ТАШАББУС БАРОИ РУШДИ ҶАҲОНИИ «САБЗ»

Сифати ҳаёти инсон бевосита ба шароити муҳити зисте, ки ӯ зиндагӣ мекунад, алоқаманд буда, он яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.

Сифати ҳаёти инсон бевосита ба шароити муҳити зисте, ки ӯ зиндагӣ мекунад, алоқаманд буда, он яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, истифода бурдан аз захираҳои барқароршавандаи табиӣ, ҷустуҷӯи манбаъҳои нав, ҳамзамон рушди иқтисодиёт бидуни фишор овардан ба табиат дар тӯли солҳои охир ҳамчун асоси ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Чанд рӯз қабл, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши дувуми байналмилалии «Ҳамкорӣ барои рушди сабз ва ҳадафҳои глобалӣ — 2030», ки дар шаҳри Сеул дар шакли видеоанҷуман баргузор гардид, ширкат варзида, оид ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳа пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Аз ҷумла, дар суханронии худ сарвари давлат иброз дошт, ки давраи пандемия бо вазъи саломатии инсон ва муҳити зист, инчунин рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ то чӣ андоза алоқаманд мебошанд, бинобар ин ба бонги огоҳие, ки худи модар-табиат ба мо медиҳад, бепарво нашуда, кам шудани ҳавзаҳои асосии дарёҳо ва гуногунии биологӣ дар минтақаи мо бояд нигаронии ҷиддӣ дошта бошад.
Инчунин қайд карда шуд, ки Ӯзбекистон дар ин самт корҳои муҳим пеш мебарад, стратегияи ҳамаҷонибаи гузариш ба «иқтисоди сабз»-ро таҳия намуда, барномаи рушди энергияи барқароршаванда ва гидроген татбиқ мегардад, инчунин дар доираи созишномаи Париж то соли 2030 ба ҳаво баровардани газҳои зарарнок 10 фоиз коҳиш дода мешавад.
Дар баробари ин, сарвари давлатамон дар баромади худ дар форум чор ташаббусро ба миён гузошт. 
Ташаббуси якум, бартараф кардани оқибатҳои ҷаҳонии фоҷеаи баҳри Арал аз ҳисоби татбиқи васеи технологияҳои «сабз». Барои ин дар доираи Фонди махсуси трасти Созмони Милали Муттаҳид ва дар платформаи P4G ба роҳ мондани ҳамкории фаъолона.
Ташаббуси дуюм, халосӣ ёфтан аз вобастагӣ ба сӯзишвории карбон тавассути рушди «энергияи сабз» мебошад. Барои ин, мо бояд лоиҳаҳои азимро оид ба бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ татбиқ намоем, ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар даҳсолаи оянда се баробар афзун намоем ва бо кишварҳои ҳамсоя дар самти амалӣ намудани иқтидори бузурги минтақаи мо дар соҳаи гидроэнергетика ҳамкорӣ намоем. Инчунин, соли оянда дар Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Энергияи сабз барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ» баргузор мешавад.
Ташаббуси сеюм, ноил шудан ба ташаккули фарҳанги истеъмоли «сабз», яъне маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар оянда тавассути татбиқи барномаи махсус барои ҷалби фаъолонаи ҷавонон дар бунёди «иқтисодиёти сабз» мебошад.
Ташаббуси чорум ба роҳ мондани  ҳамкории наздик бо мақсади ҳавасманд кардани эътимоди афзояндаи бахши молиявӣ ва сармоягузорон ба «технологияҳои сабз» мебошад, ки ба ин мақсад Ӯзбекистон омода аст ба шарикии P4G ҳамроҳ шуда, иштирокчии комилҳуқуқи он гардад.
Хулоса, дар амалиёт татбиқ намудани ташаббусҳои аз ҷониби Сарвари давлатамон изҳоргардида имкони рушди навсозии технологӣ ва механизмҳои молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодиёт ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро фароҳам меорад. Баробари ин, ташаккули маданияти истеъмоли «сабз» боиси баланд шудани натиҷаҳои тарзи ҳаёти солим дар одамон мегардад.

Зӯҳра ИБРАГИМОВА,
муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
роҳбари фраксияи ҲСД «Адолат»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: