ТАЪРИХНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ”

Дар арафаи ҷашни 110-солагии шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” китоби яке аз пажӯҳишгарони таърих, марди худшинос Ӯзбакбойи Раҳмон бо номи “Таърихномаи “Бухорои шариф” чоп гардид.

Муаллиф мақолаҳои худро, ки солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ нашр шудааст, ба китоб илова намудааст. Пас аз мутолиаи ин китоб Шумо дар бораи рӯзномаи “Бухорои шариф” ва кормандони он, мавзӯи мақолаҳои интишоршуда, иловаҳои рӯзнома ва мавқею дараҷаи он огоҳ мешавед. Оварда мешавад, ки  “Рӯзномаи “Бухорои шариф” «ҳамчун асбоби тараққии маориф нашр гардида, ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад ва ҳамаи мардумро аз зулмати ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда ба рӯшноии илм ва ирфон раҳнамун месозад». Ба ин мақсад дар рӯзнома зери унвони ахбори маҳаллӣ ва Туркистон, ахбори дохила, ахбори хориҷа, бахши адабиёт, солимӣ, эълонҳо, бахши ғояи омол, яъне мақсаду амал хабару мақолот ва ҳикояву намунаҳои назмӣ дарҷ гардидаанд. Ҳар як шумора аз бахши ғояи амал оғоз меёбад, ки дар он мақсади нашр ва вазифаҳои рӯзнома инъикос ёфтааст”.
Муҳаррири китоб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода қайд мекунад, ки ин китоб барои худшиносии мардум ва рушанӣ андохтан ба масъалаҳои носаҳеҳи таърих имкон медиҳад.

Асалой САРХАТЗОДА,
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: