Ба муносибати раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Президент Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки соли 2022 «Соли таҳкими робитаҳо дар СҲИ» эълон карда шавад.
Ташаббуси бамиёнгузоштаи Президенти Ӯзбекистон дар бораи ба роҳ мондани анъанаи эълон кардани ҳар сол соли рушди ҳама гуна соҳа дар доираи созмон бо шавқу рағбати зиёд пазируфта шуд ва аз ҷониби тамоми кишварҳои узви ин созмон якдилона дастгирӣ ёфт.
Ба ин муносибат намояндагони расмии кишварҳои узви созмон, инчунин котиби генералии СҲИ фикру андеша ва таассуроти худро баён мекунанд.
Аз ҷумла, дар рафти ҷамъомади 262-юми сайёри Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Бандар Аббоси музофоти Ҳурмузгони Эрон баргузор шуд, котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ таъкид кард, ки ташаббуси Президенти Ӯзбекистон оиди дар СҲИ «Соли таҳкими робитаҳо» эълон шудани соли 2022 ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар фазои созмон, транзити бемамониати молҳо, ҷорӣ кардани қоидаҳои рақамӣ, инчунин созмон додани шабакаҳои ҳамгароишудаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва баҳрӣ, ҳавоӣ дар минтақаи СҲИ такони пурқувват мебахшад.
Котиби генералӣ қайд кард, ки Котиботи СҲИ дар рӯзномаи худ доираи васеи чорабиниҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳоро дар соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ дар бар мегирад.
Намояндаи доимии Эрон дар СҲИ Саид Алавӣ таъкид намуд, ки Эрон қабули лоиҳаи махсуси қатъномаи СММ дар бораи таҳкими равобити тарафайн байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро пурра дастгирӣ менамояд, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар рафти конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Даъватҳо ва имкониятҳо» 15-16 июли соли 2021 дар Тошканд баргузор гардид.
Вай инчунин изҳор кард, ки дар «Соли таҳкими робитаҳо» дар СҲИ масъалаҳои рушди нақлиёт ва коммуникатсия дар доираи созмон нақши рӯзафзун ва муносиб хоҳад бозид.
Намояндаи доимии Озарбойҷон дар СҲИ, сафир Алӣ Ализаде низ аз ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар бораи «Соли таҳкими робитаҳо» эълон шудани соли 2022 ҷонибдорӣ карда, даъват намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар минтақаи СҲИ фаъол ва мустаҳкам карда шавад ва ба татбиқи амалии лоиҳаҳои мавҷуда ва пешбинишуда таваҷҷуҳи хоса дода шавад.
Директори департаменти нақлиёт ва коммуникатсияи СҲИ Акбар Ходайи изҳор дошт, ки пешниҳоди роҳбари Ӯзбекистон барои рушди инфрасохтори нақлиёти СҲИ, транзити борҳои байналмилалӣ, густариши алоқаҳои роҳи оҳан, баҳрӣ ва ҳавоӣ, инчунин мустаҳкам намудани равобити байни давлатҳои аъзои СҲИ ва зиёд кардани савдои дохили минтақавӣ такони нав бахшида, имкониятҳои пешомаднокро боз мекунад.
АИ «Дунё»,
ТЕҲРОН.