Таърихи умумӣ ба бародарии мо қувва мебахшад

  • Таърихи умумӣ ба бародарии мо қувва мебахшад

Сафари Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Самарқанд аз зиёрати мақбараи Ислом Каримов бо ҳамроҳии сарвари давлатамон оғоз ёфт.

Меҳмони олиқадр ба пояи қабри Нахустин Президенти мамлакатамон гул гузошт. Оятҳо аз Қуръон ва дуо хонда шуданд.

Ин ифодаи эҳтиром ва муносибати бародарона нисбат ба халқи мо гардид.

Меҳмонони туркман ба маҷмӯи осорхонаи Мирзо Улуғбек ташриф оварданд.

Маҷмӯъ дар паҳлӯи расадхонаи олими бузург ташкил шудааст, ки аз ду толори шаш қисм иборат аст. Дар он беш аз сад асар, китобҳо, дастхатҳо, нусхаи аслии асбоби квадрант, ки ба давраи Мирзо Улуғбек тааллуқ дорад, гузошта шудаанд.  

Расадхонаи нодир ва мероси илмии аҷдодии бузургворамон ба меҳмонон таассуроти зиёд бахшид.

Сипас президентҳои Ўзбекистон ва Туркманистон мақбараи Амир Темурро зиёрат карданд. Ба хотираи ҳукмдори бузург сураҳо аз Қуръон қироат шуданд.

Ба меҳмонон аз ҳаёт, маҳорати ҷангӣ ва қувваи бузурги Соҳибкирон нақл карда шуд. Чӣ хеле ки маълум аст, Амир Темур дар давлати худ аз рушди илм, фарҳанг, тиҷорат ва ҳунармандӣ пуштибонӣ кардааст, дар давраи ҳукмронии вай биноҳои муҳташами зиёд сохта шудаанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказии муосир осори Соҳибқирон эҳтиёткорона ҳифз карда мешавад.

Сарони давлатҳо ансамбли Регистонро тамошо карданд.

Ба меҳмонон дар бораи таърихи се ёдгории боҳашамати меъморӣ – мадрасаҳои Мирзо Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ маълумот дода шуд. Анъанаҳои меъмории халқи мо, ороиши мадраса ва маъниҳое, ки дар нақшу нигор гузошта шудаанд, мароқи бештари ҳайати вакилони Туркманистонро ба амал овард.

Дар ин ҷо Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов барои хотира ба сурат афтиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: