Дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона барои муайян кардани тоифаи оилаву шаҳрвандони камбизоат ва кӯмак расондан бобати аз дараҷаи камбизоатӣ баровардани онҳо фаъолияти кооперативҳо ба роҳ монда шуданд.
Дар ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона барои муайян кардани тоифаи оилаву шаҳрвандони камбизоат ва кӯмак расондан бобати аз дараҷаи камбизоатӣ баровардани онҳо фаъолияти кооперативҳо ба роҳ монда шуданд.
Ҳоло оилаҳои камдаромад, серфарзанд, ҷавонон ҳамчун аъзои ин кооператив фаъолият нишон медиҳанд. Онҳо соҳиби собиқаи корӣ ва тамоми имтиёзҳои бо қонун муқарраршуда мегарданд. Инчунин, онҳо аз тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва хидматрасонии техникӣ ройгон истифода бурда маҳсулот мерӯёнанд.
ШАБАКАИ НАВ – ИМКОНИЯТҲОИ НАВ
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мирзаобод»-и ноҳия кооперативи «Karayan Bagdod» таъсис дода шуд. Дар ин ҷо ба ҳар яки 80 нафар оилаи камтаъмин, серфарзанд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор, ки дар шафати ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Мирзаобод», «Самарқанд», «Конизар», «Саидобод», «Юқори Мирзаобод» зиндагӣ мекунанд, 20 сотихӣ майдони кишт ҷудо карда шуд. Ҳоло ин оилаҳо дар заминҳои барояшон ҷудошуда қаланфури булғорӣ парвариш намуда, маҳсулоти аз эҳтиёҷот зиёдатиро фурӯхта фоида ба даст меоранд.
— Дар як ҳавлӣ бо ду фарзандам — се оила зиндагӣ мекунем, — мегӯяд Элмурод Ҳакимов. — Аз ин рӯ, ман ба Русия барои кор мерафтам. Аъзои гурӯҳи корӣ ба хонаи мо ташриф оварда, шароити оилавии моро омӯхта, пешниҳод карданд, ки ба кооператив аъзо шавем ва 20 сотих замини корамро ҷудо мекунанд. Ман розӣ шудам. Чунки, имкони аз тарбияи фарзанд, ташвишҳои зиндагӣ ҷудо нашуда, меҳнат карда, даромад ба даст овардан фароҳам оварда шуд. Акнун барои ҷустуҷӯйи кор ба кишварҳои дур рафтан ҳоҷат намонд.
Сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Самарқанд» Одинахон Ӯринова дар тарбияи чаҳор нафар фарзандаш дар такопӯ буда, меҳнат мекунад. Ду нафар фарзандаш ногирост, ёфтааш аз рӯзгораш зиёдатӣ намекунад. Масъулияти хонадор кардани фарзандон, духтар баровардан, набератӯйҳо ба модар оромӣ намедиҳад.
— Нони аз пайи меҳнати ҳалол ба даст овардашуда лазиз аст, — мегӯяд Одинаапа, ашки чашмонашро пок карда. – Мо аз фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо бароямон шод гаштем. Ниҳол, нуриҳои минералиро бепул гирифта, аз хидмати техника ройгон истифода мебарем. Ғайр аз ин, маҳсулотамонро дар ҳамин ҷо бо нархҳои озод мехаранд, ки ин имкони зиёд гардондани даромад ва беҳтар зиндагӣ карданро медиҳад.
Мутахассисон эътироф менамоянд, ки ба ҳисоби миёна аз 20 сотих замин беш аз 20 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Бо назардошти он, ки соли гузашта нархи як кило маҳсулот 1500 сӯм буд, ҳисоб кардани фоидаи чашмдошт душвор нест.
МАҲСУЛОТ СОДИР КАРДА МЕШАВАД
— Қисми зиёди маҳсулоти мо содир карда мешавад, — гуфт таъсисгари хоҷагии кооперативӣ, раиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Арамати-Бағдод» Фурқатҷон Бердалиев. — Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар ин ҷо зиёда аз 8000 тонна қаланфури булғорӣ рӯёнда мешавад. Бо ин мақсад, мо фаъолияти қабули маҳсулот, хушккунӣ, коркард, қадоқкуниро ба роҳ мондем. Соли гузашта 300 ҳазор доллар маҳсулот содир карда шуда бошад, имсол се ҳисса зиёд гардондани ин рақам ба назар гирифта шудааст.
Даромад мувофиқи меҳнат гуфтагӣ барин, аъзои хоҷагии кооперативӣ баробари даромад ба даст овардан аз фурӯши маҳсулоти худ, дар асоси ҳиссаи худ дар охири сол аз ҳисоби фоидаи соф манфиати моддӣ мебинанд.
— То ҳол 723 нафар шахсони камбизоат, аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор ва тоифаи камбизоат, инчунин дар 42 нафаре, ки дар як хоҷагӣ ду ва аз он зиёд оила зиндагӣ мекунанд, муайян карда шуданд, — мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Бағдод, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба коҳиш додани камбизоатӣ, муайян намудани манбаъҳои захира Бахтиёр Холдоров. — Дар ҳоли ҳозир дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дашт» 100 оила дар самти гармхона, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Зафаробод» 210 нафар дар самти токпарварӣ, анорпарварӣ, шоликорӣ ба кооператсияи истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд. Аз ин рӯ, мо диққати махсусро ба кор бо ҳар як оила, вазъи мавҷуда ва имконот равона месозем ва пешниҳодҳои амалӣ медиҳем. Ғайр аз ин, оид ба касбомӯзӣ ва бо кор таъмин кардани фарзандони оилаҳои камбизоат корҳо идома доранд.
Баҳор мавсими офаринишу ниҳолшинонӣ аст. Бо риояи ин анъанаи қадимӣ, заминдорон ба шинонидани ниҳолҳои филфили булғорӣ дар ҷойҳои таъиншуда шурӯъ карданд. Деҳқонон мегӯянд, ки ҳар як рӯзи баҳор ғанимат аст .
М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.