ТАРЗИ ИСТИФОДАИ МУБТАДО ВА ХАБАР ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗ

Ҳофизи Шерозӣ яке аз ғазалсароёни маъруфу машҳури адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳофизи Шерозӣ яке аз ғазалсароёни маъруфу машҳури адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Вай мулаққаб ба “Лисонулғайб” низ мебошад. Дар маъхазҳо чунин омадааст: “Сухани Ҳофиз ҳолатест, ки дар ҳавзаи тоқати башарӣ дарнаёяд ва аз машраби фақр чошнӣ дорад ва ӯро лисонулғайб ном кардаанд. Сухани ӯ бетакаллуф ва сода аст...”  
Дарвоқеъ, ашъори дилангезу ҷаззоби  Ҳофизи Шерозӣ  гуногунранг  буда,  доир  ба ҳамаи мавзӯъҳои ҳаётӣ  эҷод  шудаанд. Дӯстиву  рафоқат,  тараннуми ишқу муҳаббат,  некиву  накӯкорӣ,  ростиву  ростқавлӣ,  муҳаббату вафодорӣ мавзӯъҳои  асосии  ашъори  Хоҷа  Ҳофизро ташкил медиҳанд.
Беҳуда намегӯянд, ки ғазалиёти ӯ  аз ҷиҳати мавзӯю муҳтаво, мазмуну мундариҷа,   вазну қофия ва корбурди санъатҳои бадеӣ ба кулли қоида ва қонунҳои илми адабиётшиносию назмшиносӣ ҷавобгӯ мебошанд. Паҳлӯҳои илмию бадеӣ ва фалсафию ирфонии он аз тарафи муҳаққиқону адабиётшиносон борҳо таҳқиқу муаррифӣ шудааст.  Вале ҷиҳатҳои сарфию наҳфии абёти гаронбаҳои ӯ ҳоло пурра ва муфассал таҳқиқ ва тафсир нашудааст ва чандин ҷиҳати грамматикии он ошкор карда нашудаанд.
Мубтадо  ва  хабар  аъзоҳои  муҳимтарин ва  асоси  ҷумла  ба  шумор  мераванд,  ба  воситаи  он  ҷумлаи соддаи  хулласи  дутаркиба  ва  хелҳои  дигари  ҷумлаҳои  содда  ба вуҷуд  меоянд  ва  моҳияти  ҳар  гуна  ҷумлаи  содда  ба  ҳамин  ду аъзо  вобаста  аст.  Аз  ин  ҷост,  ки  мубтадо  ва  хабар  сараъзоҳои  ҷумла  номида  мешаванд.
Агар қоидаи мубтадоро хотиррасон карданӣ бошем, мубтадо сараъзои  ҷумла  буда,  предметеро ифода  мекунад,  ки  дар  ҷумла сухан  дар  бораи  он  меравад. Мубтадо  ба  воситаи  исм,  ҷонишин,  мафҳумҳои  предметонидашуда (сифат, шумора,  сифати  феълӣ,  масдар,  ҳиссаҳои  дигари  нутқ)  ва  ибораҳо  ифода  меёбад.
Ифодаёбии мубтадо бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ:
На ман аз пардаи тақво бадар 
афтодаму бас, 
Падарам низ биҳишти абад аз
 даст биҳишт.  
Бо исми шахсу ғайришахс:
Гӯянд санг лаъл шавад дар 
мақоми сабр,  
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар 
шавад.  
Бо исми хос:
Ёр мафрӯш ба дунё, ки басе суд 
накард  
Он, ки Юсуф ба зари носара 
бифрӯхта буд. 
Бо исми ҷомеъ:
Ин чӣ айб аст, к-аз он айб халал 
хоҳад буд, 
В-ар бувад, низ чӣ шуд, 
мардуми беайб куҷост? 
Бо исми мураккаб:
Гар майфурӯш ҳоҷати риндон раво 
кунад,  
Эзид гунаҳ бибахшаду дафъи бало 
кунад. 

Субҳдам мурғи чаман бо гули 
навхоста гуфт: 
«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе
 чун ту шукуфт!»
Бо исмҳои кулл ва ҷузъ:
Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт 
булбул маст, 
Салои сархушӣ, эй сӯфиёни 
бодапараст.      
Бо сифат:
Он шамъи саргирифта дигар чеҳра 
барфурӯхт 
В-он пири солхӯрда ҷавонӣ 
зи сар гирифт.    
 Бо шумора:
Аз ҳар карона тири дуо кардаам 
равон,  
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар
 шавад.  
Бо ҷонишинҳои  шахсӣ ва таъинӣ:
Аз ман акнун тамаъи сабру дилу
 ҳуш мадор,  
К-он таҷаммул, ки ту дидӣ, 
ҳама бар бод омад.    
Бо ҷонишини манфӣ:     
Мабош ғарра ба илму амал, фақеҳ,
 мудом,  
Ки ҳеҷ кас зи қазои Худой ҷон 
набарад.          
Бо ҷонишини  нафсӣ-таъкидӣ:
Ҳар, к-ӯ накунад фаҳме з-ин килки 
хаёлангез,  
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари 
Чин бошад.   
Бо масдар:
Гарчи роҳест пур аз бим зи мо то 
бари дӯст,  
Рафтан осон бувад, ар воқифи 
манзил бошӣ.  
Бо сифати феълӣ:
Равандагони тариқат раҳи бало 
сипаранд,  
Рафиқи ишқ чӣ ғам дорад аз 
нишебу фароз?  
Мубтадои таркибӣ бо ибораи изофӣ:
Шавад ғазолаи хуршед сайди 
лоғари ман,  
Гар оҳуе чу ту як дам шикори ман бошӣ.    
Мубтадои чида:
Ҳар кӣ хоҳад, гӯ, биёву ҳар чӣ хоҳад, 
гӯ, бигӯ
Кибру  нозу  ҳоҷибу  дарбон бад-ин 
даргоҳ нест.   

Хабар  яке  аз  сараъзоҳои  ҷумла  буда,  аз  тарафи  гӯянда  тасдиқ  ё инкор  карда  шудани  кору  ҳаракат,  амал,  ҳолат  ва  аломати  мубтадоро  ифода  менамояд.   Хабарҳо  аз  рӯи  ифода  ба  ду  гурӯҳ – ба  хабари  феълӣ  ва  хабари  номӣ  ҷудо  мешаванд.
Хабарҳои феълӣ бо ҳамаи сиғаҳо ва шаклҳои феълӣ ифода меёбанд. 
Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ:
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, 
дуо гӯям, 
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли
 шакархоро. 
Сиғаи хабарӣ:
Воизон ин ҷилва дар меҳробу минбар 
мекунанд,  
Чун ба хилват мераванд, 
он кори дигар мекунанд. 
Бо сиғаи амрӣ:
Ба ноумедӣ аз ин дар марав, 
бизан фоле,  
Бувад, ки қуръаи давлат ба номи 
мо афтад.  
Хабари феълии таркибӣ:
Айби риндон макун, эй зоҳиди 
покизасиришт,    
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд 
навишт.   
Хабарҳои номӣ бо ҳиссаҳои номии нутқ ифода меёбанд.
Бо ҷонишин: 
Ки ҷон зи марг ба бемории сабо 
бибарад.  
Табиби ишқ манам, бода деҳ, 
ки ин маъҷун.   
Бо исм:
Эй гул, ба шукри он, ки туӣ подшоҳи 
ҳусн,  
Бо булбулони бедили шайдо макун 
ғурур.     
Бо сифат:
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, 
худро бош, 
Ҳар касе он даравад, оқибати кор, 
ки кишт.    
Хабари номии чида:  
Дар азал партави ҳуснат зи таҷалло 
дам зад,  
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама 
олам зад.  
Мувофиқати мубтадо ва хабар. Мубтадо ва хабар аз рӯи шахсу шумора бо ҳам мувофиқ меоянд. Мувофиқат пурра ва нопурра мешавад. Агар мубтадо ва хабар ҳам аз рӯи шахс ва ҳам аз рӯи шумора ба ҳам мувофиқ оянд, мувофиқати пурра мешавад. Фақат аз рӯи шахс мувофиқ шаванд, мувофиқати нопурра  мешавад. Инро дар мисолҳои зерин мебинем.
Мувофиқати пурра:
Воизон ин ҷилва дар меҳробу 
минбар мекунанд,  
Чун ба хилват мераванд, он кори 
дигар мекунанд.   
Мувофиқати нопурра:
Дилам зи парда бурун шуд, куҷоӣ, 
эй мутриб? 
Бинол, хон, ки аз ин парда корҳо ба навост.   
Ҳамин тариқ, дар ғазалиёти Ҳофиз мубтадо ва хабар бо гунаҳои худ хеле моҳирона ва фаровон корбаст шудаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки забони адабии тоҷик дар замони Ҳофиз низ фасеҳу мукаммал будааст. Ин ҷо мо ба таври хеле мухтасар дар ин бора маълумот ироа кардем.

Шоҳрух ҶАЛОЛОВ,
хатмкунандаи гурӯҳи тоҷикии 
факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: