«ТАШАББУСКОРӢ ВА ЭҶОД МАРО БА ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНД РАҲНАМОӢ МЕКУНАД»,

мегӯяд муассиси клуби эҷодкорони ҷавон – «Оҳу» Зилолабону Холиқова

Вай бо як идда аҳли қалами тоҷик робитаҳои дӯстиву эҷодӣ дорад. Зилолабону намунаҳои ба забони ӯзбекӣ тарҷумашудаи ашъори онҳоро бо шавқу завқи том мехонад. Мехоҳад, ки домани ин равобити эҷодӣ боз ҳам фарохтар гардад ва аҳли эҷоди тоҷику ӯзбек барои таҳкими рафоқати миёни ду халқи аз қадим дӯсту бародар беш аз пеш саҳми бештар гиранд.
Зилолабону Холиқова 15 январи соли 1987 дар шаҳри Ҷиззах таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи рақами 21-уми ба номи Ҳамид Олимҷон таҳсил кардааст. Баъди хатми синфи шаш ба шӯъбаи «Рақси миллӣ»-и Коллеҷи санъати ба номи Ботир Зокирови шаҳри Тошканд дохил шудааст ва аз ҳамон вақт ба ин сӯ сокини пойтахт мебошад. Ӯ ба варзиш шуғл меварзад. Аз рӯи таэквандо соҳиби камари сиёҳ ва чемпиони Ӯзбекистон шудааст.  Зилола Холиқова соли 2021 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудааст. Инчунин ӯ узви Созмони иҷтимоии «Истеъдодҳои дунё» мебошад. Аз соли 2015 узви Ҷамъияти гунгу карҳои Ӯзбекистон аст. Вай баъди як бемории сахт маълӯл шудааст, аммо ба ҳаёт ба умед менигарад.
Бори аввал бо Зилолабону Холиқова – ҷавондухтари резапайкар дар мулоқоти «Дидор ширин»-и дӯстони фейсбукӣ вохӯрдаам. Ин дидору мулоқот дар яке аз гӯшаҳои табиаташ фусункору хуррами шаҳраки Водили ноҳияи Фарғона, дар соҳили ҷӯи калони обаш мусаффо, ки аз баландкӯҳҳои Шоҳимардону Ёрдон маншаъ мегирад, ба вуқӯъ пайваста буд. Зилолабону андак бо забони гирифтаи ширин суҳбат мекард. Донистам, ки гӯшаш ҳам дуруст шунаво нест. Бо вуҷуди ин атрофиён нисбати вай меҳрубониву мурувват нишон медоданд ва шеърҳояшро бо мароқ гӯш мекарданд. 
Мешавам хушбахт, 
эй модари ҷон,
Бахти ман ояд сӯи ман 
хандон,
Дуоят иҷобат хоҳад шуд, 
бидон, 
Оби чашмонат марезон, 
модар.
Ман дар қатори дигарон ба тарзи шеърхонии Зилолабону чанд лаҳза гӯш дода, дарк намудам, ки дар ҳар як байти шеъри ӯ, ғайр аз меҳру муҳаббат нисбати модар, забони модарӣ, Ватан, ишқу меҳр, инчунин дарде низ ниҳон аст, ки шояд танҳо ба ӯву Худованд маълум мебошад. Вай сокин ва ором ба шеърхонӣ идома медиҳад. 
Туӣ, модар, нишони 
давлати ман,
Вуҷуди ман, тавону 
савлати ман.
Набитвонам, ки бе ту 
буда як дам,
Наҷотам бошӣ андар 
зиллати ман...
Дарвоқеъ, ин дидору мулоқоти дӯстони фейсбукӣ, ки таҳти роҳбарии зодаи шаҳри Қувасой, пизишки кӯдакон, шоира, нависанда ва журналист Муаззама Иброҳимова сурат мегирифт, аз сар то интиҳо хотирмону ҷаззоб буд. Дар он дастикам сад нафар адибон, журналистон, блогнависон, дӯстдорони каломи бадеъ ва меҳмонони маҳаллӣ ширкат доштанд. Ҳамаи онҳо аз шеърҳои шоирон ва суруду таронаҳои дилошӯб баҳравар гардида, бо таассуроти ғанӣ ба шаҳру ноҳияҳои худ баргаштанд.   
