Таъзия
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз марги шоир, драматург, нависанда ва донишманди шинохтаи тоҷик – Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ сахт андӯҳгин буда, ба фарзандон, пайвандон, хешу табор, наздикон ва аҳли илму адаби вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасаллият мефиристад.
Ин шахсияти барҷаста дар умри бобаракати хеш осори зиёде таълиф намуда, дар таҳкими ҳамкориҳои адабии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши бузурге бозидааст. Осори ӯ борҳо дар нашриётҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интишор гардидааст. Вай байни мардуми тоҷик ва ӯзбек пули дӯстӣ ва бародарӣ барқарор карда, миёни ҳар ду халқ маҳбубияти хосе пайдо намуда буд. Ӯ борҳо ба сифати узви раёсати Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ баромад карда, бо ашъори дилкаши худ қалби дӯстдорони суханро тасхир намуда буд.
Вай зодгоҳи худ – шаҳри Самарқандро ниҳоят дӯст медошт ва онро самимона васф мекард. Махсусан, дар тазкирааш на танҳо доир ба чеҳраҳои шинохтаи садаи ХIХ ва ХХ Самарқанд маълумоти муфассал медиҳад, балки таърихи гузаштаи онро низ иҷмолан баён месозад. Осори вай ниҳоят рангин ва доманадор буда, васфи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бештари шеърҳояш ба чашм мерасанд. Ӯ ба сифати тарҷумон ашъори шоирони гузашта ва муосири тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намуда, дар ин ҷода шуҳратёр гашта буд.
Ҳаёт Неъмат дар миёни ҳалқаи адабии Самарқанд ва дигар ҳавзаҳои адабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шахси шинохта, соҳибэҳтиром ва ватандӯсти асил шинохта шуда буд.
Хидматҳои ӯро мардуми тоҷик ниҳоят қадр мекард ва дар ҳар сафараш ба Тоҷикистон ӯро сазовор истиқбол мегирифт. Шоири соҳибкалом дар чорабинҳои адабиву илмӣ гули сари сабад ба шумор мерафт. Ҳамчун аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар анҷуманҳо иштирок карда, шеърҳои ватандӯстонаашро бо завқ қироат менамуд ва дар баҳсҳои адабӣ фаъолона ширкат меварзид.
Мардуми тоҷик, аҳли адаби Тоҷикистон хотираи ин фарзанди бонангу номуси Самарқандро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард ва ёдашро гиромӣ хоҳанд дошт.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.