«ТАРКИ ҶАФО НАКАРДӢ!»

Новелла

Аҳмад имрӯз ҳам сархуш ва маст ба хона омад. Вай калавида-калавида аз дари ҳавлиаш ба саҳни он ворид шуд. Завҷааш Шоиста чун ҳамеша вайро бо итоб ва ғазаб пешвоз гирифт. Ҳангоме ки Аҳмад аз вай хӯрок пурсид, Шоиста гуфт:
– Ҳамон маъшуқаат шикаматро сер накард? Хӯрок надод? Ба ҷойи хӯрок санг медиҳам, ки хӯрӣ!  
Аҳмад барои он ки наафтад, аввал тани дарахти ягонаи себи саҳни ҳавлиро бо дастонаш дошт, сипас боз калавида, тағораи мағзобаро бо пояш зад, девори хонаро дошта, ба дарун даромад. Ба рӯйи диван хобид ва ғурунгос зад:
– Ҷодугар! Рӯйи ту барин инсонро Худо шӯяд. Ту одам нестӣ. Аҷузаи худозада. Ту чӣ будани ишқро аз куҷо медонӣ!  
Ҷанҷолу дилсиёҳиҳо дар хонадони онҳо аз он буд, ки Аҳмади майхора, ки дар гузашта хидматчии ҳарбӣ буда, бармаҳал ба истеъфо баромада буд, акнун чун мудири хоҷагии Хонаи меҳрубонӣ кор мекард.  Муҳосибаш – Лола маъшуқаи вай гардида буд. Ин ҳамаро Шоиста сахт рашк мекард. Вай асрори чунин ишқбозии шавҳарашро намефаҳмид. Сахт ҷонаш дар азият буд, ки шавҳараш вайро ба як беваи начандон банур, ки рангу бори рӯяш аз ҳад зиёд буд, иваз кардааст. Ҳол он ки вай баҳусну ҷамол буду маълумоти олӣ дошт, дар ақлу фаросат аз маъшуқаи шавҳараш баланд буд. Рақиби Шоиста як зани сабукпо буд, аммо бо меҳрубонӣ ва навозиш дили шавҳарашро рабуда буд. Рӯзҳои сафед ва шабҳои сиёҳ мегузаштанд. Шоиста сахт азият мекашид, аммо дилбастагии шавҳарашро ба он аҷуза дарк карда неметавонист. Чаро шавҳараш ба вай чун ба зани бегона муомила мекунад. Ин ҳама барояш нофаҳмо буд.  Шоиста андеша меронд: магар вай хӯроки бомазза пухта наметавонад, оё онҳо фарзандони ба балоғат расида надоранд? Дар муносибаташон чӣ дарз рафтааст? 
Боз овози шавҳараш андешаҳои бесару нӯги вайро дарҳам мешиканад. 
– Ӯй, фарёд аз он ки ҳаргиз тарки ҷафо накардӣ!.. Ӯй, мегӯям...
Пас аз чанде Аҳмад ба хоб рафт. Хуб, чаро вайро, ки баробари ҷон дӯст медошт, ба ҳамон аҷуза иваз кард? – аз дил мегузаронд Шоиста. Ман чӣ кор кунам, ки дар оила сулҳу оштӣ барқарор шавад? Ба ҷойи кораш меравам. Ба роҳбараш арза мекунам. Вай ҷодугарашро ҳам мебинаму ҷазояшро медиҳам, ба як қарор омад Шоиста. 
Рӯзи дигар пас аз он ки шавҳараш ба кор рафт, Шоиста куртаи зеботаринашро пӯшид, гӯшвораи тиллоро ба гӯшаш кард, ороставу пероста гардида, роҳи Хонаи меҳрубониро пеш гирифт. 
Директори Хонаи меҳрубонӣ – марди миёнақади сиҳҷурда бо тамкин арзи вайро шунида гуфт:
– Мо ҳақ надорем, ки ба корҳои маҳрамона, оилавии Шумо мудохила кунем. Худатон оштӣ шавед. Масъаларо бо ҳам ҳаллу фасл кунед. 
Шоистаи гирён боз бо дили шикаста ба хонааш омад.  Ва баҳори умр – айёми ҷавониро ёдовар шуд. Ҳангоме ки Аҳмад аз пайи вай метохт, ба вай рӯйи хуш наменамуд. Аммо ҳангоме ки онҳо – донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Ленинград фиристоданд, Аҳмад ба ҷону ҳолаш намонда, вайро ҳамроҳӣ кард. Ҳангоми сафар вай нозҳои Шоистаро мебардошт, ҳар хоҳиши ӯро бо ҷону дил ба ҷо меовард. Ин ҳама боиси он шуд, ки тӯйи никоҳи онҳо барпо гардид. 
Баъдан Аҳмад ҳам бо кӯмак ва дастгирии Шоиста шуъбаи ғоибонаи ҳамон факултаи филологияи русро хатм карда, рутбаи афсариро бигирифт. Кораш пеш мерафт, кордаш болои равған буд. Аммо як нуқсони асосии вай буд, ки бисёр шароб менӯшид. Бо вуҷуди он ки Шоиста завҷаи нозпарварди вай буд, ҳар хоҳишашро Аҳмади соҳибмартаба иҷро мекард, Шоиста барои майнӯшиаш суханҳои таҳқиромез мегуфт. Аммо Аҳмад ба ҳамаи суханон беэътибор буд, мастона механдид, майхорагиро идома медод. Кӯшиш мекард, ки дар ҳолати мастӣ Шоистаро ба оғӯш гираду бибӯсад. Аммо Шоиста муқовимат мекард, бӯйи кароҳатоваре, ки аз шавҳараш меомад, ба нафрати Шоиста меафзуд. 
Ҳамин тавр солҳо сипарӣ гардиданд. Шоиста ду фарзандро ба дунё овард, онҳоро ба воя расонд. 
Шоиста маротибае поида аз паси шавҳараш рафт. Вай дид, ки шавҳараш дар майдони Регистон бо маъшуқааш мулоқот дорад. Шавҳараш бо дасташ ба сӯйи Регистони бошаҳомат ишора карда чиҳое мегуфт, маъшуқааш механдид. Шоиста дар оташи рашку хусумат месӯхт. 
Шояд иштибоҳ аз вай сар зад. Муомилаашро ба шавҳараш хуб мекард, ба дунболи маъшуқа намерафт. 
Ин субҳидам бошад, шумхабари он ки шавҳараш дар тӯйхона ҳангоми хӯрдани шафтолу якпаҳлу ба замин афтода, бандагиро ба ҷо овардааст, ба ҳама ҷо расид. Ин рӯзи сангинтарин барои Шоиста буд. Шоистаи ба робот табдилёфта  маросими дафни шавҳарашро бо як азоб гузаронд. Инак, ҳавлӣ ҳам холӣ гардид, зеро ду фарзандаш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буданд. Фақат зану фарзанди яке аз писаронаш бо вай зиндагӣ мекарданд. 
Шоиста бисёр андеша мекард, аз худ мепурсид, ки ҳамин сияҳбахтӣ аз куҷо ба сари вай афтод. Дар ҳаёти зану шавҳарӣ ба чӣ аҳамият надод? Чаро шавҳараш ба вай хиёнат кард?
 Ӯктам  ИБРОҲИМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: