ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ПЕШ АЗ ҲАМА БА РУШДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ НИГАРОНИДА ШУДААНД

Намояндагони доираҳои сиёсии хориҷӣ ва коршиносон оид ба ташаббусҳое, ки дар рафти видеомуроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ эълон шуданд, мубоҳисаҳои шадидро идома медиҳанд.

Намояндагони доираҳои сиёсии хориҷӣ ва коршиносон оид ба ташаббусҳое, ки дар рафти видеомуроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ эълон шуданд, мубоҳисаҳои шадидро идома медиҳанд.
Шерҷон АҲМАДЗАЙ, роҳбари Маркази Афғонистоншиносии Донишгоҳи Небраскаи Омаха:
— Суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ассамблеяи Генералии СММ қобили таваҷҷӯҳ аст, зеро дар он масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус марбут ба Афғонистон алоҳида ба забон гирифта шуданд. Да тӯли чор соли охир панҷ маротиба афзоиш ёфтани мубодилаи мол байни Ӯзбекистон ва кишварҳои ҳамсоя барои Афғонистон ва минтақа натиҷаи мусбат ба ҳисоб меравад.
Саъйи Ӯзбекистон бобати тавассути Покистон ба уқёнуси Ҳинд баромадани Осиёи Марказӣ, пайвастан ба даҳлезҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, нақлиётӣ ва транзитӣ метавонад умедҳои деринтизори мардуми минтақаро бобати роҳандозии равобити наздики иқтисодӣ амалӣ намояд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ дар саммити СММ ба як ҷанбаи асосии дигар иштироки Ӯзбекистон дар ҷараёни музокироти қувваҳои мухолифи Афғонистон дахл кард. Ба фикрам, ки умеди деринтизор барои хотима додан ба ҷанг метавонад ба зудӣ ба воқеият табдил ёбад.
Татбиқи ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар бораи таъсиси кумитаи доимӣ оид ба мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, ки ҳадафи асосии Созмони Милали Муттаҳид аст, муҳим аст. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҳукумати Ӯзбекистон баробари баланд бардоштани фаровонии иқтисодии халқи худ ба барқарор намудани сулҳу осоиш дар минтақа садоқатмандона кӯшиш мекунад. Бешубҳа, ҳамкории мутақобила ва ҳамгароӣ қисми ҷудонопазири рушди устувор мебошад, Ӯзбекистон бошад,  инро хуб дарк менамояд.
Ташаббусҳои Ӯзбекистон дар баробари таҳкими Осиёи Марказӣ ба сифати минтақаи ягона ва шукуфон, ба Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа имкон медиҳанд, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои калони Покистон ва Ҳиндустон ворид намуда, иқтидори содиротиро ба таври назаррас афзоиш диҳанд.
Инчунин бояд қайд кард, ки ин сиёсати Осиёи Марказӣ ба самтҳои устувори сиёсати хориҷии ИМА комилан мувофиқ аст.

Ангус МИЛЛЕР, мушовири собиқи ҳукумати Бритониёи Кабир оид ба амнияти энергетикӣ ва тағйирёбии иқлим:
— Ман муроҷиати Президент Шавкат Мирзиёевро дар Ассамблеяи Генералии СММ бо мамнуният пазируфтам. Ин бешубҳа на танҳо барои халқи Ӯзбекистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти таърихӣ дорад.
Дар тӯли 20 соли охир имкони чандин маротиба ба Ӯзбекистон сафар карданро доштам. Бинобар ин, нигаронии роҳбари давлатро дар бораи оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии офати экологии баҳри Арал хуб дарк мекунам. Ин мушкилот дар натиҷаи идоракунии бесамари захираҳои об дар даврони Шӯравӣ ба миён омадааст.
Фонди траст, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон таҳти сарпарастии СММ таъсис ёфтааст, бояд барои ҷалби кӯмаки амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳолии минтақае, ки дар ҳудудҳои вазъи экологиашон душвор зиндагӣ мекунанд, ба платформаи боэътимод табдил ёбад.
Сарвари давлат ташаббуси қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба минтақаи баҳри Арал «Минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ»-ро пеш гузошт. Пешниҳодҳо дар бораи эълони Рӯзи байналмилалии ҳифз ва барқарорсозии экосистема сазовори эътибор буда, баҳои муносиби ҷомеаи коршиносонро гирифтааст.
Ташаббусҳое, ки аз ҷониби Президент пешниҳод шуданд, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои наздик бо дигар кишварҳо ва халқҳо равона карда шудаанд ва бо назардошти ҳувияти фарҳангӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмии Ӯзбекистон ба вазъи минтақа ва ҷаҳон таъсири мусбат мерасонанд.

Масахиро ХОРИЕ, директори Маркази пешсафии глобалии Донишгоҳи GRIPS-и Ҷопон:
— Нутқи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мавзӯъҳои дақиқ ва ҳамзамон муҳим нигаронда шудаанд. Аксарияти мавзӯъҳои он ба мушкилоти муҳими байналмилалӣ ва ҳалли онҳо марбутанд. Зимни суханронӣ дар бораи ин мушкилоти глобалӣ, Президент на танҳо барои тамоми ҷаҳон муҳим будани ҳалли онҳоро таъкид кард, балки дар бораи дастовардҳои Ӯзбекистон дар ин соҳа бо ифтихор сухан ронд.
Аз ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон андешаҳои ӯ дар бораи рӯзмаррагии мубориза бо коронавируси нав, аҳамияти рафъи оқибатҳои он сазовори эътибор аст.
Президент дар суханронии худ қайд кард, ки барои бомуваффақият мубориза бурдан бо пандемия «Муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҳукуматҳо, парлумонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими принсипҳои масъулияти умум, рушди шарикии байналмилалӣ, баланд бардоштани мақом ва иқтидор, васеъ гардондани ваколатҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зарур аст».

Нандан УННИКРИШНАН, таҳлилгари Маркази тадқиқотии “Observer Research Foundation”:
— Маърӯзаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ пухта буда, ба истиқболи дур, пешравии мусбат нигаронда шудааст. Президент пешниҳодҳои муҳими барномавиро ба миён гузошт. Корҳои самарабахше, ки  ба амиқтар кардани равандҳои демократӣ дар кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон амалӣ шуданд, таъкид гардиданд.
Боварии комил дорам, ки намояндагони доираҳои сиёсӣ ва таҳлилии Ҳиндустон ба суханронии Президенти Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд. Президенти Ӯзбекистон дар муроҷиати худ як қатор ташаббусҳои муҳимро дар роҳи манфиати умумии инсоният ба миён гузошт. Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва иқтидори транзитӣ дар минтақа барои Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баробар аҳамият доранд. Зеро роҳ ёфтан ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Авруосиё, дар ин бобат ба роҳ андохтани долонҳои қулайи нақлиётӣ барои Ҳиндустон низ аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Ҷанбаи дигари муҳими маърӯза барои Деҳлӣ ақидаҳои Президенти Ӯзбекистон оид ба истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон буд. Аз ҷумла, ман пешниҳоди таъсиси кумитаи доимӣ дар назди СММ оид ба Афғонистонро як иқдоми хеле мувофиқ мешуморам. Шубҳае нест, ки ин ташаббус дар доираи расмии Ҳиндустон бо диққати махсус омӯхта мешавад.
Дар суханронии худ Президенти Ӯзбекистон пешниҳодҳои хуб андешидашудаи худро оид ба дигар масъалаҳои глобалӣ, ки назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд, алалхусус тағирёбии иқлим, нарм гардондани оқибатҳои пандемия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ изҳор намуд.
Ман ҳамчун як коршиноси ҳиндустонӣ гуфта метавонам, ки суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ассамблеяи Генералии СММ самти ҳамаҷониба ва хуб андешидашудаи рушди ояндаро инъикос намудааст. Ҳиндустон ва Ӯзбекистон барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бинобар масъалаҳое, ки дар маърӯза қайд шудаанд, имкониятҳои калон доранд.

АИ “Дунё”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: