ТАЪРИХИ МО БУЗУРГ АСТ, ФУРСАТИ БУНЁД НАМУДАНИ ОЯНДАИ БУЗУРГ РАСИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 январ аз пажӯҳишгоҳҳое, ки дар кӯчаи Олимлари шаҳри Тошканд воқеъ гаштааст, боздид намуд.

Дар ин ҳудуд чандин пажӯҳишгоҳҳои самтҳои гуногун амал мекунад.
Соли 2020 дар мамлакатамон Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гаштааст. Роҳбари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис мақсадҳои гузоштаро таъкид намуда, ба ногузирии рушди ҳамасолаи чандин самти илмӣ ишора намуд.
Соли ҷорӣ фаъолсозии тадқиқотҳои фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаҳои математика, кимиё, биология ва геология, ба вуҷуд овардани тамоми шароити ногузир барои олимон ба нақша гирифта шудааст.
Дар айни замон чор муассисаи низоми Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба  геология ва захираҳои минералӣ — Донишкадаи геология ва геофизика, Донишкадаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, Донишкадаи маъданҳои фоиданок, Донишкадаи геология ва иктишофи конҳои нафту газ бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шуғл меварзанд. 
Бо ташаббуси сарвари давлат дар заминаи ин донишкадаҳо як донишгоҳи замонавӣ таъсис дода мешавад, ки он ба як маҷмааи ягона табдил хоҳад ёфт. 
Президент Шавкат Мирзиёев санги рамзии кампуси донишгоҳи замонавии ояндаро гузошт.
Ин муассиса шакли кластери таълимии илмӣ мегирад. Пойгоҳи моддиву техникӣ ва зарфияти кадррасонии илмии чор донишкада муттаҳид карда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Дар ҳоли ҳамкорӣ бо Донишгоҳи маъдани кӯҳии Санкт-Петербург ва дигар муассисаҳои бонуфуз барномаи таълимӣ тартиб дода хоҳад шуд.
Барои фаҳмидани аҳамияти донишгоҳи нав як мисол: дар мамлакатамон ҳар сол бисёр конҳо ифшо карда мешаванд. Доир ба азнавкоркарди ашёи хоми онҳо корхонаҳои нав бунёд мегарданд. Аммо ба иллати норасоии кормандон аз ҷумлаи кадрҳои маҳаллӣ дар онҳо, ки техникаи замонавиро идора карда тавонанд, захираҳои маъданӣ бо ҳамкории мутахассисони хориҷӣ азхуд карда мешаванд. Дар натиҷа зарур мегардад, ки қисми зиёди канданиҳои фойданокро ба онҳо диҳем.
Аз ин нуқтаи назар донишгоҳи нав дар тарбияи мутахассисоне, ки дар саноати маъдани кӯҳ кор хоҳанд кард ва бо дастовардҳои охирини геология мусаллаҳ мегарданд, аҳамияти муҳим хоҳад дошт.
Роҳбари давлат бо ходимон, олимон, муҳаққиқони ҷавони институтҳои илмиву тадқиқотӣ суҳбат орост.
— Як замон дар Ӯзбекистон соҳаи геология рушд карда, илми рақобатпазир буд. Таҷрибаи мутахассисони моро олимони бисёр давлатҳо қабул карда буданд. Аммо дар сӣ соли охир ба ин соҳаи илм эътибор кам гардид. Зарфияти ғунгардида аз даст рафт. Олимони соҳа рағбатнок нагардиданд, дар кор ба самти муҳим соҳиб нагардиданд. Дар айни ҳол тадқиқотҳои геологӣ барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт зарур аст. Тавре ки бе донистани ташхис беморро имкони муолиҷа кардан нест, мисли ҳамон бе геология саноатро тараққӣ додан имконнопазир аст. Имрӯз мо ба муассисаи илмӣ пойдевор мегузорем, ки барои рушди ин соҳа зербино мегардад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат бо лоиҳаҳои сохтмони Донишгоҳи илмҳои геологӣ шинос гардид. Дар бобати сохтмони биноҳои таълимӣ ва лабораторияҳо бо назардошти таҷрибаи хориҷӣ ва махсусияти касб, босамар истифода намудани майдонҳо супоришҳо дод.
Президент ба Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералӣ ташриф оварда, бо олимон, муҳаққиқони ҷавон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ,  намояндагони соҳаи истеҳсолӣ мулоқот кард. 
Дар мамлакати мо ба рушди илм диққати махсус дода мешавад, ки он имсол мувофиқи унвони соли 2020 боз ҳам тақвият дода мешавад. Ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа ва тавсеаи дастгирии корҳои илмию тадқиқотӣ дар назар аст. Аз ҷумла, муассисаҳо ва самтҳои нав ташкил карда мешаванд.
29 октябри соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи илм ва фаъолияти илмӣ» қабул шуд. Барои ташкили платформаи амалии татбиқи қонун Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба илм ва технологияҳо ташкил карда шуд. 
Шумораи муассисаҳои тадқиқотии назди Академияи илмҳо аз 20 то 35 афзоиш ёфт. Интихобот ба академия аз нав оғоз карда шуд. Вазорати рушди инноватсия ташкил карда шуда, фаъолияти як қатор марказҳои инноватсионӣ, кластерҳои илмӣ ва паркҳои технологӣ ба роҳ монда шуданд. 
Дар се соли охир маблағгузории соҳаи илм чор маротиба афзоиш ёфтааст. Ба мақсади рағбатноксозии моддии кормандони илмӣ миқдори музди меҳнати онҳо се баробар зиёд карда шуд. Барои докторантҳо ва номзадҳои илм кӯмакпулии алоҳида ҷорӣ карда шуданд. Аз соли ҷорӣ инҷониб ташкилотҳои низоми Академияи илмҳо мустақиман аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Дар ҷамъомади имрӯза сарвари давлат қайд кард, ки дастгирии моддию маънавии олимон пайваста идома хоҳад ёфт. 
— Ҳоло олимони мо масъулияти худро амиқ дарк намуда, бояд бо таҳқиқоти илмӣ шуғл варзанд ва натиҷаҳои амалиашон ба рушди соҳаҳои дахлдор саҳми муносиб гузоранд. Ҳам аз олимони обрӯманд ва ҳам аз ҷавонон, ки  дар соҳаи илм қадами нахустини худро мегузоранд, фаъолнокии баланд ва самарабахшии воқеӣ тақозо карда мешавад, — гуфт Президент.
Оид ба дурнамои илми математика, кимиё, биология ва геология дар кишвари мо мулоқоти кушод  баргузор шуда, самтҳои рушди ин илмҳо дар солҳои оянда муайян карда шуданд.
Роҳбари давлат алоҳида таъкид кард, ки потенсиали илми математикаи ӯзбекӣ дар ҷаҳон арзиши баланд дорад, дар мамлакатамон оид ба таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ, назарияи эҳтимолият ва алгебра мактабҳои бонуфуз ташкил карда шудаанд, ҳафт нафар олимони математик узви Академияи илмҳои ҷаҳонӣ мебошанд. 
Якҷоя бо марказҳои илмии хориҷӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои пешрафтаи Бонн, Кембриҷ, Париж ва Сеул лоиҳаҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ мешаванд.
Тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи рушди минбаъдаи таълими математикӣ ва илмӣ аз 9 июли соли 2019 дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯёни Тошканд дар асоси талаботҳои замонавӣ бинои нави Донишкадаи математикаи Академияи илмҳо сохта мешавад.
Зимни мулоқот Шавкат Мирзиёев ба вазифаҳои таъхирнопазири дар амал ҷорӣ кардани натиҷаҳои таҳқиқоти математикӣ, фароҳам овардани заминаи боэътимоди иқтисодиёти рақамӣ ишора кард.
Зарурати пурзӯр гардондани шавқу рағбати  ҷавонон ба математика, ташкили дурусти кор оид ба интихоби кӯдакони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъкид ёфт. Вазифаи офаридани китобҳои дарсии бачагона ва аёниятҳо оид ба математика, ки ба забони фаҳмо ва маъмул навишта шудааст, ташаккул додани тафаккури риёзӣ аз синни хурдсолӣ, дар кӯдакистонҳо гузошта шуд.
— Математика асоси ҳамаи илмҳои дақиқ мебошад. Кӯдаке, ки математикаро хуб медонад, оқил ба воя мерасад ва қодир аст дар ҳама соҳаҳо бомуваффақият кор кунад, — гуфт Президент.
Супориш дода шуд, ки дар ҳар як маркази ноҳия мактаби самти фанни математика ташкил карда шавад ва ба омӯзгорони чунин муассисаҳои таълимӣ иловапулиҳо дода шавад. Институти математикаи Академияи илмҳо ва Вазорати таълими халқ ҳамчун масъули таъминоти илмӣ ва методии мактабҳо муайян карда шуданд.
Муҳим будани гузаронидани озмунҳои гуногуни математикӣ дар байни хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон, муносиб ҳавасманд гардондани ғолибони чунин мусобиқаҳо, такмил додани тартиби баргузор кардани олимпиадаҳо қайд гардид.
Зарурати ба сатҳи нав баровардани сифати таълим, ҷорӣ намудани системаи миллии сертификатсияи баҳодиҳии дониши математикӣ таъкид гардид. Ба соҳибони сертификат бинобар математика холи максималӣ ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳ дода мешавад. 
Зикр гардид, ки самарабахшии тайёр кардани педагогҳои баландихтисос ва кадрҳои дорои дараҷаи илмиро баланд бардошта, ба Шӯрои оид ба додани додани унвонҳои илмӣ дар Институти математика мустақилияти комил дода шавад.
Оиди дар кишвар баргузор намудани конфронсҳои байналмилалӣ оид ба математика, ҳар сол ба хориҷа барои иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, коромӯзӣ фиристодани  100 нафар олимон аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ ва бинобар хати  фонди «Эл-юрт умиди» супориш дода шуд.
Имрӯз дар Ӯзбекистон 4 пажӯҳишгоҳи соҳаи кимиё фаъолият нишон дода, дар онҳо зиёда аз 250 нафар кормандони илмӣ кор мекунанд. Дар асоси коркардҳои онҳо истеҳсоли намудҳои нави нуриҳо, дефолиантҳо, стимуляторҳои растанӣ ба роҳ монда мешавад.
Президент қайд намуд, ки саноати кимиё танҳо бо истеҳсоли нуриҳои минералӣ маҳдуд аст, аз ин рӯ бояд кори таълимӣ ва илмиро дар ин самт такмил дод.
Муҳимияти баланд бардоштани самаранокии амалии коркардҳои илмӣ, мутобиқ кардани таҳқиқот ба эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатӣ қайд гардид.
Ба зиммаи ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзкимиёсаноат» ва «Ӯзбекнефтегаз» вазифаҳои дар корхонаҳои бузурги соҳавӣ ташкил кардани лабораторияҳои озмоишии истеҳсолӣ бо инфрасохтори муосир, Вазорати рушди инноватсионӣ ба ҳамгироии илм ва истеҳсолот равона намудани фаъолияти ин лабораторияҳо вазифаҳо гузошта шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани самарабахшии истифодаи захираҳои маъданӣ супориш дода шуд, ки дар Донишкадаи кимиёи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи илмҳо лабораторияи илмию таҷрибавии «Кимиёи ангишт ва маводҳо», самтҳои илмии «Кимиё ва технологияи ангишт» ташкил карда шавад.
Зарурати ташкил кардани муассисаҳои илмии нав оид ба созмон додани масолеҳи замонавии бинокорӣ, аз ҷумла, шабакаи лабораторияҳо, ки ба таҳқиқоти маводи нави композитсионӣ ва технологияҳои инноватсионии кимиёвӣ тахассус доранд, зикр гардид.
Биология асоси бунёдӣ ва технологии рушди дорусозӣ, кишоварзӣ, тиб ва саноати хӯрокворӣ мебошад.
Айни замон 7 муассисаи илмию тадқиқотӣ, ки ҳудуди 600 нафар кормандони илмӣ доранд, ба ин соҳаи илм ҷалб карда шудаанд.
Президент тамоюлҳои мушоҳидашавандаи бозори ҷаҳонӣ ва илми байналмилалиро қайд намуда, супориш дод, ки технологияи кишоварзӣ ва биотехнология, аз ҷумла, фидо-микс-илми хӯрокворӣ, биомедитсина ва биотехнологияи дорусозӣ ҳамаҷониба ривоҷ дода шаванд.
Муҳим будани омӯзиши таркиби хӯрок ва таъсири он ба саломатӣ, қарор додани тарзи ҳаёти солим ва хӯрокхӯрии дуруст дар байни аҳолӣ зикр ёфт. 
Оид ба такмил додани фаъолият, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии Донишкадаи ботаника вазифаҳо муайян шуданд.
Зарурати созмон додани кадастри давлатии рақамии олами наботот ва ҳайвоноти Ӯзбекистон таъкид ёфт. Ин имкон медиҳад, ки тадқиқоти илмиро ба нақша гиред, тадбирҳои муҳофизати биологиро муайян кунед, оид ба рушди соҳа қарорҳои муҳим қабул кунед. 
Оид ба рушди ДНК-и технологияҳои молекулярӣ дар тибб ва дорусозӣ, тавсеаи истифодаи таҳлили генетикӣ, биоматериалҳо ва биополимерҳои нав, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муассир байни пажӯҳишгоҳҳо ва истеъмолкунандагони потенсиалӣ супориш дода шуданд. 
Соҳаи дигари афзалиятнок ин геология мебошад, ки бевосита бо таъминоти саноат бо пойгоҳи маъданиву ашёи хом алоқаманд аст.
Дар мамлакати мо беш аз 2 ҳазор конҳои зиёда аз 70 намуди канданиҳои фоиданок кашф карда шудаанд. Аммо, конҳое, ки ба осонӣ азхуд карда шаванд, кам мегарданд.
Худи вақт зарурати омӯзиши амиқи геологии қаъри замин, азхуд кардани конҳои таркибашон мураккабро тақозо менамояд, ки дар навбати худ истифодаи васеи усулҳои пешқадами илмӣ ва технологияҳои инноватсиониро талаб мекунад.
Маҳз бо ин мақсадҳо дар Тошканд Донишгоҳи илмҳои геологӣ таъсис дода мешавад.
Сарвари давлат қайд кард, ки барои минбаъд васеъ гардондани таҳқиқот дар ин соҳа  бояд таҳқиқоти бунёдӣ, амалӣ ва инноватсионӣ тақвият бахшида, ба ин на танҳо грантҳои давлатӣ, балки хориҷӣ низ ҷалб карда шаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки нерӯи илмҳои геологӣ ва комбинатҳои маъдани кӯҳиро муттаҳид намуда, лабораторияи замонавии технологияҳои геоинноватсионӣ ташкил карда шаванд.
Оид ба ҷорӣ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, татбиқи лоиҳаҳои «Геологияи рақамӣ» ва «Пойгоҳи миллии электронии сангҳои кӯҳӣ ва канданиҳои фоиданок», ба донишҷӯён омӯзондани усулҳои масофавии санҷиши замин дар асоси аксҳои баландсифати кайҳонӣ супоришот дода шуданд. 
Муҳимияти дастгирии тадқиқотчиёни ҷавон ва ҳавасмандгардонии самаранокии докторантҳо таъкид гардид. 
Бо мақсади муносиб ҳавасманд кардани докторантҳо, ки рисолаҳои худро пеш аз муҳлат дифоъ кардаанд, инчунин роҳбарони илмӣ ё ки мушовирон пешниҳод шуд, ки таҷрибаи пардохти пурраи маблағҳои сарфашуда ҷорӣ карда шавад.
Ба шахсони масъул супурда шуд, ки консепсияи рушди илмро то соли 2030 таҳия намуда, барои рушди илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат чораҳои заруриро пешбинӣ намоянд. 
— Таърихи мо бузург аст, ҳоло фурсати бунёди ояндаи бузург расид, — гуфт Президент.
Зимни мулоқот масъалаҳое муҳокима гардиданд, ки дар самтҳои гуногуни илм ҳалли худро мунтазиранд.
Роҳбарон, академикҳо, муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи улум, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ дар вохӯрӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки зимни мулоқоти таърихии баргузоргардида масъалаҳои пураҳамияти соҳаи илм баррасӣ гардиданд, ки барои тараққиёти мамлакат муҳиманд ва онҳо пешниҳодоти худро дар заминаи инкишофи фанҳои дақиқ, васеъ намудани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои математика, кимиё, биология ва геология, дастгирии фаъолияти илмии олимон, ба дараҷаи сифатан нав баланд бардоштани кор дар бобати тарбияи кадрҳои баландмалака баён намуданд.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул бо назардошти пешниҳодоте, ки олимон ва ҷавонон иброз намуданд, супоришҳои дахлдор дод.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: