Вақте ба истеъдоди нафаре, ки некбинона одату тартиботи муқаррариро вайрон мекунад, баҳо медиҳанд, мегӯянд, ки ӯ инсони хориқ ё фавқулодда навовар аст.
Нисбати чунин инсонҳо намегӯянд, ки истеъдодаш сайқал ёфт ё ба камол расид, балки мегӯянд: зуҳур кард. Шоири бузурги садаи ХХ тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ аз истеъдодҳое буд, ки дар адабиёти навини тоҷик зуҳур кард, ба таъбири дигар, мисли фаввора зада баромад. Ва ин зуҳур бисёр эҳсосшаванда буд. Устод дар маънӣ ва шакли шеъри тоҷик қолабшиканиҳои зиёде кард...
Ёдам ҳаст, солҳои донишҷӯйӣ аксарияти мактабиён, ҷавонон ва донишҷӯёни гурӯҳу факултаҳои филологияи тоҷики донишгоҳу донишкадаҳои Самарқанд лоиқхонӣ мекарданд. Инҷониб ду маҷмӯаи ашъори устод — «Соҳилҳо» ва «Нӯшбод» - ро аз ёд карда будам. Дар мавсими ғунучини пахта, ки он солҳо донишҷӯён «фаъол» иштирок мекарданд, шабҳо байни гурӯҳҳо байтбарак баргузор мешуд. Донишҷӯён бештар дубайтиву рубоӣ ва байтҳои обдори шоирро ба забон меоварданд. Бешак, он солҳо дар кулли шаҳру деҳоти тоҷикнишини Осиёи Марказӣ китобҳои устод Лоиқ аз дасти мардум, хусусан ҷавонон, намеафтод.
Боре дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо шоиру нависандагони тоҷик, ки дар байни онҳо устод Лоиқ Шералӣ низ буд, вохӯрӣ баргузор шуд. Дар он маҳфил аз ҷониби донишҷӯён бештар шеърҳои Лоиқ қироат шуданд. Баъди вохӯрӣ навмашқон ва мухлисони шоир, барои соядаст гирифтан аз ӯ, гирдашро ҳалқавор печонда гирифтанд. Камина ҷуръате пайдо карда, як машқамро, ки «Арча» ном дошт, ба устод дароз кардам. Дар шеър умри инсону арча мавриди муқоиса қарор гирифта буд. Гуфта шуда буд, ки эй арча, ту зимистону баҳор сарсабзӣ. Кош, инсон низ мисли ту як умр ҷавон мемонд. Бузургвор машқро хонда, чунин соядаст навишт: «Пайдост, ки машқи зиёде кардаед. Умед ҳаст. Вале ба маънои аслию маҷозии арча сарфаҳм равед». Бале, дарахти ороишӣ — арча як умр сарсабз аст. Вале мева надорад. Инсон мева, хиради офаранда ва рӯҳе ҳамешасабз дорад...
Дар он аҳди «каҷ дору марез» афкору андешаҳои устод ғайримунтазир буданд, дарди миллатро бепарда мегуфт, ҳақталошиҳо дошт. Дертар ин падидаро намояндагони пештози адабиёти халқҳои бародар низ диданд. Ҳарчанд шеърҳояш кам тарҷума мешуд, аммо зимнан эътирофаш мекарданд. Ба фикри мо, ҳамин эътирофи зимнӣ (дарунӣ) эътирофи ҳақиқист.
Китобҳои устодро бисёр шоирони ҷавони боистеъдоди ӯзбек низ ба ҳар васила дастрас намуда, аз ӯ гирумон мемӯхтанд. Мисли Пушкин, Сергей Есенин, Евг. Евтушенко, Ҳенрих Ҳайне ва Абдулло Орипов дар байни алоқамандони адабиёти минтақа устод маҳбубияте дошт.
Дар сари зиндагиаш чанд шеъри ӯро интихобан шоири ӯзбек — шодравон Самандар Воҳидов тарҷума карда, дар шакли китоб бо номи «Муҳаббатим» («Муҳаббатам») ба хонандаи ӯзбек пешниҳод намуда буд. Шоири боистеъдоди ӯзбек, равоншод Асқар Маҳкам аз мухлисони ҳамешагии Лоиқ Шералӣ буд. Марҳум як силсила шеърҳои устодро бо маҳорати баланд ба ӯзбекӣ баргардондааст. Сад дареғ, умраш бақо накард...
Ба қарибӣ китобе бо номи «Онагинам» («Модарам») ба дастам афтод, ки муаллифаш Лоиқ Шералӣ буд. На, гумон накунед, ки устод, ба қавле, зуллисонайн буду шеърҳои ӯзбекӣ низ дошт. Ин корро тарҷумони нави ӯ — Одил Икром анҷом додааст. Тарҷумон дар пешсухани китоб гуфтаҳои зерини адиби номӣ Темур Зулфиқоровро овардааст, ки ишора ба бузургии Лоиқ Шералианд: «Ман фикр мекунам, ки Худованд дар рӯйи замин як Шоирро офарида, ба ӯ ному қисматҳои гуногунро додааст. Дар Русия ӯро Александр Пушкин, дар Англия Ҷорҷ Гордон Байрон, дар Италия Данте Алигери, дар Тоҷикистон Лоиқ Шаралӣ номидаанд...».
Ҳадаф аз тарҷума ба мулки маънавии миллати худ табдил додани осори адибони халқҳои дигар мебошад, ки кори басе сангин аст — резакориҳои зиёдеро тақозо дорад. Шарти аввал забони тарҷума аст, ки гӯйишу ифодаҳо бояд миллӣ сурат гиранд, сониян тарҷумон бояд ба дунёи маънавии шоир ё нависандаи ғайр ворид шуда тавонад. Гоҳо тарҷумонҳо ҳангоми тарҷума қонуну қоидаҳои забони худро тобеи қонуну қавоиди забони асари мавридаи тарҷума қарор медиҳанд, ки қобили қабул нест. Зеро гӯйишу ифодаҳо ғайритабиӣ сурат мегиранд...
Бо тарҷумаҳои Одил Икром, ки 60 шеъри устод Лоиқро ба забони узбекӣ баргардондааст, тавассути маҷмӯаи «Онагинам» аз тариқи нашриёти «Noshirlik yog’dusi»-и пойтахт ба хонанда пешниҳод кардааст, ошно гардидам. Бояд гуфт, ки тарҷумон ба дунёи маънавии шоири бузург ворид шуда, онро ба хонандаи ӯзбек намуда тавонистааст.
«Модарнома»-и шоир дар адабиёти тоҷик саҳифаи нав кушод. Устод Лоиқ дар ситоиши модари тоҷик шеърҳои зиёд гуфтааст, вале дар байни онҳо шеъри «Ба модарам»-и ӯ ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро дар он сурату сирати воқеии модари тоҷик пеши назари хонанда ҷилва менамояд. Одил Икром дар китоби мавриди назар тарҷумаи ин шеърро овардааст. Барои муқоиса як пораи онро бо тарҷумааш меоварем. Бигузор, хонанда ба ҳунари тарҷумон худ баҳо диҳад:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният.
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Тарҷума:
Ӯтириб сандалининг бир чеккасида,
Тунларда кӯз юммай, оҳ, қари онам,
Сен, балки, куёвлик тӯнин тикарсан,
Дилда ниятларинг бӯлиб бир олам.
Куёвлик тӯнини қаддимда кӯриб,
Тӯй куни ушалсин армонларинг то,
Токи ёшлигингнинг ранги, чиройи
Қайтадан порласин ва берсин жило.
Онажон, қудратли, титроқ қӯлингга,
Қанийди, айласам жонимни фидо!
Ё порае аз шеъри «Дар шаби борон»:
Ин шаби туршрӯйи боронӣ,
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.
Тарҷума:
Бу ёмғирли тунда, маҳзун кечада
Онам кулбасин ӯйладим бир зум.
Унинг чакка ӯтган томини эслаб.
Дилимда бир дунё йиғлади юм-юм.
Устод бахшида ба шоирони зуллисонайн (дузабон) шеъре дорад, ки бо сатри «Бӯалӣ — бихради накӯфарҷом» оғоз меёбад. Одил Икром ин шеърро низ бо маҳорат тарҷума кардааст. Мутаваҷҷеҳ бошед:
Бӯалӣ — бихради накӯфарҷом,
Рози дилро ба ду забон мегуфт.
В-он ҳакими нишопурӣ — Хайём,
Дурри маънӣ ба ду забон месуфт.
Шоирон беш ду забон буданд:
Бо забони худу забони халқ,
Бо забони ҳақиқату дили худ,
Шеър гуфтанду достони халқ.
Лек, афсӯс, дар ҳама айём.
Гарчи мардум закиву ҳушёранд.
Шоири дузабон чӣ кампайдост,
Шоирони дурӯя бисёранд.
Тарҷума:
Ибни Сино икки тилда сӯйларди
Кӯнгил асрорини, юрак арзини.
Нишопурлик Хайём икки забонда,
Чақир эди битта маъно мағзини.
Икки тиллик эди шоирлар бурун,
Узини тилию халқ тили билан.
Мумтоз шеъру достон битди эл учун,
Ҳақиқат тилию қалб тили билан.
Бу — бизнинг замонга хос бӯлган ғамдир,
Гарчи ҳамма зукко, ҳушёрдир ҳамма.
Икки тиллик шоир нақадар камдир,
Шоирларнинг кӯпи — иккиюзлама...
Ба фикри инҷониб, тарҷума чунин хусусият дорад, ки наметавон ҳамаи сатрҳоро ҳарф ба ҳарф ифода кард. Гоҳо мешавад, ки тасвиру маъниҳои як байти шеъри мавриди тарҷума дар ду байт ифода меёбад. Сониян, шеър худ тарҷума аст, онро панҷ узви эҳсосии шоир тарҷума карда, рӯйи коғаз мерезад. Мегӯянд, ки дар ин ҷараён — кор хӯрдани шеър дар коргоҳи ҳиссу андеша, оҳори шеър мешиканад, яъне нафосату назокати он то ҷое коста мегардад. Пас, тарҷумон тарҷумаро тарҷума мекунад. Худ пеши назар оваред, ки дар ин ҷараён шеър нафасоту назокати аслияшро то куҷо гум мекунад. Ба андешаи мо, Одил Икром ин ҳамаро пеши назар оварда, ба тарҷумаи шеърҳои устоди сухан — Лоиқ Шералӣ даст задааст. Вагарна комёб намешуд.
А. СУБҲОНОВ.