Дар охири соли 1964, баъди аз ҳамаи вазифаҳо сабукдӯш гардонда шудани Никита Хрушёв, ки ин ҳодиса номи «табаддулоти давлатии октябрӣ»-ро гирифта буд, дар Пленуми КМ ҲКИШ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳукумат сиёсати нав эълон карда шуд.
Дар охири соли 1964, баъди аз ҳамаи вазифаҳо сабукдӯш гардонда шудани Никита Хрушёв, ки ин ҳодиса номи «табаддулоти давлатии октябрӣ»-ро гирифта буд, дар Пленуми КМ ҲКИШ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳукумат сиёсати нав эълон карда шуд. Санаи нав пайдо: баъди ним сол 20-солагии ғалаба бар фашизм. То ин ҳангом дар мамлакат 9-уми май васеъ ҷашн гирифта намешуд, як рӯзи оддӣ ба шумор мерафт. Дар маҷаллаю рӯзномаҳо матолиби ҷангӣ рӯйи чопро медиданд, дар телевизон филмҳои мустанад намоиш дода мешуданд, иштирокчиёни ҷанг дар ҷамоаҳои ҳарбӣ гирди ҳам меомаданд. Бо ҳамин тамом.
Баҳори соли 1965-ро хубтар ёд дорам. Дар рӯзномаҳо қарори КМ ҲКИШ «Оид ба таҷлили 20-солагии ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» рӯйи чопро дид. Дар ин санади ҳизбӣ аз ҷониби ҳукумати нав ғалабаи таърихии халқи шӯравӣ бар фашизм бори аввал арзёбӣ гардида, бобати тарғиби васеи он чорабиниҳои мушаххас андешида шуда буданд. Аз он рӯз ин санаро ҷашни умумихалқӣ эълон карданд.
Пеш аз сана, бевосита, Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР «Дар бораи рӯзи истироҳат эълон гардидани 9-уми май — Рӯзи ғалаба» интишор ёфт. Ба як қатор шаҳрҳо унвони ифтихории «Шаҳри қаҳрамон» дода шуд. Он вақтҳо дар мактабу муассисаҳои таълими олӣ бо иштирокдорони ҷанг вохӯрӣ ва гирдиҳамоиҳои мутантан баргузор мешуд. Баъди соли 1945, ҳамон сол бори аввал танҳо дар Майдони сурхи шаҳри Маскав паради ҳарбӣ баргузор шуд.
Дар ибтидо ба ниёзи рӯзмарраи сабабгорони ин Ғалабаи бузург — сарбозону афсарон касе эътибор намедод. Аксарияти онҳо дар корхонаҳову хоҷагиҳои деҳот меҳнат мекарданд, шароити зиндагиашон хуб набуд. Маъюбони аз дасту по маҳрумгардида бо нафақаи ночиз ба сар мебурданд. Мафҳумҳои «иштирокчии ҷанг» «дар муҳосира монда» ва имтиёзҳо дертар пайдо шуданд...
Падарам дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1965 барвақт аз кор омад. Тунду димоғсӯхта буд, ҳатто ба саломи мо алек нагирифт. Аз ҷайбаш билети ҳарбии сурхро бароварда, ба як гӯшаи хона ҳаво доду даст ба таом набурда сар ба болини хоб ниҳод.
Шоми он рӯз маълум гардид, ки ҳамаи иштирокдорони ҷангро субҳ ба комиссариати ҳарбии маҳалли зист барои штамп задан ба билети ҳарбӣ фиристода будаанд. Он штамп тасдиқ менамуд, ки онҳо воқеан иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳастанд. Дар комиссариат то нисфи рӯз билетҳои ҳарбиро тафтиш намудаанд. Билети ҳарбии падарро аз ҳама охир бармегардонанд. Вале дар сутуни 17-уми он, ки бояд хидмати ӯ дар давраи ҷанг қайд мешуд, навиштаҷоте набуд, дар сутуни 18-ум бояд ба маънои дар ҷанг ширкат ҷустааст, штамп зада мешуд. Вале танҳо навиштаҷоте ба назар мерасид, ки дар ҷанг иштирок накардааст.
Аҳли маҳалла медонист, ки ӯ иштирокчии ҷанг буда, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо иштирокаш ба қайд гирифта шудааст. Вале имрӯз, ғайричашмдошт, мегӯянд, ки ӯ дар ҷанг иштирок накардааст. Ин хеле аламовар буд.
Бояд ба ин рӯшанӣ андохт. Баъди демобилизатсия падар дар заводи аз Ленинград ба Самарқанд кӯчондашудаи «Кинап» кор кард. Номи бимангез не: «Кинап». Дар асл ин корхонаи пӯшидаи низоми саноати Вазорати дифои СССР буд. Танҳо баъди фурӯпошии СССР мо донистем, ки ин завод бо истеҳсоли ашёи комплекткунанда барои тадқиқоти кайҳонӣ ва силоҳи ракету ядроии мамлакат иртибот доштааст.
Инҷониб баъди хатми синфи 10 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шудам, баъди дипломро ба даст гирифтан, муддате дар Қаршӣ кор кардам. Боз давраи хониш шурӯъ шуд, ин дафъа дар Маскав.
Ҳар боре, ки ба Самарқанд меомадам, бо падар дар бораи ҷанг суҳбат мекардем. Ӯро ба гап даровардан осон набуд. Кӯтоҳ сухан мекард: фронти Волхов, фронти Назди Балтика, муҳосираи Ленинград, бомбаборон карда шудани соҳили кӯли Ладога, ки аз як полк ду нафар зинда монданд: ӯ ва як асп. Вай ин ҳангом ба ҷойи тунукоби кӯл барои шустани деги дар болои аробаи дучарха насбшуда даромада буд...
Камина баҳори соли 1977 дар Мактаби олии иттифоқҳои касабаи ШМУИК (Шӯрои Марказии Умумииттифоқии Иттифоқҳои Касаба) таҳсил доштам. Полковники ба истеъфо баромадаи КДБ ҷонишини роҳбари кафедраи тайёрии ҳарбӣ, барои чанде аз шунавандагон, ки инҷониб низ ба он гурӯҳ шомил будам, экскурсия ташил дод. Мо ба осорхонаи КДБ рафтем. Баъди тафтиши шиносномаҳо, моро ба осорхонае, ки на ҳама даромада метавонад, роҳ доданд...
Дар осорхона мо бо бисёр чизҳо шинос шудем. Стендҳои толори махсус аз кору фаъолияти робитаҳои ҳукуматӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекарданд. Танҳо дар ин ҷо донистам, ки падарам дар куҷо хидмат карда будааст. Зеро робитаи доҳӣ ва атрофиёни ӯро бо олами беруна маҳз сипоҳи робитаҳои ҳукуматӣ, ки он солҳо дар таркиби НКВД-и пешина (КДБ баъдӣ) буд, таъмин кардааст.
Аз фурсат истифода бурда ба экскурсавод (полковник) гуфтам, ки падари ман дар давраи ҷанг барои Сталин алоқаро таъмин намудааст. Пас, ӯ низ дар сипоҳи робитаи ҳукуматӣ хидмат кардааст. Дар комиссариати ҳарбии манзили зист ӯро иштирокчии ҷанг наҳисобидаанд. Ин аст, ки аз тамоми имтиёзҳо маҳрум аст...
— Комиссариатҳои ҳарбӣ тобеи Вазорати дифоъ мебошанд. Агар бо лутф гӯем, онҳо ба мо кам эътибор медиҳанд. Собиқадорони низоми КДБ-ро ҳоло ба идораҳои гуногун вобаста кардаанд. Онҳое, ки дар давраи ҷанг хидмат кардаанд, вобастаи комиссариатҳои ҳарбиянд, хидматгузорони баъдиҷангӣ дар ихтиёри КБД-и вилоятиву ҷумҳуриявианд. Агар аз хидмат ба нафақа баромада бошанд, шомили бахшҳои таъминоти иҷтимоиянд. Шумо ба раис нома нависед.
— Кадом раис?
— Ба Юрий Владимирович Андропов. Ин гуна масъалаҳо бо супориши ӯ зуд ҳал мешаванд.
Баъди дудилагиҳо қарор кардам, ки ба номи Ю. В. Андропов ариза бинависам. Матнро, баъди чанд бор рӯбардор кардан, ба ҷонишини роҳбари кафедраи ҳарбӣ, полковник Ю. Черкасов нишон додам. Ӯ баъди ба нома таҳрир ворид намудан гуфт:
— Аризаро бояд падарат нависад. Вақте ҷавоб ба номи ту меояд, комиссариати ҳарбӣ пинакашро вайрон намекунад. Зеро, баъди ҷавоби мусбат, падарат соҳиби имтиёз мешавад. Имтиёз маънои аз буҷет пул ҷудо карданро дорад.
Фикр кардам, ба падар такрор ҷавоби рад ояд, зарбаи сахт мешавад. Биноан, аризаро ба конверт андохта тавассути почта ирсол доштам.
Таътили тобистонаро чун ҳамеша дар Самарқанд гузарондам. Рӯзе раиси маҳалла, собиқ омӯзгори мактаб А. Салоҳиддинов, ки падарамро аз овони бачагӣ медонист, маро ба дафтари кориаш хонда забони шиква кушод. Гуфт, ки падарам сураташро барои тахтаи фахрӣ намедиҳад. Ба хонааш суратгирро фиристондем, пеш кардааст. Охир ин аз рӯйи адолат нест, тахтаро сурати ду-се сол ҷангидагон оро медиҳаду сурати падари ту, ки қариб ҳашт сол дар сафи лашкари шӯравӣ буд, дар тахтаи фахрӣ нест.
— Шумо хабар доред, ки ин кори комиссариати ҳарбӣ аст?
— Бало ба пасаш. Мо хеле хуб медонем, ки ӯ дар ҷанг иштирок кардааст! — посух дод ӯ.
Тирамоҳи соли 1978 пушти сар шуд. Камина аризаи ба КДБ навиштаро фаромӯш карда будам. Моҳи феврал, баъди таътили зимистона, веқте ба таҳсил баргаштам, котиби декан ба сӯям каҷ нигариста гуфт:
— Туро шуъбаи якум даъват мекунад. Боз чӣ номаъқулӣ содир кардӣ? Мардум ҳанӯз дар он фикранд, ки шуъбаи якум — филиали дар идораву ташкилотҳо будаи КДБ садоқатмандии мафкуравиро таҳти назорат мегирад.
Ба шуъбаи якум рафтам. Аз он ҷо, баъди суҳбат, маро ба хонаи рақами 7-уми бинои аз аҳди Дзержинский боқимонда раҳнамун карданд.
Он ҷо ба истиқболи банда подполковнике, ки либоси сабзи чекистӣ дар бар дошт, аз ҷо боло шуда самимона ҳолпурсӣ кард. Баъди иҷозати нишастан, бо оҳанги махсус пурсид:
— Шумо дар хусуси падаратон бо ариза ба раис, генерали армия Юрий Владимирович Андропов муроҷиат намуда будаед. Бино ба супориши ӯ ходимони архиви мо бо кори падаратон машғул шуданд. Санадҳое ба даст омаданд, ки иштироки падари шуморо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ менамоянд. Мо ба шумо ҷавоби кумитаро дар ин хусус пешниҳод кардан мехоҳем. Ҷавоби мо ба номи шумо дар комиссариати ҳарбии манзили зисти падар мушкиле эҷод мекунад. Шуморо ба ин ҷо барои муайян кардани нишонии падаратон даъват намудем.
Подполковник, ба ҳар ҳол, як нусахаи ҷавоби кумитаро ба ман низ пешниҳод намуд.
Ҳангоми хайрухуш аз ӯ суол кардам:
— Ҳарчанд инҷониб мактаби иттифоқҳои касабаро хатм менамоям, худро журналист меҳисобам. Аз ин рӯ, метавонам ба шумо суоле бидиҳам?
— Агар ба ариза иртиботе дошта бошад, бифармоед.
— Наход аризаи ман ба дасти Андропов расида ва ӯ шахсан бо он ошно шуда бошад?
— Агар рост бигӯям, намедонам. Инак, ҳоло ба архив нишонии падари шуморо ирсол дошта, ҷараёни аризаатонро қатъ намуданиям. Ба шумо хондан ё нахондани ӯ чӣ фарқ дорад? Кадоме аз роҳбарон онро мехонад. Аз ҳама муҳимаш, ҳуҷҷатҳои падари шумо ёфт шуданд...
Падарам бо мурури солҳо мукофотҳои ҷангиро, аз ҷумла, ҳамаи дараҷаҳои ордени Ҷанги Бузурги Ватаниро гирифт, тавассути телевизиони ҷумҳурӣ баромадҳо низ дошт. Дар ҳама маврид суханаш кӯтоҳ буд: «Бале, душвор буд, вале мо ғалаба кардем».
Дар яке аз рӯзҳои моҳҳои августи соли 2008, вақте бо аҳли маҳалла ва хешу ақрабо 85-умин солгарди зодрӯзи падарро ҷашн мегирифтем, аз ӯ суол кардам: «Барои чӣ Шумо ҳеч гоҳ ба забон намеоваред, ки дар сипоҳи робитаҳои ҳукуматӣ хидмат кардаед?»
— Чӣ лозим?
— Дар он сурат имкони зудтар пайдо кардани ҳуҷҷатҳо ба вуҷуд меомад. Шумо охир дар тӯли сӣ сол «иштирокчии ҷанг» набудед.
— Ман дар ин хусус забонхат навишта будам, ки ҳеч гоҳ, дар ягон ҳолат ин сирро хаттӣ ё даҳонӣ ошкор намесозам...
Раҳимҷон СУЛТОНОВ,
журналисти собиқадор.