Сонӣ бо Зилолабону дар чанд чорабинии фарҳангӣ вохӯрдам, ки дар пойтахт баргузор гардидаанд. Боре гуфт, ки мехоҳад бо ду-се шоири тоҷик робитаи дӯстӣ пайдо кунад, ки забони ӯзбекиро низ донанд, то ки шеърҳояшро ба забони нобу гуворои форсии тоҷикӣ тарҷума кунанд ва дар байни хонандагон оммавӣ гардонанд. Аз рӯи донистаам чанд нафарро ба вай муаррифӣ намудам. Аксарияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғди Тоҷикистон машғули кору фаъолият мебошанд. 
Баъд робитаам бо Зилолабону Холиқова барои чанд муддат гусаста шуд. Бо вуҷуди ин, бо фаъолияти эҷодии ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ каму беш ошно мешудам. Чанде муқаддам дар шабакаи телеграм ба навиштаҳои Зилолабону Холиқова чашмам афтод. Маълум шуд, ки ашъораш ба забонҳои дигар тарҷума шудаву дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ-алманахҳо интишор ёфтаанд. Гузашта аз ин, дар баробари нашри шаш маҷмӯаи ашъораш, як китобаш ба забони озарӣ тарҷума шудаву ба табъ расидааст ва маросими муаррифии он низ дар шаҳри Боку баргузор гардидааст. 
Бо Зилолабону дубора тамос гирифтам ва гуфтам, ки дар робита бо боздидҳо ва дастовардҳои ӯ гузорише таълиф хоҳам кард. Вай розӣ шуд.
– Бо тақозои тақдир дар чанд кишвари дунё шудам. Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҳамон шумор мебошад. Маҳз тақдир дар яке аз ин сафарҳо маро бо шахсе рӯ ба рӯ намуд, ки байнамон риштаҳои дӯстӣ пайдо гардид. Ин шахс журналист, шоир, мутарҷими маъруф, узви Иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Озарбойҷон, сармуҳаррири рӯзномаи адабӣ-иҷтимоии «Исмайилли ёзарлари» Шаҳмаммед Султонов мебошад, – гуфт Зилолабону Холиқова.
Вай афзуд, ки бори аввал Шаҳмаммед Султоновро дар ҷашнвораи байналмилалии «Санъат, фарҳанг ва адабиёт» дида буд, ки он дар вилояти Қодирлии кишвари Туркия баргузор гардидааст. 
– Дар ҳамон ҷашнвора иттифоқ афтод, ки бештари вақт мо ҳамроҳ раванди таҳаввулоти онро мушоҳида кунем. Дарвоқеъ, ман аз дӯстӣ бо одамони зиёд канора меҷӯям, вале ҳамон вақт шиносоӣ бо Шаҳмаммед Султонов бароям ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт, чунки вай хеле самимӣ суҳбат мекард ва нисбати ман меҳру мурувват нишон медод. Баъд чанд сол бо ҳам во нахӯрдем. 
Иттифоқи дигар уфтода, ки барои ширкат дар маросими муаррифии китоби алманах Зилолабонуи шоира ба шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон расман даъват шавад. Зимнан вай аз ташрифи худ Шаҳмаммед Султоновро огоҳ намудааст. Омаданашро шунида Ш.Султонов ғайричашмдошт гуфтааст, ки китобаш ба забони озарӣ чоп шуд. 
– Баъди шунидани ин хабари хуш ҳар як рӯзи дар Боку буданам барои ман ба рӯзи ид табдил ёфт. Ҳамон рӯзҳо хабари тоза дар дили вакилони аз Ӯзбекистон ба Боку ташрифоварда низ шодиву сурур мебахшид. Дарк намудам, ки дар олам ҳанӯз одамони хуб хеле зиёданд, ки бо иқдоми наҷиби худ ба дили мо барин маълӯлон шодиву фараҳ мебахшанд, – иброз медорад ҳамсуҳбати ман. 
– Гуфтанд, ки маросими муаррифии «Бози танҳо»(«Ёлғиз қуш») дар доираи ҷашнвораи байналмилалӣ баргузор мешавад. Баъд ин маросим баргузор гардид ва китоби ба озарӣ тарҷума шударо ба иштирокчиёни он тӯҳфа карданд. Ҳатто чанд нусхааш ба китобхонаҳо низ тақсим шуд. Ба ман чанд бастаи онро доданд, ки ба Ватан бибарам. Кайфиятам хеле олӣ буд. Инсон метавонистааст ба орзуҳои хостааш бирасад. Гуфтаниам, агар чизеро, ки интизораш нестӣ, бароят ногаҳон тақдим кунанд, одам аз хушбахтӣ худро гум мекардааст, – мегӯяд бо табассум ӯ.
Вай муаллифи маҷмӯаҳои «Фаромӯшкунӣ кори саҳл нест» (2010), «Таронаи Лайлӣ» (2011), «Гавҳарам ҳаст» (2012), «Роҳ ба дил» (2016), «Маликаи сукунат» (2017), «Бози танҳо» (2020) мебошад. Ба гуфтаи Зилолабону Холиқова «Бози танҳо» китоби шеъру хотираҳои ӯст. Инчунин маҳсули эҷоди ӯ дар якчанд китобҳои дастаҷамъӣ, ки дар ИМА, Ҳиндустон, Туркия ва Озарбойҷон нашр шудаанд, ба табъ расидааст. Дар баробари ин, дар алманахҳои «Васфи Ватан», «Чашмаҳои ҳаёт», «Фарзандони истиқлол», «Ҳикояҳои хурд» ва «Модарҷон» намунаҳои ашъори ӯ ҷой дода шудаанд.  
– Шунидам, ки падару модари низ аҳли адабу санъатанд.
– Бале, ба шумо аввал дар бораи модарам Раъно Кодирҷонова нақл мекунам, ки 10 феврали соли 1949 дар шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мухтори Уйғури Чин ба дунё омадааст. Замоне, ки дар мактаби миёнаи рақами 95-уми шаҳри Тошканд таҳсил кардааст, дар маҳфили ҳаваскорон ширкат мекардааст. Пас бо роҳбарии устоди маъруфи рақс, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Қундуз Миркаримова ба студияи дусолаи суруду рақси назди Филармония давлатӣ дохил шудааст. Сонӣ консерваторияро хатм карда, ба Театри вилоятии драма ва мазҳакаи ба номи Юнус Раҷабии Ҷиззах ба кор даромадааст, – мегӯяд Зилолабону Холиқова. – Ифтихор мекунам, ки модарам ҳамчун актриса низ нақшҳои зиёдеро иҷро кардааст, аз ҷумла Санобар дар «Зиёие, ки бар торикӣ пирӯз шудааст»-и Ӯ.Рашид, Люсин дар мазҳакаи «Табиби зӯракӣ»-и Моллер, Холисхон дар «Асрори фаранҷӣ», Нисо дар драмаи «Ҳалокати одат»-и адиби маъруфи тоҷик Меҳрубон Назаров, Ҳуррият дар «Парвоз»-и Уйгун барин персонажҳоро офаридааст. Ҳозир низ бекор нанишаста, дар дастаи фолклорӣ-этнографии «Дурдона»-и назди боғи фароғатии ба номи Ғафур Ғуломи шаҳри Тошканд таҳти роҳбарии Маҳфузахон Боймирзоева машғули эҷод мебошад, – меафзояд ӯ. 
Вай дар бораи падараш – Ғанӣ Холиқов низ бо ҳарорати том ҳарф зад. Ба гуфтаи Зилолабону падараш зодаи шаҳри Ҷиззах мебошад. Номи вай дар радифи Мутал Бурҳонов, Икром Акбаров, Собир Бобоев, Шариф Рамазонов, Мустафо Бафоев, Ҳабибулла Раҳимов, Надим Норхӯҷаев,  Аваз Мансуров ва Ойдин Абдуллоева барин бастакорони Ӯзбекистон вирди забонҳо мебошад, ки бо осори гаронбаҳояшон барои ғанӣ гардонидани маънавияти ҷавонони мамлакат хидмат мекунанд. 
– Падарам узви Иттифоқи бастакорони Ӯзбекистон, Ходими шоистаи мураббии ҷавонони Ӯзбекистон аст. Дар миёнаҳои солҳои 70-уми қарни гузашта вай ҳамчу бастакори ҷавон ва сароянда бо маҳорат ва овози нотакрори худ далерона вориди майдони санъати мусиқӣ шудааст. Бо сурудҳои рангоранги эстрадӣ, асарҳои саҳнавии мусиқӣ, симфонӣ, оҳангҳои рақсии худ дар дили ҳаводорон маъво гирифтааст. Вай баъди омӯзишгоҳ дар Консерваторияи давлатии Тошканд аз профессор Сайфӣ Ҷалил асрори санъатро чуқур омӯхта, дар жанрҳои гуногун асарҳо офаридааст. Асарҳои ӯро Юнус Тӯраев, Раъно Шарифова, Наталья Нурмуҳамедова ва модарам – Раъно Қодирҷонова иҷро кардаанд. 
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо Ғанӣ Холиқов дар давоми фаъолият зиёда аз 200 суруди машҳур, оҳангҳои инструменталиро барои оркестр ва ансамблҳо эҷод кардааст. «Маҷнунбед», «Саро, Ботир», «Наврӯз ба ҷаҳон омад», «Ишқи ман аст», «Нозукаки ман», «Модар – Ӯзбекистон», «Рози дутор» ва амсоли он аз зумраи асарҳои офаридаи ӯ мебошанд. Инчунин, зиёда аз 20 силсилаи суруду оҳангҳои халқӣ ва классикии ӯзбек, мисли «Дилхироҷ», «Ёр-ёр», «Соқиномаи баёт», «Мулоқот»-ро ба самъи шефтагони суруду мусиқӣ эҳдо кардааст.
– Ин сурудҳо аз тарафи сарояндагони маъруфи эстрада Козим Қаюмов, Гулбаҳор Сулаймонова, Муҳаббат Шамаева, Юнус Тӯраев, Лариса Москалёва, Раъно Шарифова ва овозхонҳои дигар иҷро гардидаву ба мухлисон шодӣ бахшидаанд. Талош намудам, ки дар бораи падари бастакорам низ шеъре бинависаму ӯро васф кунам. Ин ҷо чанд байт аз онро пешкаш мекунам, ки қазоват ба дӯши муштариёни «Овози тоҷик» хоҳад буд:
Ҷавонӣ гузашту баҳорон гузашт,
Чи душвориҳо пушти сар кард ӯ,
Биёбад камолу расад бар ҳадаф,
Шабони зиёде саҳар кард ӯ.
Ба мардум биёвард шодӣ, 
нишот,
Ва нохун зад ӯ чу ба тори 
дутор...
Зилолабону Холиқова, ки бо тахаллуси Зилолабону Ғаниҷон қизи машғули эҷод мебошад, бо бештар аз сад диплом, сертификат ва ташаккурнома сарфароз гардидааст, ки як қисми онро ҳангоми сафар дар мамолики хориҷӣ ба даст овардааст. Бо сайъ ва эҳтимоми ӯ як идда ҷавононе, ки маълӯл ҳастанд, ба маҳфили адабиву эҷодии «Оҳу» ҷалб карда шудаанд  ва ба ҳаёти пурҷӯшу хурӯш қадам монда, аз накҳати зиндагӣ баҳра мебаранд ва эҷод мекунанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: