ТАШАББУСҲОИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН – АСОСИ ПЕШРАФТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚАҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶАНУБӢ

15-16 июли соли 2021 дар Тошканд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Конфронси байналхалқии дараҷаи олӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: ҳамгароии минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» баргузор шуд.

15-16 июли соли 2021 дар Тошканд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Конфронси байналхалқии дараҷаи олӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: ҳамгароии минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» баргузор шуд.
Сатҳи баланди иштирокдорони Конфронс шаҳодати эътибори бузург ва иқдоми қатъӣ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ буд. Чорабинии мазкур бояд платформаро барои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ, ҳамкории тарафайнро дар соҳаи нақлиёти байни минтақаҳои ҳамҳудуд ташаккул диҳад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид сохт, ки «Аз қадимулайём робитаҳои қарини байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ  ба пешрафти зеҳниву маънавӣ мусоидат кардаанд, ки ин рушди илм ва тафаккури фалсафиро барои садсолаҳои зиёд таъин намудааст.
Тавре ки маълум аст,  бинобар вазъияти таърихӣ дар қарни XIX робитаҳои тарафайни байни минтақаҳои мо халалдор гардиданд. Монеа ва зиддиятҳои мухталифе ба миён омаданд, ки бинобар онҳо алоқаҳои аз қадимулайём вуҷуддоштаи байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ канда шуданд.
Бояд қайд кард, ки алҳол, дар замони трансформатсияҳои ҷаҳонӣ, ҳангоме ки олам ба таҳдид ва хурӯҷҳои нав ру ба рӯ мегардад, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳёи робитаҳои тарафайн манфиатдор мебошанд. Бешубҳа, муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои муштарак бобати зиёд кардани ҳаҷми содирот ва диверсификатсияи иқтисодиёт, ворид шудан ба бозорҳои нави хориҷӣ, ҳамчунин фароҳам овардану истифода бурдани хатсайрҳои нави нақлиётӣ такони пурқувват хоҳад дод.
Дар ҷараёни Конфронс Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббусҳои муҳиме баромад кард, ки ба қаробати минбаъда ва рушди ҳамкориҳои қарини ду минтақа мусоидат менамоянд.
Президент ба рушди алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дод. Ба ин маънӣ ҳар сол баргузор кардани анҷумани байниминтақавӣ ба мақсади баррасии масъалаҳои рузмарраи вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, амиқ сохтани кооператсия ва ҳамкориҳои тарафайни сармоявии кишварҳои мо пешниҳод гардид. 
Иқтидорҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иқтисодиёти рӯзафзуни Осиёи Ҷанубӣ ҷолиб мебошанд, ки барои бомуваффақият татбиқ сохтани лоиҳаҳои энергетикӣ, ки дар байни онҳо CASA-1000 оид ба содироти энергияи электр аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон; сохтмони нақли гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон; сохтмони хатти нақли электрии «Сурхон – Пули Хумрӣ» оид ба вобаста кардани Кобул ба низоми ягонаи энергетикии Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин баррасии он ҳамчун як қисми лоиҳаи  CASA-1000 ҳастанд, имконият фароҳам меоваранд.
Маълум аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои озодона ворид шудан ба бандаргоҳҳои байналмилалии баҳрӣ имконият надоранд ва бо тафриқа аз кишварҳое, ки ба коммуникатсияҳои баҳрӣ дастрасии озодона доранд, хароҷоти зиёди нақлиётиву транзитӣ мекунанд. Вобаста ба ин лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф– Кобул – Пешовар», ки бояд ҷузъи муҳими тамоми ин меъмории ба якдигар алоқаманди минтақаҳои мо гардад, сазовори эътибори махсус мебошад.
Сохтмони ин роҳи оҳан ворид шудан ба бандаргоҳҳои баҳрии Покистон «Қарочӣ», «Касим» ва  «Гвадар», ҳамчунин пайвастани низоми роҳи оҳани Осиёи Ҷанубиро бо низоми роҳҳои оҳани Осиёи Марказӣ ва Авроосиё таъмин менамояд, иқтидори транзитии Осиёи Марказиро хеле баланд мебардорад.
Бешубҳа, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва  Ҷанубӣ аз танзими ҳарчи зудтари вазъият дар Афғонистон вобаста мебошад, ки ин кишвар пули байни ду минтақа ба шумор меравад.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошанд, дар саргаҳи мубориза бо таҳдидҳое, ки аз ҳудуди ин кишвари ҳамсоя бармехезанд, қарор доранд ва дар роҳи ҳаллу фасли зиддияти Афғонистон нақши муҳим мебозанд.
Мо Афғонистонро  қисмати ҷудонопазири минтақаи худ меҳисобем. Татбиқ сохтани лоиҳаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ дар ҳудуди Афғонистон барои вусъат додани имкониятҳо бинобар тезондани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам меоварад, ҳамчунин ба ҷараёнҳои байналхалқӣ ва минтақавии иқтисодӣ фаъолона ҷалб сохтани Афғонистонро таъмин мекунад.
Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон боз дигар ташаббус ва пешомадҳои муҳим, ки ба ҳифзи муҳити атроф ва ҳавасмандгардонии инкишофи «иқтисоди сабз», кушода додани имкониятҳои сайёҳии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вобаста буданд, садо доданд. Вусъат додани алоқаҳои илмӣ, маданиву инсонпарварона, нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеаи кунунӣ низ эътибори ҷиддиро тақозо доранд.
Бояд таъкид намуд, ки таклифҳои аз ҷониби Шавкат Мирзиёев пешниҳодшуда ба самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолааш ба Парлумон таъмин сохтани рушди устувори иқтисодӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инкишоф додани инфрасохтори нақлиётӣ, ташкил кардани асосҳо барои ҷорӣ кардани «иқтисодиёти сабз»-ро бо назардошти тағйироти иқлим, ҳамчунин таъмин кардани амнияти хӯроквориро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа эълом дошт.
Алъон бо эътимод метавон гуфт, ки муносибатҳои байни кишварҳои бародари мо ва халқҳоямон дар раванди дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва эҳтироми тарафайн бомуваффақият инкишоф меёбанд. Хурсандиовар аст, ки мулоқоти муътамад ва ҳусни тафоҳуми комили байни сарони муҳтарами ду мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои таҳкими шарикии стратегии бисёрҷанбаи тоҷикистониву ӯзбекистонӣ ҳамчун асос хидмат мекунанд.
Муносибатҳои тоҷикистониву ӯзбекистонӣ ҳамчун ҷузъи асосӣ аз ҳар ҷиҳат ба сатҳи ҳамкориҳо дар доираи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд. Муҳити  тағйирёбанда дар хонаи умумии мо барои бомуваффақият ҳаллу фасл кардани мушкилоти барои кишварҳоямон умумии иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ платформаи куллан нав фароҳам меоварад, имкониятҳои муштараки моро барои аксуламали самарабахш бо таҳдид ба хурӯҷҳои нав чандин карат зиёд мекунад, ҳамчунин ин ҳамкории сермаҳсул барои шукуфоии тамоми минтақа мусоидат менамояд.
Мо ба он эътимод дорем, ки ташаббусҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки аз минбари Конфронси байналмилалӣ садо доданд ва сиёсати мустақими ӯ бинобар таҳкими некҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки ба воқеият асос мекунанд, ба ҳамкориҳои бомуваффақияти тарафайн дар ҳаллу фасли мушкилот ва таҳдидҳои барои мо умумӣ мусоидат менамоянд.
Абдуҷаббор 
РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: