Солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ роҳбари ҳамонвақтаи мамлакат супориш дод филмҳое офарида шаванд, ки ба ҷанговарони мо рӯҳ бахшанд.
Ба вазнинии шароит нигоҳ накарда, аҳли санъату фарҳанг аз пайи иҷрои вазифа шуданд. Ҳаракатҳо зоеъ нарафт...
«Тоҳир ва Зуҳро» (коргардон Н.Ғаниев) рӯйи экран дид, таваҷҷуҳи умум ба худ кашид, ба чандин забонҳои дунё тарҷума гашт. Ҳафтод сол бештар гузашта бошад ҳам, ин картина ҳанӯз намоиш меёбад аз тариқи телевизиони маҳаллӣ.
Озарбойҷониҳо, дар як вақт, ба офаридани филми «Аршин мал-алан» («Аршин молчи») шурӯъ намуданд. Халқҳои дигар низ дар солҳои ҷанг ба исбот расонданд дар адабиёт ва санъаташон пешравиҳо ҳис мешавад. Беҳтарин асарҳо ба мукофоти давлатӣ пешниҳод шуданд. Аз синамо ягона картинае, ки ба «Тоҳир ва Зуҳро»-и мо рақобат карда метавонист, «Аршин мал-алан» буд. Ба И.В.Сталин маҳсули озарбойҷониҳо бештар писанд омад, мукофоти олӣ ба онҳо насиб кард. Ҳақиқатан ҳам аҳли санъати Озарбойҷон асари воқеие офарида буданд ба мукофоти давлатӣ бештар муносиб. «Аршин-мал-алан» ба 86 забони дунё дубляж гардид, дар 136 кишвари олам намоиш ёфт. Яке аз асосгузорони мусиқии миллии Озарбойҷон У.Ҳоҷибеков, ки муаллифи опереттаи ҳамном аст, хеле машҳур гашт.
Иҷрогарони нақшҳои марказӣ Лейли Бадирбейли (Гулчеҳра) ва Рашид Бейбутов (Аскар) низ. Мегӯянд ин ду ҳунарвари нотакрор дар ҳаёти воқеӣ низ якдигарро қалбан дӯст медоштанд, вале ҳеч вақт роз ошкор накардаанд. Соли 1999 Лейлихонум дар синни 79 аз олам гузашт. Дар қабристоне, ки Рашид ба хоби абадӣ рафта буд, дафн гашт. Рӯзи ба хок супурда шудани актриса нафаре ба сари қабри актёр омад ва бо оби дида гуфт: «Рашид, Гулчеҳраат аз пасат меравад...»
Ҳикоят мекунанд «Аршин мал-алан»-ро нафақат И.В.Сталин, балки доҳии чиноиҳо Мао Тзедун низ бисёр дӯст медошт, батакрор тамошо мекард. Хусусан, ин диологи хидматгорҳои арӯс ва домодро, ки низ якдигарро нағз дида буданд: «Пулат ҳаст?» «Ҳаст, ҳаст!» Гуфтугӯ дар асл низ вирди забони дӯстдорони мазҳака шуда буд: «Пулун вар?» «Вар, вар!»
Айни замон илоҷи «мушкил»-и беваҳои солхӯрда, ки хонадор шуданианд: «Як мулло, як сарқанд ва се сӯм пул».
«Аршин мал-алан», ки шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт, яке аз «кассабобтарин» филмҳои шӯравӣ низ буд, ки даромади хеле калон овард.
Соли 1965 филмофарони озарбойҷонӣ ба он дубора рӯй оварданд, вале филми рангае, ки офариданд (нақшҳои Гулчеҳра ва Аскарро Лейли Шахлинская ва Гасан Мамедов бозидаанд) чандон шуҳрат наёфт. Аввалааш беҳтар буд, гуфтанд аксар тамошобинон.
Воқеае, ки ибтидои асри ХХ дар Боку рӯй дод, эътибори У.Ҳоҷибековро, ки ҳанӯз донишҷӯ буд, ба худ кашид. Бойбачае мехост зан гирад, вале аввал духтарро дида, баъд хостгор гузоштанӣ. Пеш аз тӯй якдигарро дидани арӯсу домод манъ аст. Хусусан, кӯча баромадани келиншаванда мумкин нест. Аскари ҷавон гаранг аст: «Чӣ тавр Гулчеҳраро диданаш мумкин?»
Дӯсташ Сулаймон як маслиҳати хуб дод: либоси «аршимолчи» (савдогари кӯча)-ро пӯш, ба хонааш рав...
Аскар гуфтаи дӯсташро кард, воқеаҳои яке аз дигаре шавқбахштар ривоҷ ёфтанд. Мусиқӣ ва сурудҳое, ки танин меандозанд, рақсҳое, ки ба иҷро мерасанд, басо марғуб. Воқеан, ҳанӯз соли 1916 «Аршин мал-алан» саҳнавӣ шуда ва нақши Гулчеҳраро актёри рус Агдамекий хотирмон ба иҷро расонда буд. Коргардон – Вартени амрикоӣ. Муаллифи аввалин опереттаи мусиқӣ У. Ҳо-ҷибеков Донишгоҳи санъати Петербургро нав хатм карда ва соҳиби диплом шуда буд.
Ш. МУҲАММАД.