ТАРМИМУ БОЗСОЗИИ ОБЪЕКТҲОИ ОБЁРӢ – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Дар ҳамаи давру замон барои обёрии майдонҳои кишт аз системаи ирригатсионӣ ё шабакаҳои обёрӣ истифода бурдаанд.

Ин шабакаҳо бо гузашти вақт ба тармиму бозсозӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд.  Барои ҳамин ҳар сол дар соҳили дарёҳо, объектҳое, ки барои ҷоришавии оби сели пурталотум сохта шудаанд,  корҳои тармим ва бозсозӣ сурат мегиранд. 

Мувофиқи қарори Президент «Дар бораи Барномаи давлатии ривоҷ додани шабакаҳои обёрӣ ва беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар солҳои 2018-2019» аз 27 ноябри соли 2017 мо корҳои зиёдеро дар ин самт ба сомон расонидем ва ин раванд дар айни ҳол низ идома дорад. 
Ин ҷо мо дар мисоли объектҳои ирригатсионии  ноҳияи Сӯх баъзе факту рақамҳоро оварданием. Барои мустаҳкам кардани иҳотаи ду соҳили рӯдхонаи Обишир, ки тӯли он беш аз 1,2 км-ро ташкил мекунад ва бар асари селу обхезиҳои зиёд хисороти ҷиддӣ дидааст, наздик дуним миллиард сӯм харҷ гардид. Дар ин кор ба мо корхонаи хусусии «Фарғонаремгидромаш» дасти ёрӣ дароз кард. Коргарони ин корхона тавассути мошину булдозерҳо иҳотаи ду соҳили рӯдхонаро дар муддати кӯтоҳ тармим ва бозсозӣ намуданд. 
Деҳаи Ҳушёр бештар аз ҳашт ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Мардуми он дар тӯли садсолаҳо барои нӯшидан ва  обёрӣ кардани майдонҳои кишти худ аз оби чашмае истифода мебурданд, ки алҳол дар қаламрави деҳаи Согменти Қирғизистон мондааст. Аз соли 2013 ҳамсояҳои қирғизи мо пеши оби ин чашмаро куллан боздоштанд ва мардум маҷбур шуданд, ки дар фасли сармо барфу яхро об карда истеъмол кунанд.
Муддати панҷ соли охир кишти майдонҳои мардуми Ҳушёр бо машаққати зиёд обёрӣ гардид. Баъзе хоҷагиҳо умуман аз истифодаи заминҳои наздиҳавлӣ даст кашиданд. Дарахтони зиёд хушк шуда, ба мардуми он зарари калони иқтисодӣ ворид намуд. 
Тирамоҳи соли гузашта ҳукумат барои хобонидани лӯлаҳои обрасонии Ҳушёр, ки масофааш аз 2,6 км иборат мебошад, бештар аз 4 миллиард сӯм маблағ ихтисос дод. Корбасти ин маблағ мусоидат намуд, ки мушкилоти мардуми Ҳушёр бартараф гардад. Техникаи корхонаи давлатии унитарии «Яйпандавмахсуспудрат» барои лӯлаҳои калондиаметри оҳанин тӯли ин масофа чуқурӣ кофтанд. Акнун аз оғози фасли баҳори соли равон тавассути насосҳои пурқудрат барои мардуми деҳ ва майдонҳои таҳти кишти он аз дарё об кашида мешавад.  
Бештари корҳои системаҳои обёриву обрасонӣ тирамоҳ ё то саршавии боришот ва обхезиҳо анҷом дода мешаванд, вагарна натиҷаи корамон самараи хуб намедиҳад. Тирамоҳи соли гузашта мо тавонистем, ки мустаҳкамкунии иҳотаи ду тарафи дарёи Сӯхро дар минтақаи Деҳвайрон – Умбара – Ленбур анҷом диҳем. Масофаи он 815 метрро ташкил медиҳад. Баъди он, ки оби дарё кам шуд,ба корҳои мустаҳкамкунии иҳотаи ду тарафи соҳил пардохтем ва онро дар муддати кӯтоҳ ба сомон расонидем.
 Ҳамчунин, дар деҳаи Шарқобод чунин корҳои мустаҳкамкунӣ роҳандозӣ гардид. Дар ивази 3 миллиарду 160 миллион сӯм канале, ки тавассути он ба ин деҳа оби дарё бо маҷрои худ ҷорӣ шуда меояд, мавриди реконструксия қарор дода шуд. 
Яке аз бахшҳои кори моро кабудизоркунии объектҳои ирригатсионӣ, шинонидани дарахтону буттаҳо ташкил медиҳад. Дар ин бора қарори Девони Вазиронро «Дар бораи чораҳои дар соҳилҳои объектҳои хоҷагии об бунёд кардани иҳотаҳо ва дарахтзорон, ҳамчунин ободгардонии ин минтақаҳо» сармашқи кори худ қарор додаем. Дар ин самт низ корҳои зиёд марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.
Дар айни замон иҷрои корҳои мустаҳкамкунии сарбанди оби Деҳвайрон – Тӯл ба масофаи 1,4 км ва сарбанди Умбара – Ленбур ба масофаи 1,9 км  бо суръат идома дорад. Барои анҷоми ин корҳо аз буҷаи ҳукумат дар маҷмӯъ 7 миллиарду 900 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.

Алламҷон ФОЗИЛОВ,
сардори Садорати системаи ирригатсионии ҳавзаи Сирдарё – Сӯхи вилояти Фарғона. 
Ӯткир БОЛТАБОЕВ, 
сардори шуъбаи ирригатсияи  ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: