ТАЪРИХИ ӮЗБЕКИСТОН: МУШКИЛҲО ВА НАҚШАҲОИ ОЯНДА

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Институти таърих ва Маркази мувофиқсозиву методии масъалаҳои таърихи навтарини Ӯзбекистони назди Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Таърихи Ӯзбекистон: комёбиҳо, мушкилҳо ва нақшаҳои оянда» нишасти матбуотӣ ба амал омад, ки дар он мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Айни замон барои рушди ҳофизаи таърихӣ ва фанни таърих бо ташаббуси роҳбари давлат эътибори алоҳида нигаронда мешавад. 28 декабри соли 2018 дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Олий Маҷлис зарурати омӯзиши таърихи қадимӣ ва ғании Ватанамон, дар ин бобат пурзӯр кардани корҳои илмиву тадқиқотӣ таъкид гардид.
Дар низоми Фарҳангистони улум мувофиқи қарори Президенти кишвар Шӯрои ҷамоатӣ бинобар таърихи навтарини Ӯзбекистон фаъолият дорад. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби аъзои шӯрои ҷамоатӣ, Институти таърих ва Маркази мувофиқгардониву методии масъалаҳои таърихи навтарини Ӯзбекистон дар давоми ду соли охир як қатор монографияҳои муаллифиву ҷамоавӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба нашр расиданд. Дар баробари онҳо маҷаллаҳои «Таърихи Ӯзбекистон» ва «Масъалаҳои муҳими таърихи навтарини Ӯзбекистон» интишор ёфтанд.
Дар миёни адабиётҳои таълимӣ китоби дарсии «Новейшая история Узбекистана»-ро, ки дар асоси муносибатҳои байнифаннӣ таълиф шудааст, алоҳида қайд кардан лозим аст. Дар миёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил аввалин китоби дарсиест, ки дар бораи таърихи навин баҳс мекунад. Дар ҷараёни кор таҷрибаи ҷаҳонии офаридани китобҳои дарсӣ омӯхта шуд.
Робитаҳои байналхалқии илмӣ мустаҳкам мегарданд. Дар давоми солҳои 2017-2018 дар бораи ҳамкорӣ бо муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва ҷамоавии Олмон, Русия, Ҷумҳурии Белорус меморандум ва қарордодҳо ба тасвиб расиданд. Дар доираи ҳамкорӣ суҳбатҳои мизи мудаввар, конфронсҳо, семинарҳо гузаронда шуда, корҳои нашри муштарак омода карда мешаванд.
Кормандони илмӣ дар баробари ширкат дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ дар конфронсҳои хориҷӣ низ фаъол мебошанд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки вақтҳои охир ба фанни таърих эҳтиёҷ меафзояд ва, бинобар ин, ба такмили он эътибори махсус дода мешавад.
Кормандони Институти таърих барои рушди таърих ва дар замони имрӯз аҳамияти алоҳида касб кардани он саъю талош варзида, дар таълифи монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Вақтҳои охир бисёр китобҳо таълиф ва тарҷума шудаанд, ки дар байни онҳо «Наводири зиёия» ном асари Садри Зиё низ ҳаст. Дар нишаст оиди чунин китобҳои таърихӣ низ сухан рафт. 

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: