Дар давраи пеш аз ислом мардуми Осиёи Миёна, ки дорои хатҳои суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ, урхун-энасой ва уйғурӣ буданд, пас аз истилои арабҳо, аввалан, забони арабӣ дар тамоми давлатҳои тобеи халифат забони расмӣ буд ва сониян дар натиҷаи паҳн шудани дини ислом дар диёрамон мо хати арабиро ба кор бурдем.
Дар поёни қариб якуним асри ҳукмронии арабҳо ва ба вуҷуд омадани аввалин давлатҳои мустақил дар Мовароуннаҳру Хуросон, дар баробари забони арабӣ, ки нуфузи худро ҳамчун забони дину илм нигоҳ доштааст, забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва туркӣ, ки ба хати арабӣ иваз шудаанд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ васеъ ба кор бурда мешаванд. Эҳёи Осиёи Миёна, ки марҳилаи якум дар асрҳои IX-XII ва марҳилаи дуюм дар асрҳои XIV-XV ба амал омада буд, боиси инкишофи бемисли илму фан ва маданияти диёр гардид. Ҳангоми навиштани осори илмӣ ва бадеии марбут ба ин мерос аз навъҳои хеле инкишофёфтаи хати арабӣ истифода шудааст.
Шаклҳои гуногуни навиштан ба хати арабӣ, ки аз замони пайдоиши худ чанд марҳилаи рушдро паси сар кардааст, на танҳо ҳамчун воситаи баёни маънӣ дар хат, балки ҳамчун асари санъат, ки ба хонанда завқи баланди эстетикӣ мебахшад, маъруф гаштаанд. Ин санъат дар Шарқ бо номи ҳусни хат, хаттотӣ ва дар Ғарб бо номи каллиграфия маъруф аст. Устодони ин ҳунар, яъне хаттотон ё котибон дар замони худ обрӯю эътибори калон пайдо карда, дар миёни аҳли илму адаб ва санъат ҷой гирифтаанд.
Нахустин шакли алифбои арабӣ, ки аз 28 ҳарф иборат аст, хати маъқалӣ мебошад ва он бо хатҳои амудӣ ифода ёфта, муддати тӯлонӣ истифода нашуда буд. Аз асри VII ба ҷойи он хати кӯфӣ, ки яке аз қадимтарин ва маъмултарин шаклҳои хати арабӣ буд, иваз карда шуд. Баъд аз он, дар асоси ҳарфҳои маъқалӣ ва кӯфӣ ҳафт навъи хат бо номи сулс, насх, муҳаққақ, райҳонӣ, тавқиъ, риқоъ ва таълиқ ба вуҷуд омад. Дар асрҳои IX-X ин навъи хат инкишоф ёфта, боз 36 намуди хат ба вуҷуд омад. Дар садаҳои баъдӣ миллатҳои мусалмони форс ва туркизабон хатти форсӣ, шикаста, настаълиқ, уйғурӣ ва дигар навъҳои хатро ихтироъ карда, ба истифодаи васеъ ҷорӣ карданд.
Ҳар як навъи ҳарф дар хати арабӣ дар ҷойҳои махсус истифода мешавад. Масалан, хати кӯфӣ барои ороиши нақшҳо, насх барои нусхабардории матни китоб, хати сулс барои катиба ва лавҳаҳо дар пештоқи биноҳои меъморӣ, хати тавқиъ барои имзо ва хати риқоъ барои навиштани нома истифода мешуданд. Ҳар кадоми ин навъи хат бо қаламҳои борик – хафӣ ва ғафс – ҷалӣ навишта шудаанд. Хати настаълиқ дар навиштани осори бадеӣ ва таърихии забонҳои форсӣ ва туркӣ васеъ истифода мешавад ва дар он китобҳои зиёде низ таълиф шудаанд. Дар асрҳои минбаъда дар мо ҳар як матн асосан бо се навъи хат: ояту ҳадис бо хати насх, матнҳои сода бо настаълиқ, сарлавҳаи қисм ва бобҳо бо хати сулс нусхабардорӣ мешуд.
Таърихи санъати хаттотии Осиёи Миёнаро, ки якчанд марҳилаи инкишофро тай кардааст, метавон ба ду давраи калон – аз истилои араб то давраи Темуриён (асрҳои VIII-XV), аз давраи Темуриён то давраи шӯравӣ (асрҳои XV-XX) ва ҳар як аз ин ду давраро метавон ба чанд марҳила тақсим кард. Давраи аввали таърихи инкишофи санъати хаттотӣ дар Осиёи Миёна асосан дар асрҳои VII-X дар асоси китобати асарҳо дар шаҳрҳои марказии хилофати араб – Макка, Кӯфа ва Басра офарида шуда, баъдтар дар ҷараёни нусхабардории асарҳо ба забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркӣ бо истифода аз навъҳои хатҳо, ки дар минтақаҳои дигари хилофат паҳн шудаанд, мактаби хаттотии Мовароуннаҳр ба вуҷуд омад.
Аҳмад ибни Умар Ашъас Абубакри Самарқандӣ (асри XI), Аҳмад Табибшоҳ Мовароуннаҳрӣ, Алии Банокатӣ (асри XIII), Ҷамшеди Шошӣ (асри XIV) ва бисёр дигар хаттотон ҳамчун намояндагони ин мактаб овозадор мегарданд. Эҳёи дуюми Осиёи Миёна, ки дар асрҳои XIV-XV вобаста бо ҳукмронии сулолаи Темуриён ба вуқӯъ пайвастааст, давраи дуюми таърихи инкишофи санъати хаттотии Осиёи Миёнаро оғоз мекунад. Дар ин давра чун тамоми соҳаҳои илм, маданият ва санъат дар санъати хаттотӣ низ болоравии бемисл ба амал омад. Аз ин давра дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна якчанд мактаби хаттотӣ бо хусусиятҳои ба худ хос пайдо шуданд. Аз ҷумла, мактаби хаттотии Ҳирот, ки дар асри XV бо дастгирии ҳукмдорони Темуриён таъсис ёфта, бо намояндагони худ чун Султоналии Машҳадӣ (1437-1520), Дарвеш Муҳаммад Тақии Ҳиравӣ (нимаи аввали асри XV), Абдулҷамили Котиб (ваф.1505/1506) маъруф аст ва мактаби хаттотии Бухоро, ки асри XVI шакл ёфтааст, бо саъю кӯшиши хони сулолаи Шайбониён таъсис ёфта ва бо Миралии Ҳиравӣ, Мир Убайди Бухорӣ, Мир Ҳусайн Кӯланкии Бухорӣ, Саййид Абдуллоҳи Бухорӣ, Ҳоҷӣ Ёдгор, Аҳмади Дониш барин намояндагони худ шуҳрат пайдо кардааст. Илова бар ин, дар ибтидои асри XVIII дар ҳудуди хонигариҳои Хева ва Қӯқанд мактаби хаттотии Хоразм ва Фарғона, дар асри XIX мактаби хаттотии Самарқанд ва Тошканд ташаккул ёфтанд. Санъати хаттотӣ танҳо бо китобат маҳдуд набуда, дар меъморӣ ва ҳунари мардумӣ низ васеъ истифода мешавад.
Аз замонҳои тасаллут ёфтани дини ислом дар мо деворҳои, дохилӣ, пештоқ ва дигар қисматҳои иншооти гуногуни меъморӣ, масҷиду мадраса, мақбара дар баробари нақшҳои гуногун, бо катибаҳои гуногуни хаттӣ – оятҳои Қуръони карим, ҳадис, панду ҳикмат ва порчаҳои шеърӣ низ оро дода шудаанд.
Мо қарор кардем, ки оиди маъруфтарин намояндагони мактабҳои гуногуни хаттотӣ дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» маълумот диҳем.
Мактаби хаттотии Ҳирот
СУЛТОНАЛИИ МАШҲАДӢ
Яке аз намояндагони маъруфтарини мактаби хаттотии Ҳирот шоир ва хаттот Султоналии Машҳадӣ мебошад, ки соли 1437 дар шаҳри Машҳад таваллуд ёфтааст. Ӯ дар ташаккул ва равнақи мактаби хаттотӣ нақши бузург дошта, дар рушду густариши хати настаълиқ саҳми калон гузоштааст, соҳиби унвонҳои баланди «Султон-ул-хаттотин» (Султони хаттотон), «Қиблат-ул-куттоб» (Қиблаи котибон) мебошад. Султоналии Машҳадӣ, ки аз хурдсолӣ ба хаттотӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт, аз хаттотони машҳури он замон Заҳириддин Азҳар ва Хоҷа Ҳофиз Муҳаммад асрори ин санъатро омӯхтааст. Ӯ пас аз таҳсил дар мадраса як муддати муайян бо таълими шогирдон дар он даргоҳ машғул буд.
Машҳадӣ аз соли 1451 дар Ҳирот, пойтахти салтанат ва маркази бузурги илму маданияти он замон зиндагӣ мекард, дар хидмати ҳукмдорони Темуриён – Султон Абусаид (1451-1469) ва Султон Ҳусайн Бойқаро (1469-1506) буд. Муҳити мадании Ҳирот дар асри XV, алоқаи наздик бо олимон, нависандагон, шоирон ва санъаткороне, ки аз минтақаҳои гуногуни империяи Темуриён ба ин ҷо ҷамъ омадаанд, инчунин дастгирии бевоситаи арбоби давлати Темуриён, шоири бузург, ҳомии илму фарҳанг Алишери Навоӣ боиси хаттоти бузург шудани Султоналии Машҳадӣ гардид. Хаттот таҳти сарпарастии Навоӣ фаъолият нишон дода, аз ҷумла, дар китобхонаи шахсии шоир бо корҳои китобат машғул буд ва ба эҷодиёти ӯ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Машҳадӣ аксари асарҳои Навоиро нусхабардорӣ намуда, дастраси хонандагон гардонидааст ва барои насли оянда мерос мондани он саҳми калон гузоштааст. Аз ҷумла, соли 1465 «Девони аввал»-и Навоӣ аз ҷониби ӯ нусхабардорӣ гардида, ба тартиб оварда шудааст. Ғайр аз ин, нусхаҳои зиёди девон ва «Хамса»-и Навоӣ то замони мо расида, аз хазинаи китобхонаҳои Ӯзбекистон, Русия, Бритониёи Кабир, ИМА ва Туркия ҷой гирифтаанд. Султоналии Машҳадӣ «Ҳотамнома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Девон»-и Саъдӣ, «Девон»-и Султон Ҳусайнӣ ва дигар асарҳоро низ нусхабардорӣ кардааст, ки бештари онҳо то замони мо расидаанд. Хаттот дар кандакории хат дар иморат, чубу санг низ моҳир буд.
Машҳадӣ на танҳо хаттот буд, ӯ ҳамчун муҳаққиқи ҳунари хаттӣ дар рушди назарияи хаттотӣ саҳм гузоштааст. Соли 1519 дар бораи санъати хат рисолаи шеърии «Қавоид-ул-хутут» (Қоидаҳои хат)-ро навиштааст. Ӯ дар баробари фаъолияти амалию назарӣ дар хаттотӣ ва тарбияи хаттотон низ ҳиссаи калон гузоштааст. Султон Муҳаммади Нур, Султон Муҳаммади Хандон, Мир Алии Ҳиравӣ, Муҳаммади Қосим ва дигарон, ки аз намояндагони маъруфи замон буданд, аз шогирдони Султоналии Машҳадӣ ба шумор мераванд.
Ғайр аз ин, Машҳадӣ аз ҷумлаи устодонест, ки ба рассоми машҳур Камолиддин Беҳзод асрори санъати тасвириро омӯхтааст.
Ба фаъолияти хаттотии Султоналии Машҳадӣ, дастхат ва катибаҳое, ки ӯ нусхабардорӣ кардааст, дар асарҳои «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Равзат-ус-сафо-и Мирхонд, «Таърихи Рашидӣ»-и Мирзо Муҳаммад Ҳайдар баҳои баланд дода шудааст.
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро, хаттот.
Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунӣ,
доктори улуми фалсафа оиди фанни таърих.