ТАРОНАИ ҲАМҶАВОРӢ

Хонандаи гиромӣ, дар поён ду шеъри тозаэҷоди меҳмони ифтихории даъватии конфронс, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Шоири мардумии Тоҷикистон Низом Қосим бароятон пешкаш мегардад. Низом ҚОСИМ

Ба як аҳду паймон
Ду мулку ду давлат,
Қариндил, қаринҷон
Ду халқу ду миллат.
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Ба ҳам чун биёем,
Нафаҳмад касе нек:
Кадом аст тоҷик,
Кадом аст ӯзбек. 
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Ба як ранг моро
Бувад боғу гулшан,
Зи нури яке маҳ
Шаби мост равшан.
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Диҳад сарбаландӣ
Яке кӯҳ моро,
Дили мо хӯрад об
Зи як ҷӯю дарё.
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Бувад лафз дигар,
Вале як дили мо,
Ду лафз аст фаҳмо
Ба ҳар манзили мо.
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Замин – як, само – як,
Макон – як, саро – як.
Як имон, Худо – як,
Сухан – як, нидо – як:
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Ба ин аҳду паймон
Қаринтар бигардем,
Накӯ дӯст ҳастем,
Бародар бигардем.
Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,
Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

МАН ШУМОРО ДӮСТ МЕДОРАМ
Ман Шуморо дӯст медорам
Ҳамчуноне Вомиқ Узроро.
Ман Шуморо дӯст медорам
Ҳамчуноне Қайс Лайлоро.

Ман Шуморо дӯст медорам 
Ҳамчуноне дил тапиданро,
Ҳамчуноне гӯш оворо,
Ҳамчуноне дида диданро.

Ман Шуморо дӯст медорам
Ҳамчуноне сабза боронро,
Ҳамчуноне барф сарморо,
Ҳамчуноне гул баҳоронро.

Ман Шуморо дӯст медорам
Ҳамчуноне рӯд маҷроро,
Ҳамчуноне ханда лабҳоро,
Ҳамчуноне бод саҳроро.

Ман Шуморо дӯст медорам
Ҳамчуноне пойҳо раҳро,
Ҳамчуноне осмон маҳро,
Ҳамчуноне каҳрабо каҳро.

Ман Шуморо дӯст медорам
Ҳамчуноне роҳ бурданро,
Ҳамчуноне хирс хуфтанро,
Ҳамчуноне гов хӯрданро!

Ҳар қадар гӯям аз ин гапҳо,
Он қадар маҳкуми такрорам,
Ҳарфи нотакрори ман ин аст:
Ман Шуморо дӯст медорам!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: