ТАШАББУСИ ӮЗБЕКИСТОН АҲАМИЯТИ ҶАҲОНӢ ДОРАД

Коршиносони Ҳиндустон ба ташаббуси Ӯзбекистон доир ба баённомаи «Маърифат ва кушодадилии динӣ», ки бо ташаббуси Ӯзбекистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардид, чунин баҳо медиҳанд.

Профессори Донишгоҳи Деҳлӣ, собиқ сафири Ҳиндустон дар Ӯзбекистон Сканд Таял: 
– Қабул шудани ҳуҷҷати мазкур шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи байналхалқии ҷаҳон эътироф ва дастгирӣ гардидани ташаббуси Ӯзбекистон мебошад, ки самтҳои бартариноки пешрафти кунунии ҷумҳуриро инъикос менамояд. Хушоянд аст, ки зиёда аз панҷоҳ давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон ҳаммуаллифи ин ҳуҷҷат шуданд. 
Мехоҳам ҷиҳати муҳими баённома – таъмин шудани дастёбии умумиро ба таълим, аз байн бардоштани бесаводӣ ва ҷаҳолатро махсус қайд намоям. Воқеан, ҳаллу фасли маҳз  ин вазифа ба пешбурди самарабахши робитаҳои байнифарҳангӣ ва байнидинӣ, кушодадиливу ҳусни тафоҳум, равандҳои ҳамагонии ҳуқуқ ва озодии инсон мусоидат мекунанд. Ҷиҳатҳои мазкур бошанд алҳол барои тамоми давлатҳо ва қитъаҳо муҳиманд.
Муовини директори Маркази оид ба масъалаҳои амният ва мудофиаи Ҳиндустон Кришнан Шарма:
– Ташаббусе, ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пеш гузошта шуд, бояд ба истиқрори кушодадилӣ ва эҳтироми тарафайн, таъмин гардидани озодии дин, ҳифзи ҳуқуқи диндорон, пешгирӣ намудани таҷовуз нисбати онҳо кӯмак кунад. Шубҳае нест асоси бисёр мушкилот, ки ба сулҳу салоҳ ва эътидоли тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд, аз набудани дараҷаи зарурии таълим, маданият, кушодадилӣ, дарки суннатҳои маънавиву фарҳангӣ аст. Аз ин нуқтаи назар баённомаи қабулшуда барои беш аз пеш истифода бурдани воситаҳои таълиму маърифат бинобар таъмин сохтани ҳамоҳангии байнидиниву байнифарҳангӣ дар ин ё он ҷомеа аҳамияти амалӣ дорад. Ҳуҷҷат дар мустаҳкам намудани механизмҳои ҳамагонӣ оид ба таъмин кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон низ саҳм мегузорад.
Президенти Шӯрои байналхалқии ҳуқуқшиносон, раиси Иттиҳодияи адвокатҳои Ҳиндустон Адиш Агарвал:
– Хурсандиовар аст, ки давлатҳои аъзои СММ ташаббуси роҳбари Ӯзбекистонро якдилона дастгирӣ намуданд. Муътақидам, ки ин баённома ба таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон хидмат мекунад, ба фаъолтар шудани  саъю кӯшишҳои ҷомеаи байналхалқӣ барои кӯмак ба мулоқоти ҷаҳонӣ ба мақсади рағбатноксозии кушодадилии фарҳангӣ дар тамоми дараҷаҳо дар пояи эҳтироми ҳуқуқи инсон ва гуногунрангии дину эътиқодҳо мусоидат менамояд. 

ОИ «Дунё», 
ДЕҲЛӢ. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: