Бағдодиҳо то вақтҳои охир ин заминҳоро «дашт» меномиданд.
Чӣ хеле ки дар афсонаҳо гуфта мешавад, ҷойҳое буданд, ки «парранда парвоз кунад болаш, одам гузарад пояш месӯхт». Азбаски ин макон дар дурдаст воқеъ аст, на ҳар кас ба ин гӯша омаданро мехост. Дар заминҳое, ки об овардан душвор буд, шумораи онҳое, ки хоҳиши деҳқонӣ кардан ва сохтани хонаву ҷойро доштанд, башумор буданд...
Дар айни замон ин ҳудуд ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ҳамагӣ дар тӯли як сол дар ин ҷо шаҳраки нави замонавӣ сохта шуд, ки ба он «Гулистон» ном доданд, бунёди манзилҳо ва инфрасохтори фароҳам овардашуда ҳамчун «таҷрибаи Бағдод» барои тамоми кишвар намуна гардид.
Дар зиндагӣ ҳар кас орзу менамояд, ки сарпаноҳ, хонаи худро дошта бошад. Манзил ҳам ҷузъи Ватан аст. Президент дар бобати бо манзил таъмин намудани аҳолӣ ташаббуси беназире нишон дод. Супоришҳое, ки Президент моҳи феврали соли гузашта зимни сафари худ ба вилояти Фарғона дода буд, барои бунёди шаҳраки Гулистон дар дашти дурдаст санги пойдевор гузошт. Ташаббускорӣ, бунёдкорӣ доман густурд. Пас аз чанде дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» доир гардид, оид ба омӯзиши «таҷрибаи Бағдод» дар сохтмони манзил ба тамоми ҳокимони ноҳия тавсияҳо дода шуд. Масалан, таъкид шуд, ки барномаҳои “Деҳаи обод” ва “Маҳаллаи обод” маънои танҳо беҳбуди роҳ ва ё симои онҳоро надошта, балки зарурати афзоиши даромади аҳолии сокини он, фаъолияти ҳамаҷонибаи объектҳои иҷтимоӣ мебошад. Гуфта шуд, ки аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар маҳаллаи ҳақиқии обод набояд “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” бошад, барои ин бояд бо соҳибкорон машварат карда, корхонаҳои истеҳсолиро ташкил карда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам овард.
Бояд гуфт, ки дар замири ташаббуси мазкур ҳадафҳои марҳам шудан ба дарди мардум, барвақт бартараф намудани мушкилоти зоҳир шудаистода, нақшаву мақсадҳои пухта муҷассам аст. Ба рақамҳо таваҷҷуҳ менамоем: соли 2000-ум дар ноҳияи Бағдод қариб 140 ҳазор нафар зиндагӣ мекарда бошанд, ҳоло наздики 220 ҳазор нафар рӯзгорро пеш мебаранд. Маълум аст, ки бо манзил таъмин намудани аҳолӣ ба масъалаи муҳим ва таъхирнопазир табдил ёфтааст.
Ҷиҳати дигар он аст, ки барои ба мақсади муваффақ шудани мардум ба ватани кучак андаруни Ватан ба таври оммавӣ хонаҳои серошёна сохта мешаванд ва сазовори эътибор аст, ки ин сохтмонҳо на дар заминҳое, ки дар хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд, балки дар ҳудудҳои дашти солҳои сол холӣ ба амал бароварда мешаванд. Агар ба далелҳо назар андозем, дар давоми 85 соли охир дар Бағдод ҳамагӣ 53 бинои баландошёна бо 786 квартира сохта шудааст. Имрӯзҳо бо назардошти талаботи сокинон ба манзил дар ноҳия барномаҳои пешомаднок таҳия гардида, татбиқи онҳо босуръат идома дорад. Муҳимаш он аст, ки ба сифати ин хонаҳо аҳамият дода мешавад ва нархи онҳо дастрас аст. Ҳангоми тартиб додани нақшаи шаҳрак ва атрофи он ҷанбаҳо, аз қабили афзоиши ояндаи аҳолӣ, инфрасохтори он ва васеъ намудани истеҳсолот низ ба назар гирифта мешаванд.
Дар замири ташаббуси арҷгузорӣ ба шаъну шарафи инсон дастгирии оилаҳои камбизоати ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, хонаҳои шаҳраки нав аввал ба оилаҳои ниёзманд дода шуданд. Ба онҳо субсидҳо, аз бонкҳо қарзҳои имтиёзнок дода, бадалҳои ибтидоӣ пардохта шуд.
— Мо дар чунин хонаи замонавӣ зиндагӣ карданро ба гӯшаи хаёл ҳам наоварда будем, — мегӯяд Фирӯзахон Сотимова. — Ман ҳамчун модари танҳо дар масъалаи хонаву ҷой ба қабулхонаи халқ муроҷиат карда будам. Онҳо бадали аввалияи хонаи дуҳуҷрадори шинамро пардохтанд. Худам дар ширкати ободонӣ кор мекунам. Духтарамро низ ба интернат ба кор гирифтанд. Ҳоло ҳар моҳ ба бонк пул мепардозам. Дар ҳаққи Президент, ҳукумат ва роҳбаронамон ҳамеша дуо мекунем.
Бояд эътироф кард, ки биноҳои баландошёна мушкилоти ба худ хос доранд. Масалан, баъзан мешунавем, ки дар баъзе шаҳрҳо ба ошёнаҳои боло об намебаромадааст. Аммо дар Гулистон ин ҷиҳати кор хуб андешида шудааст. 10 трансформатор насб карда, 2 чоҳи амудӣ кофта, обанбор ва иншооти обтозакунӣ сохта шуд. Боз 2 чоҳи амудӣ ба сифати захира бунёд карда шудааст.
— Ростӣ, бисёриҳо бовар надоштанд, ки дар ин ҷо чунин шаҳраки зебо бунёд мешавад. Шаҳрча, ки дар натиҷаи ислоҳоти оқилона ва дурандешона ба вуҷуд омад, имрӯз серодам буда, ба маскани дар рисола буда табдил ёфтааст, — мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони «Гулистон» Фозилҷон Халилов. — Ҳоло дар 66 бинои серошёна, инчунин дар маҳаллаҳои Қосимобод ва Гулистони ноҳияи мо қариб 6500 нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Онҳое, ки ба шаҳрча кӯчида омадан мехоҳанд, сершуморанд. Охир, дар ин ҷо тамоми объектҳои инфрасохторӣ мавҷуданд. Мактаб, боғчаи бачагон, муассисаҳои иҷтимоӣ, устохонаҳои истеҳсолӣ, поликлиникаи оилавӣ, 6 мағозаи дуошёна, хӯроки умумӣ ва хидмати маишӣ, майдончаи варзиш бо сатҳи сунъӣ, иншооти фароғатӣ, майдончаҳои бачагона, хонаи маданият ва коворкинг дар хидмати аҳолӣ мебошанд. Ба маркази ноҳия мунтазам автобус ҳаракат мекунад. Чизи асосӣ он аст, ки дар таъминоти қувваи барқ, газ, оби нӯшокӣ ягон мушкилӣ нест, тамоми роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудаанд.
Дар минтақаҳои саноатии канори шаҳр бошад, имконияти ба таври доимӣ зиста, ҳалол меҳнат карда, оила бонӣ кардан фароҳам оварда шудааст. Дар заминҳои корам, ки ба ин ноҳия ҳамшафат аст, деҳқонӣ кардан мумкин аст. Воқеан ҳам созгорӣ бо табиат, фориғӣ аз роҳбандӣ ва ҳавои намнок яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси шаҳрак аст.
— Мо ҳам ҳавас карда, аз ошёнаи сеюми ин манзил хона харидем, — мегӯяд боғбон Актамҷон Остонақулов. — Боғи мо ҳамагӣ дар он тарафи роҳ воқеъ аст. Дӯстонам маро шӯхӣ карда «боғбони шаҳрӣ» мегӯянд. Бегоҳӣ каландро ба китф партофта, дар шаҳр сайру гашт мекунам. Аз сайри кӯчаҳои равшан, бозиву хандаҳои кӯдакон, ҳаёҳӯйҳои шӯх, шукргузорӣ ва қаноатмандии гулистониён, ки дар курсиҳо истироҳат мекунанд, аз хастагӣ асар ҳам намемонад.
Президент 28 сентябри соли гузашта ба шаҳри Гулистон сафар карда, бо корҳои созандагиву бунёдкориҳои он шинос шуд. Вай гуфт, ки дидани он, ки минтақаҳо ривоҷ меёбанд, мардум соҳиби манзилу ҷойи кор мешаванд, боиси қаноатмандист. Дар ин ҷо Сарвари давлатамон бо фаъолони маҳалла, зиёиёни Бағдод суҳбати самимӣ намуда, оид ба розӣ кардани мардум ва гиромидошти қадри инсон тавсияҳои хешро дод.
— Ифтихор дорам, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, ки пас аз сафари Президент ташкил шуда буд, ба кор шурӯъ намудам ва ҳамзамон, ҳамеша масъулияти бузургро эҳсос мекунам, — мегӯяд пешвои ҷавонони маҳаллаи Гулистон Отабек Ёқубов. — Ҳоло дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 600 нафар ҷавонон зиндагӣ мекунанд. Тамоми қувваву ғайратамонро ба он равона карда истодаем, ки онҳоро бо кори доимӣ таъмин намоем, ҳарҷониба дастгирӣ кунем, барои маданӣ фарғат гирифтанашон шароит фароҳам оварем. Мо дар ҳамкорӣ бо муовини ҳоким, масъули кор бо занон кор мекунем. Ба гуфти ӯ, дар ҳудуд иншооти хидматрасонии техникӣ ба автомобилҳо, азнавкоркарди пашм, истеҳсоли нон ба кор даромада, барои ҷавонони ташнаи дониш курсҳои репетиторӣ боз шудааст. 2 боғчаи иловагии оилавӣ ташкил карда шуд.
Аз ин бармеояд, ки ҳаёти шаҳрак ба маҷрояш афтода, зинаи ривоҷёбӣ намудор мешаванд.
Рости гап ин аст, ки бешубҳа маҳаллаи Гулистон натиҷаи қарори халқона, одилона, ташаббуси неки Сарвари давлатамон, инчунин рамзи ғайрату шуҷоат, ваҳдати мардуми заҳматкаши мо хоҳад буд. Шахсе, ки ба ноҳия меояд, ба дидани ин маҳаллаи зебое, ки дар ҷои даштҳои хушку холӣ, заминҳои беобу бекорхобида бунёд шудааст, шаҳарчаи гул-гулшукуфони ба номаш монанд, мешитобад ва саъй менамояд бо пиру хурдсоле, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, суҳбат кунад.
Мегӯянд, ки некӣ бол дорад. Ин ғояе, ки сарвари давлатамон ба миён гузоштааст, – ташаббуси бунёди шаҳракҳои моҳвораӣ, ки аз хонаҳои бисёрошёна иборат аст, рӯҳияи мардуми Фарғонаро мисли кӯҳ баланд кард. Охир, дар вилоят ин гуна сохтмони азим солҳо боз ба амал наомада буд.
Мувофиқи нақшаи муайянкардаи Президент дар панҷсолаи оянда дар вилояти Фарғона 700 бинои истиқоматии бисёрошёнаи 30 ҳазор ҳуҷрадор сохта мешавад.
Муҳимаш дар он аст, ки 2500 манзил ба занони танҳо, ки дар вазъи душвори иҷтимоӣ қарор доранд, оилаҳои ниёзманд ва шаҳрвандони маъюб дода шавад. Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки ба зиёда аз 14 ҳазор оила бинобар кредити ипотекӣ ба маблаги 680 миллиард сӯм субсид ҷудо карда шавад.
Дар асоси намунаи шаҳрак, ки дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Бағдод бунёд шудааст, муайян гардид, ки дар ноҳияҳои Ёзёвон, Олтиариқ ва Фарғона шаҳракҳои “ҳамсафар” ҳадди ақал 4-5 ҳазор хона бунёд карда шавад, аз ин рӯ дар ин мавзеъҳо дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Юқори Сойбӯйи»-и ноҳияи Ёзёвон дар майдони 65 гектар мавзеи «Ӯзбекистони нав» бунёд мешавад. Лоиҳае, ки дар асоси анъанаҳои муосири шаҳрсозӣ таҳия шудааст, барои се сол пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал бунёди 33 манзили 5 ва 7 ошёнаи 948 ҳуҷрадор ба нақша гирифта шудааст. Дар давраҳои минбаъда 105 бинои серошёна сохта мешавад. Бо ин 4 ҳазор оила соҳиби хонаи худ мешаванд. Ба ғайр аз ин, ба воситаи бунёд намудани қасри фарҳанг, мактаб, ташкилотҳои таълими томактабӣ, поликлиникаи оилавӣ, марказҳои хидматрасонӣ ва савдо, маҷмӯъҳои ҷамъиятии серсоҳа, боғи истироҳат ба аҳолӣ инфрасохтори мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар назар аст, ки барои густариши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳудуд дар 10,1 гектар замин минтақаи хурди саноатӣ таъсис дода шавад. Дар ин ҷо заводҳои азнавкоркарди пахта, равған, комбинати бофандагӣ сохта мешаванд. 1200 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Дар ҳудуди 20 гектар майдони роҳи Тошканд – Ӯш, ки аз ҳудуди маҳалла мегузарад, маркази логистикии мошинҳои боркаш, меҳмонхона, сервис ва нуқтаҳои хидматрасонӣ бунёд мегарданд. Дар айни ҳол дар шаҳри Фарғона ва ноҳияии Фарғона ҳамин гуна корҳо давом доранд.
Хулоса, ташаббусе, ки Сарвари давлат оғоз кардааст, мардуми Фарғонаро ба зиндагии хушу хурсандона ва ба сӯйи ҳадафҳои бузургу беҳтар заҳмат кашидан такон мебахшад. Метавон гуфт, ки дар кишваре, ки қадри инсон гиромӣ дошта мешавад ва ҳар як ислоҳот ба беҳбудии мардум ва ободии кишвар хидмат мекунад, завқу қадри зиндагӣ дигар хел мешавад. Табиист, ки ин завқу хушнудӣ ба ғояю ташаббусҳои нав болҳо мебахшад.
Масъудҷон
СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир:
М. ҚОДИРОВ (ӮзА).