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфии самарқандӣ кофист, ки мо қудрати сафарбаркунии суханро эҳсос намоем:
Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ манҳус анчарро кунӣ бе шоху барг! 
Ба қарибӣ дар толори маҷлисҳои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таҳти раёсати ҷонишини раиси созмони мазкур Минҳоҷиддин Мирзо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр гирдиҳамоии фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ шоиру нависандагон, драматургон, олимони саршинос ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.  Сабти овози шоир, Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов (порае аз достони «Нидо») барои ҳозирин шунавонда шуд.
Баромадкунандагон аз иқдомҳои шоиру нависандагоне ёд карданд, ки солҳои хунини ҷанг ҳам бо сухан ва ҳам бо силоҳ алайҳи душмани ғаддор размидаанд. Аз ҷумла, дар баромади хеш адабиётшиноси маъруф Иброҳим Ғафуров изҳор дошт:
— Падару бобоёни мо қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, барои аз рӯйи замин рӯфта партофтани вабои башарият — фашизм саҳм гузоштанд. Чӣ қадар модару модаркалон ва куҳансолони мо дар фронти меҳнат алайҳи ин вабо размиданд. Адабиёту санъати мо шурӯъ аз солҳои аввали Ҷанги дуюми ҷаҳон  ғояҳои инсонпарварона ва башардӯстонаро ҳифз намуд, ба он содиқ монд. Мисолан, шеъри «Ту ятим нестӣ» - и Ғафур Ғуломро баёд оред. Он аз ғояи инсонпарварона саршор аст. Дар рӯҳи ҳамин шеър мо тарбия ёфтем ва то ба ин рӯзҳои муборак расидем. Хемингуэй сухане дорад, ки ин аст: «Инсонро ҳеч гоҳ мағлуб наметавон кард». Халқҳои моро дар майдонҳои хунини ҷанг ҳамин сухан мадад кард ва мо бар фашизм пирӯз омадем. Дар навиштаҳои хоҳару бародарони ҳамқалами мо имрӯз низ ғояҳои  инсонпарварона ва зидди ҷанг садо медиҳанд.
Дар ин рӯзҳо ба ёд овардани иқдомҳои неки падару бобоён ва модару модаркалонҳо, қаҳрамониҳои бемислу монанди онҳо одат шудааст. Бигузор, роҳи тайнамудаи онҳо барои имрӯзиён ва ояндагон дарси ибрат гардад.
— Имрӯз Рӯзи хотира ва қадр аст, — гуфт  дар баромади хеш академики Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон Бахтиёр Назаров. — Мана, мо ҳозир садои шоири мардумии Ӯзбекистон Эркин Воҳидовро шунидем. Дирӯз эшон маҳфилорои мо буданд. Ҳоло ба таърих табдил ёфтаанд. Мо аз он наслҳоем, ки миёни таъриху оянда ба сар мебарем. Бисёр адибони мо ба хотири ин рӯзҳои дурахшон дар ҷангҳои хунин ширкат ҷуста, бо силоҳу қалам алайҳи душмани бани башар мубориза бурданд. Дар кишвари мо ба устодони сухане, ки имрӯз аз номи як қавму мамлакат ҳарф мезананд, арҷ гузоштан ба анъана табдил меёбад.
Духтари устод Ғафур Ғулом — Олмос Аҳмедова хотираҳояшро бо гирдиҳамомадагон ба ҳам дид. Гуфт, ки дар овони ҷанг ман духтарчаи хурдсол будам. Хира - хира дар ёдам ҳаст. Дар заводу коргоҳҳо пиронсолону маъюбҳо масруфи кор буданд. Аз Амрико ва дигар давлатҳо ба Ӯзбекистон кӯмаки башардӯстона — либос ва пойафзорҳои куҳна ворид мешуд. Ба оилаи мо ҳам медоданд. Вале ман намепӯшидам. Боре падарам сабабашро пурсид. Гуфтам, ки ин либосҳо барои фарзандони бепарастормонда интиқол дода шудаанд. Онҳо ба ин либосу пойафзорҳо ниёз доранд. Падарам барои ин суханон  аз пешонаам навозишкорона бӯсид. Он солҳо бисёр писарону духтарони  бепарастормондаро Ӯзбекистон модарвор ба оғӯши худ гирифта буд. Шеъри падарам «Ту ятим нестӣ», ки ифодагари ҳисси инсонпарваронаи халқи мост, дар ҳамон солҳои вазнин навишта шуда буд. Мо бояд ба қадри ин рӯзҳои тинҷу осуда ва рӯзгори фаровон бирасем. Худо дидани он рӯзҳои даҳшатангезро ба ҳеч бандааш раво набинад.
Дар рафти гирдиҳамоии фарҳангиву маърифатӣ ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр ба шоиру нависандагон, олимони адабиётшинос ва ҷавонони соҳибистеъдод маросими супурдани лентаи шараф баргузор шуд.
Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби Бунёди «Нуронӣ»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба як гурӯҳ шоиру нависандагони солманд нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» ва мукофотҳои пулӣ супурда шуданд. Мукофотҳоро ҷонишини раиси бунёди мазкур Шароф Убайдуллоев зери кафкӯбиҳо супурд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: