ТАРМИМУ ТАҶДИДИ РОҲҲОИ ДЕҲҚОНОБОД

Солҳои охир барои беҳбуд бахшидани шароити зисти мардуми шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар чораҳои муассире андешида мешаванд, ки боиси хурсандӣ аст.

Ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё аз зумраи он мавзеъҳост, ки аз нигоҳи иқтисодӣ камтар рушд карда ва бино бар шароити ҷуғрофии худ дар бобати ободии рӯзгори мардум аз дигар ноҳияҳо дар зинаи пасттар қарор дорад. Ин ноҳия солҳои зиёд аз мадди назари раҳбарон дар канор монда буд ва гуфта мешавад, иқтисоди нисбатан заифаш ба ҳолати инфрасохтори маҳаллаҳои дур аз марказ таъсири манфӣ расонидааст. Шароити номусоиди зист боиси эътирози барҳақи сокинони деҳоти кӯҳистонӣ мешавад. 
Аммо ахиран Деҳқонобод ҳам оҳиста-оҳиста симои худро тағйир медиҳад. Таъкид шудааст, ки қадами ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҷумҳурӣ  ба ин ноҳияи дурдаст низ расида, боиси ободкориҳои зиёде мешавад. Назар ба маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Деҳқонобод ҳудуди 2 ҳазор километр роҳҳо ҷой гирифтаанд, ки аз ин миқдор 460 километр роҳҳои хокӣ мебошанд. Соли 2022 қарори Президент ба имзо расида буд, ки тибқи он 460 километр роҳи вайрон аз нав тармим хоҳанд гашт. Бо қарори раҳбари давлат соли равон роҳҳои дохилии 20 маҳаллаи ноҳия мумфарш ва  роҳҳои 23 маҳаллаи дигар бо роҳи ҳашар сангфарш хоҳанд шуд. То ҳол зиёдтар аз 70 пули вайрона, ки пайваста ба рафту ойи мардум халал мерасонд, таъмир шудааст. Чандин кӯпруки дигар дар нақшаи тармими кулл қарор доранд ва то охири сол бонавбат намуди замонавӣ хоҳанд гирифт.
Бояд таъкид кард, ки ба қарибӣ Президент ба вилояти Қашқадарё ташриф оварда, дар радифи шиносоӣ бо рафти ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ муаммоҳои ҷойдоштаро низ омӯхт. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳокими ноҳияи Деҳқонобод Зойир Алиқулов аз раҳбари давлат хоҳиш намуда буд, ки Деҳқонободро бо техникаи замонавии роҳсозӣ таъмин созад. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳия ба азнавсозиву тармими роҳ-ҳои дохилии маҳаллаҳо азм кардаанд, ки набудани техникаи зарурӣ ба суръати корҳо халал мерасонанд.  Сухангӯи дафтари матбуотии ноҳия гуфт, ки ҳоло аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ техникаву таҷҳизоти дархостӣ ба Деҳқонобод расида, ба ташкилоти мутасаддии роҳсозӣ супорида шудааст.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти 
Қашқадарё.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: