Бояд таъкид намуд, ки ҳизби мо ҳама гуна муносибати расмиро нисбати қонунҳо дар ҷараёни иҷрои онҳо ошкор мекунад ва дар оқибати он ҳолатҳои вайрон шудани адолатро аз байн мебардорад, инро аз вазифаҳои муҳимтарини худ медонад.
Иҷрои самарабахши қонунҳо ва таъмин гардидани адолат ба фаъолияти суди одилу мустақил такя мекунад, ки шарти зарурии давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ба шумор меравад.
Бо дарназардошти ин ҳизб дар назди худ мақсади сохтмони давлати ҳуқуқбунёд, пеш аз ҳама, низоми одил ва мустақили судиро мегузорад. Яке аз ташаббусҳои муҳимтарин дар самти мазкур зиёд кардани миқдори судяҳо ва вусъат додани ихтисоси онҳо маҳсуб мешавад.
Ҳоли ҳозир дар баъзе ҳолатҳо душбори судяҳо ба ҳисоби миёна чандин адад парванда ва маводи судиро ташкил медиҳад. Ин, дар навбати худ, ба муҳлат ва сифати иҷрои баррасии парвандаҳои судӣ таъсири нохуш мерасонад.
Агар ба маълумоти омории тӯли соли 2023-юм эътибор диҳем мушоҳида мегардад, ки, дар судҳои зинаи аввали оид ба парвандаҳои ҷиноӣ 54 418 адад парвандаҳои ҷиноӣ, 600 966 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби судҳои оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ 943 892, аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 271 748 парванда баррасӣ гардидаанд.
Дар натиҷа як судяи суди ноҳия, шаҳрии оид ба парвандаҳои ҷиноӣ моҳе ба ҳисоби миёна тақрибан 200 парванда, судяи суди байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ, шаҳрии оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ анқариб 300, судяи байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии суди иқтисодӣ наздики 200 парвандаро тафтиш менамояд.
Агар ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ эътибор диҳем, мебинем, ки як судя ба ҳисоби миёна моҳе дар ИМА 40, дар Канада 50, дар Ҷопон 10, дар Олмон 15 ва дар Британия Кабир 20 парвандаро баррасӣ мекунад.
Дар замони кунунии зудтағйирёбанда парвандаҳои табақаи махсусе мавҷуданд, ки аз судяҳо нафақат дониши амиқи ҳуқуқӣ, балки боз маълумоти соҳаҳои дигарро тақозо доранд. Чунончӣ, барои он ки судяи моликияти зеҳнӣ бошед, танҳо ҳуқуқшиноси баландмалака будан кам аст, балки бояд боз дар соҳаҳои техника ва технологияи рақамӣ низ дониши зарурӣ дошта бошед.
Аз ин рӯ, барои истифодаи оқилона аз захираҳои судяҳо ва пешгирии сарсониҳои шаҳрвандону соҳибкорон вусъат додани ихтисоси судяҳо аз рӯйи соҳаҳо муҳим аст.
Алҳол самтҳои вобаста бо ҳуқуқи меҳнатӣ, андозситонӣ, молиявӣ, моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи ноболиғон, бинобар мураккабиҳои соҳа ихтисосҳои лозимиро тақозо менамоянд. Агар ба таҷрибаи хориҷӣ назар дӯзем, мебинем, ки дар Олмон ва Фаронса судяҳои оид ба меҳнат самарабахш кор мебаранд, кори судяҳои моликияти зеҳнӣ бошад, дар Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ бартарӣ дорад.
Бинобар ҳамин ҳам татбиқ намудани ихтисоснокии судяҳо бобати соҳаҳои ҳоли ҳозир бағоят рӯзмарра, ба хусус оид ба масъалаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, андозситонӣ, молиявӣ, моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Созмон додани судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр, ки ҳизби мо пешниҳод менамояд, аҳамияти муҳим дорад, ки онро метавон ба ин тариқ асоснок кард:
Якум, судҳои байниноҳиявии оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, ки дар баъзе ноҳияҳо ташкил шудаанд, барои сокинони ноҳияҳои дигар ноқулаиҳои зиёд фароҳам меоваранд. Чунончӣ, дар вилояти Ҷиззах ба суди байниноҳиявии оид ба парвандаҳои ҷиноии ноҳияи Дӯстлик ҳамчунин сокинони ноҳияҳои Мирзочӯл ва Арнасой бинобар парвандаҳои ҷиноӣ муроҷат мекунанд. Аз ин рӯ, созмон додани судҳои оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр мувофиқи мақсад мебошад.
Дуюм, алҳол ҳаҷми кори судҳои байниноҳиявии доир ба парвандаҳои шаҳрвандӣ хеле зиёд аст. Чунончӣ, суди байниноҳияии Бухоро оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоби миёна соле тақрибан 10 ҳазор парвандаро баррасӣ кард, ки аз ин анқариб 4 ҳазораш бо ноҳияи Бухоро вобаста бошанд, қисмати боқимонда бо шаҳри Бухоро тааллуқ доштанд. Дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр миқдори талошҳои шаҳрвандӣ хеле зиёд аст.
Баробари ин ташаббуси ҳизби мо дар бораи ворид кардани тартиби тосудии ҳаллу фасли талошҳо ҳангоми шикоят ба суди маъмурӣ бинобар қарорҳо ва амалҳо ё худ беамалии мақомоти давлатӣ ва мансабдорони онҳо, ҳамчунин ҷорӣ намудани тартиби таҷдиди назари пешакӣ дар суди маъмурӣ ба мақсади пешгирӣ кардани душвориҳои иловагӣ барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ аҳамияти муҳим дорад.
Давраи таҷдиди назари пешакӣ идораи демократӣ ва муфид ба шумор рафта, ҷорӣ кардани он метавонад барои суди маъмурӣ қарори конструктивӣ гардад.
Яке аз ҷиҳатҳои самарабахш ва мусбати таҷдиди назари пешакӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ (ИМА, Олмон) васеъ истифода бурда мешавад, ки риоя кардан ба раванди сабқати ҷонибҳо ҳангоми қабул намудани ариза бинобар кори ҷиноӣ, ҳамчунин имконияти судҳо барои шунидан ва ба инобат гирифтани фикру ақидаи ҷонибҳо дар вазъиятҳои болоӣ буда, дар мавриди мавҷуд будани зиддиятҳо, асоснок кардани мушаххасоти онҳо мебошад.
Идораи таҷдиди назари пешакӣ, ҳамчунин ба ҷонибҳо имконият медиҳад ба тафтишоти асосии судӣ беҳтар омода бошанд. Аз ҷумла, вай имконият медиҳад ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шоҳидон ва далелҳо пешакӣ тайёр карда шаванд, мавқеи суд бинобар парванда дақиқ ва муфассалтар асоснок гардад.
Аз ин нуқтаи назар тартиботи таҷдиди назари пешакӣ дар суди маъмурӣ ба баҳои ҳамаҷонибаи парванда аз тариқи саривақт ошкор карда шудани далелҳои дақиқи бинобар парвандаи мушаххас мусоидат мекунад. Ин барои беш аз пеш асоснок ва одилона қабул шудани қарорҳои суд асос фароҳам меоварад ва дар навбати худ эътимоди шаҳрвандонро ба низоми суду ҳуқуқ мустаҳкам менамояд.
Баробари ин ташаббус бобати ҷорӣ кардани тартиботи тосудии ҳаллу фасли талошҳо ҳангоми шикоят ба суди маъмурӣ аҳамияти махсус касб мекунад ва барои ҳаллу фасли сазовору дурусти талошҳо як қатор имкониятҳо фароҳам меоварад.
Пеш аз ҳама, тавре ки дар боло зикр шуд, дӯшбори зиёд ба судяҳо метавонад ба сифат, саривақтӣ ва мукаммал баррасӣ шудани парвандаҳо таъсири манфӣ расонад. Ғайр аз ин, анъанаи ҳаллу фасли муқобили талошҳо, аз ҷумла, ҳаллу фасли талошҳои тосудӣ дар пояи механизмҳои мухталиф ҳам дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар қонугузории миллии мо ҷанбаҳои мусбати худро ошкор месозад. Ин, дар навбати худ, имкон медиҳад, бо дарназардошти як қатор бартарӣ барои ҷонибҳо ба як қарори муфид расида шавад.
Бешубҳа, ташаббуси мазкур барои шаҳрвандон низ бисёр қулаиҳо дорад. Аз ҷумла, аз байн бардошта шудани хароҷоти судӣ ва боҷҳои давлатӣ ҳангоми ҳаллу фасли талошҳои тосудӣ имкон медиҳанд хароҷоти иловагии шаҳрвандон кам, вақти ҷонибҳои манфиатдор дар пояи ҳаллу фасли таъҷилии талошҳо сарфа шаванд.
Ҷорӣ кардани идораи мазкур ҳангоми баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва коҳиш ёфтани дӯшбори судҳо, мувофиқатии хароҷот, тезондани ҷараёни ҳаллу фасли талошҳо, қабул шудани қарорҳои асоснок, хулоса, ба низоми амали беш аз пеш самарабахши суду ҳуқуқ хидмат хоҳад кард.
Такмил додани низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон
Ҳифзи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дар ҳаёти давлат ва ҷамъият ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар кишвари мо васеъ ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқии аз ҷониби умум эътирофшудаи суди одил нисбати ноболиғон, ташаккул додани механизмҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии он аҳамияти бузург дорад.
Бинобар ҳамин ҳам ташаббусҳои пешгузоштаи ҳизб, ки ба дуруст ба роҳ мондани низоми адлияи ювеналӣ ва ҳифзи ҳуқуқи озодии кӯдак вобастаанд, аз ташаббусҳои пешқадам ба шумор рафта, ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо нигаронида шудаанд.
Ҳоли ҳозир низоми ювеналии адлия дар беш аз 60 кишвари хориҷӣ васеъ истифода мешавад. Чунончӣ, дар Фаронса низоми адлияи ювеналӣ ба сифати идораи судӣ оид ба парвандаи ноболиғон ҷорӣ карда шудааст, ки дар навбати худ, мақомоти махсус ба шумор меравад ва дар соҳаи мазкур ваколатҳои фавқулодда дорад.
Дар Ҷопон ба сифати мақомоти адлияи ювеналӣ фаъолияти судҳои оилавӣ ба роҳ монда шудааст, ки вазифадор аст тамоми парвандаҳоро нисбати ноболиғон баррасӣ кунад. Дар Полша низ фаъолияти судҳои оилавӣ ба роҳ монда шуда, вазифаи асоии он ҳифзи оила ва кӯдак, кӯмаки ҳамаҷониба ба онҳо ва тарбияи бевоситаи кӯдакон ба шумор меравад.
Ҳизби мо бар он аст, ки барои ба роҳ мондани низоми адлияи ювеналӣ дар мамлакат, бояд дар соҳаи мазкур муттасил кор бурда шавад. Вобаста ба ин коркарди стратегияи минбаъд такмил додани дастёбии кӯдакон ба суди одил барои куллан ислоҳсозӣ ва самарабахш ба роҳ мондани соҳа пешниҳод карда мешавад.
Умуман, ҷорӣ кардани низоми мазкур имконияти ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар кишвари мо беш аз пеш вусъат медиҳад, васеъ ба роҳ мондани механизмҳои суди одилро дар самти мазкур имконпазир менамояд.
Мо якҷо ҷомеаи одил бунёд мекунем! Барои номзадҳо аз Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» овоз диҳед!
Дилмурод ИСМОИЛОВ,
Нодира РАШИДОВА,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.