Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлиси мамлакат дар арафаи соли нави 2019 дар қалби ҳар як фарди солимфикри кишвар эҳсоси ғуруру ифтихорро бедор намуд.
Тайи ду соли охир дар Ӯзбекистони мо ба манфиати мардуми оддӣ дигаргуниҳои куллӣ амалӣ гардида, бунёдкориҳо суръату сифати нав мегиранд. Мардум аз тадбирҳои халқпарваронаи сарвари давлат мамнуну миннатдоранд.
Вале бояд гуфт, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо баъзе нуқсон ва камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ба пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамаи мо аз нуқсонҳои ҷойдошта хабардорем, эрод мегирем, танқид мекунем, аммо барои решакан кардани ин камбудиҳо фаъол нестем, канораҷӯӣ мекунем. Пӯшида нест, ки дар давоми ду соли охир дар мамлакатамон бо ташаббуси сарвари давлат Шавкат Мирзиёев тадбирҳои судбахш амалӣ шуданд ва давом доранд. Афсӯс, ки дар ноҳияву маҳалҳои алоҳида бобати амалӣ гардонидани тадбирҳои давлатӣ баъзе роҳбарони масъул ҳоло ҳам ба расмиятбозӣ, намоишкорӣ, маъракабозӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа тадбирҳои пешбинишуда сари вақт ва мувофиқи талаб иҷро намешаванд, ё ки бо дахолати комиссияҳои кории ҳукуматӣ ҳаллу фасл мешаванд.
Дар баъзе ноҳияҳо ҳоло ҳам бо усули куҳна кор мекунанд. Бигирем иқдоми давлатро бобати ба тартиб андохтани тӯй ва маъракаҳои дигар. Дар ин ҷода дар ноҳияҳо низ қарорҳо қабул гардидаанд, аммо дар баъзе маҳал ва ноҳияҳо тӯйҳо ҳоло ҳам 3-4 рӯз, бо истифодаи автомобилҳои бисёр ва хароҷоти зиёд давом доранд. Барои ба тартиб андохтани онҳо дар бисёр раисони маҳаллаҳо ва ҳокимон ҷуръат намерасад.
Иқдоми дигари умумдавлатӣ ин дар ҳар як маҳалла, ё ки деҳа ташкил кардани китобхонаҳо буд. Ин иқдоми маърифатпарварона низ вақтҳои охир аз мадди назари масъулони ноҳияҳо дур мондааст. Ҳатто дар назди идораи раисони маҳаллаҳо дар асоси ҷамоатчигӣ кушодани китобхонаҳо ҳам фаромӯш шуд.
Дуруст аст, ки ҳар як маҳал хусусиятҳои хоси худро дорад ва иҷрои тадбирҳои давлатӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ба кайфияту ҳаракати мардуми он маҳал вобаста аст. Бисёр раисони маҳаллаҳо барои баланд бардоштани кайфияти бунёдкорӣ, ташаббускории мардум қодир нестанд. Як қисмашон бо иҷрои супоришҳои ба фаъолияти онҳо дахлнадошта овораанд.
Аз ин ҷо ба мо лозим аст, ки дар маъракаҳои минбаъдаи интихоби раисони маҳаллаҳо фаъол иштирок карда, шахсони сазовор, кордидаю ташаббускор, донову дурандешро интихоб намоем.
Бояд фаромӯш накунем, ки дар ҳаёти имрӯзаи пурталотум ташаббускор ва навовар шудани ҳар як фарди солимфикр талаби замон аст. Фақат дар ҳамин маврид, яъне ташаббускору пурғайрату шуҷоъ будан мо, албатта, ба қуллаҳои баланди тараққиёт мерасем.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.