Таронаи Ватан

Эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватан,

Эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватан,
Ман ҳама дам ташнаи оби туам.
Эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватан,
Гӯш ба ҳар ҳарфу хитоби туам.

Ҳар кӣ кунад тарки Ватан, лоҷарам
Тарки падар, модару хоҳар кунад.
Ҳар кӣ Ватанро написандад, ситам,
Бар ҳақи ёрону бародар кунад.
Ҳар кӣ хиёнат ба Ватан мекунад,
Ҳам Ватан ӯро ба паси дар кунад.

Эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватан,
Қадри туро ман ба ҳазор оварам.
Ҷону дилам шефтаи рӯйи туст,
Ин туӣ дар ҷойи падар-модарам.

Зайниддин ОРТИҚОВ,
устои оҳангар аз деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: