ТАЪРИХИ ЭҶОДИ РОМАНИ «ҶАНГ ВА СУЛҲ»-И ТОЛСТОЙ

Соли 1862 Толстой повести «Казакҳо»-ро навишт, ки ин заминаи хубе барои дар оянда офаридани асарҳои калонҳаҷми ӯ гардид.

Ҳамин тавр солҳои 1863-1869 Толстой романи бузургу шуҳратёри «Ҷанг ва сулҳ»-и худро навишт, ки онро роман-эпопея низ меноманд. 
Романи «Ҷанг ва сулҳ» асари бадеӣ-таърихӣ буда, қуллаи баландтарини эҷодиёти нависанда ва бузургтарин дастоварди на танҳо Толстой, балки тамоми адабиёти рус ба шумор меравад. Дар адабиёт ягон асари бадеӣ аз ҷиҳати гуногунии ҳодисаву воқеаҳо ва мураккабии сужет ба романи «Ҷанг ва сулҳ» баробар шуда наметавонад. Ин асар зиёда аз 500 қаҳрамон дорад. Романи мазкур воқеаҳои як давраи бузурги таърихӣ, ҷангҳои дарозмуддате, ки зидди аҷнабиёни хориҷӣ давом дошт ва муҳимтар аз ҳама Ҷанги Бузурги Ватании соли 1812, ки тақдири Русияи Кабир ҳал мегардид, дарбар гирифтааст. Ҳамчунон, дар асар образи арбобону намояндагони давлатӣ, сарлашкарону қаҳрамонони зиндаи воқеӣ ва ҳам иштирокчиёну муҳофизони далери тахайюлӣ тасвир ёфтаанд.
 * * *
Андешаи навиштани романи «Ҷанг ва сулҳ» ба Толстой ба ҳангоми тезутундшавии ҳаракати озодихоҳии деҳқонон ва ислоҳоти соли 1861 рост меояд. Деҳқонони муфлису парешонгашта, зидди ислоҳоти авомфиребонаи подшоҳ норозигӣ ва баромадҳо мекарданд. Дар ин давра ҳаракати озодихоҳонаи деҳқононро табақаи зиёӣ, ғайриашрофзодаҳо ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд, ки ин диққати нависандагон ва аҳли адабро ба худ ҷалб намуд. Таваҷҷуҳ ба шароиту зиндагии халқ ва таърихи гузаштаи мардуми одӣ мавзӯи асосии адабиёти он давра гардид.
Ба тақдири халқ ва мавқеи таърихии вай бештару пештар аз ҳама Толстой аҳамият дод. Ҳанӯз воқеаҳои қаҳрамонона муҳофизат намудани Севастопол Толстойро пурра бовар кунонида буд, ки диловарони ин ҷангҳо на шоҳу лашкаркашон, ҳамон тавре ки табақаи ашрофзодагони буржуазӣ онро тасдиқ менамуданд, балки баръакс оммаи халқ буда, ғалабаро маҳз онҳо ба даст оварданд, ки ин ҳодисаи бузургу таърихӣ ба шумор меравад. Ҳамин тавр баҳогузориву хулосабарорӣ ва фикру андешаҳои ба таъриху адабиёти гузашта, шавқи Толстойро боз ҳам афзун намуд. Нависанда дуруст қайд кардааст, ки воқеаҳои таърихӣ ҳар қадар чуқуртару дақиқ омӯхта шаванд, ҳамон қадар аз ҳаққу ҳуқуқи деҳқонон дифоъ кардан ва ба ҳодисаҳои оянда низ баҳои ҳаққонӣ додан осон мегардад. Аз ин рӯ, нависанда ба сарчашмаҳо ва асарҳои таърихӣ ҳарчӣ бештар рӯ оварда, онҳоро хондаву таҳлил менамояд.
Машғулот ва шиносоӣ ба таърихи гузаштаи халқи худ Толстойро ба андешаи навиштани асари таърихӣ ҳидоят намуд, ки ӯ ба нигоҳи нави хештаншиносӣ ба нақши халқ ва ҳодисаҳои гуногуни сиёсиву таърихӣ нигарад. Ҳамзамон ба вазъи миёни деҳқонону ашрофон ва то чӣ андоза ҳамкорӣ кардани онҳо ва дигар масъалаҳои нигаронкунанда, ки дар он замон ба вуҷуд омада буданд, Толстой посух меҷуст. Ҳамин тавр адиб вазифаи аввалиндараҷаи худро аз он иборат медонист, ки нақши халқро дар ҳодисаҳои таърихӣ, ҷангҳо, зиддияту муборизаҳо ва қаҳрамониҳо рӯшану возеҳ дар офаридаҳояш нишон диҳад. Ҳамчунон нависанда дар романи худ тамоми андеша ва тавоноиҳояшро ба ҳалли масъалаҳои муҳимме, ки дар солҳои 60-уми асри XIX ба миён омада буданд, равона сохта буд.
Таълифи романи «Ҷанг ва сулҳ» аз Толстой меҳнати бузургу гаронеро талаб менамуд. Аз ин рӯ, вай бисёр мавзӯъҳо ва далелу санаду сарчашмаҳои таърихиро аз осори адибони рус ва хориҷа мутолиа намуда, аз бойгониҳои кишвар низ маводи зиёдеро ҷамъоварӣ кардааст. Нависанда бисёр маълумотҳоро аз хешовандону наздикон ва онҳое, ки дар ҷангҳо ширкати фаъолона доштанду он ҳодисаву воқеаҳоро бо чашмони худ дидаву шоҳид гаштаанд, ҷамъоварӣ намудааст. Ба ҷуз ин нависанда шахсан бо чандин иштирокчии ҳақиқии ҷанги соли 1812 ҳамсуҳбат шуда, дар хусуси ҳодисаҳо, урфу одат, шароити зиндагии халқ дар асри XIX маълумоти дақиқ ба даст овардааст. Дониши фарохи таърихӣ, фаъолияти густурда ва ҳушмандӣ ба Толстой имконият дод, ки аз воқеаҳои таърихӣ, задухӯрдҳо, тарзи ҳаёти халқи рус ва урфу одати онҳо то хурдтарин далелу рақамҳоро ҷамъоварӣ намуда, сипас романи машҳури «Ҷанг ва сулҳ»-и худро офарад.

Аз забони русӣ тарҷумаи Абдубароти ҚОДИРӢ, 
омӯзгори мактаби рақами 15-и ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: