«ТАРОНАҲОИ ШАРҚ» – ВАСЛГАРИ ДИЛҲО

Шоми рӯзи гузашта ҳангоми идома ёфтани Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баранда эълон намуд, ки акнун навбат ба дастаи ҳунарии «Бадахшон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар майдон якбора кафкӯбӣ танинандоз гашт.

Ба саҳна санъаткорони тоҷик баромаданд ва онҳо бо савту навои дилфиребу ҷозибанок ҳозиронро ба ваҷд оварданд. Маълум шуд, ки ҳофизону мутрибон ба ин тантана тайёрии пухта дидаанд. Баъди ба поён расидани баромади вакилони Тоҷикистони бародар боз кафкӯбӣ авҷ гирифт.
– Барои мо иштирок дар Ҷашнвораи XII байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» шарафи бузург аст, – иброз дошт роҳбари гурӯҳи «Бадахшон» Соҳиба Давлатшоева, – хусусан сатрҳои зерини Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мо таассуроти калон гузошт: «Дар замони ноороми мо, ҳангоме ки дар тамоми сайёра хурӯҷу зиддиятҳои гуногуни яроқнок пурзӯр мешаванд, одамон беш аз пеш ба олами виртуалӣ рӯ меоваранд, танҳо мусиқӣ дар рӯҳи инсон эҳсоси зебоиву некӣ, умеду эътимодро ба фардо бедор мекунад. Мусиқӣ ҳамчун асоси санъат барои тарбияи комили насли наврас имкониятҳои бузург дорад. Ҷавононе, ки ба санъат қаробат мегиранд, ба ҳаёт ба тарзи дигар муносибат мекунанд, ба суннатҳои милливу умумиинсонӣ арҷ мегузоранд».
 Мо, вакилони Тоҷикистон бо як олам таассурот ба Ватан бозгашт хоҳем кард. Зеро, зиёрати ёдгориҳои таърихӣ, сӯҳбат бо мардуми Самарқанд, меҳмоннавозии онҳоро, алалхусус анҷирхӯрӣ дар Боғибаланд ҳеҷ гоҳ аз хотири мо фаромӯш нахоҳад шуд.
Аз имконият истифода бурда, барои ташкилотчиёни анҷуман миннатдорӣ изҳор менамоям ва мардуми Ӯзбекистонро бо 28-умин солгарди истиқлол табрик мегӯям.
- Бори нахуст ба Самарқанди бостонӣ омадам, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд котиби матбуоти Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллоева, – аллакай чанд гузориш навишта ба Душанбешаҳр ирсол намудам. Зеро дар кишвари мо таваҷҷӯҳи мардум ба «Таронаҳои Шарқ» калон аст. Бояд таъкид намуд, ки санъат сарҳад надорад ва барои мустаҳкам гардидани дӯстии ду мамлакати ҳамҷавор хизмати президентони ду кишвар калон аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: