ТАШАББУСҲОИ ӮЗБЕКИСТОН БА РУШДИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВИИ НАҚЛИЁТӢ ХИДМАТ МЕКУНАНД

Дар Тошканд 20 сентябр таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар низоми гузаргоҳҳои байналхалқии нақлиётӣ: пешомадҳои стратегӣ ва имкониятҳои истифоданашуда» конфронси байналхалқӣ оғоз ёфт.

Анҷумани бузурги байналхалқии мазкур, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ташкил шудааст, боиси шавқу рағбати на танҳо мамлакатҳои минтақа, балки тамоми ҷомеаи байналхалқӣ гардид. Барои иштирок дар конфронс президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳаҷар, ноиб-президенти Бонки осиёи рушд  Венсай Ҷанг, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором Хон Чжу Хан, раиси Шӯрои оид ба нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои аъзои ИДМ – директори генералии ҶСК-и «Роҳҳои оҳани Русия» Олег Белозёров, раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ Ҷамшедбек Калилов, раиси Иттиҳоди байналхалқии нақлиёти автомобилӣ Раду Динеску, директори генералии Ассотсиатсияи байналхалқии нақлиёти ҳавоӣ Рафаэл Шварсман, инчунин 300 нафар иштирокдорон аз ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Италия, Испания, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Туркия, Русия, Белорус, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, ҳамагӣ – 37 мамлакат, намояндагони 25 созмонҳои байналхалқӣ, идораҳои молиявӣ ва ширкатҳои бонуфузи нақлиётӣ омаданд.
Номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба иштирокдорони конфронси байналхалқӣ Сарвазир Абдулло Арипов хонд.
Сарвари давлатамон аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар вазифаи президентӣ ба рушди Осиёи Марказӣ, ҳамчун минтақаи яклухт, аз он ҷумла баланд бардоштани иқтидори нақлиётиву тронзитии он эътибори ҷудогона медиҳад. Дар ин бобат  мулоқот ва ҳаракатҳои амалӣ оид ба минбаъд беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ ва афзун гардондани ҳаҷми боркашонии тронзитиро алоҳида қайд кардан ҷоиз аст.
Бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев Ассамблеяи Генералии СММ моҳи июни соли ҷорӣ резолютсияи махсуси «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба таъмин  кардани сулҳу, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ»-ро қабул кард. Дар ин ҳуҷҷат ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва гузаргоҳҳои тронзитӣ, пурзӯр гардондани ҳамкории тамоми намудҳои нақлиёт бо роҳи созмон додани роҳҳои нави нақлиёти автомобилӣ, оҳан ва ҳавоӣ эътибори алоҳида дода шудааст.
Ӯзбекистон сиёсати мустаҳкам кардани аҳамияти геостратегии Осиёи Марказиро ба воситаи муттаҳид гардондани имкониятҳои нақлиётиву тронзитии мамлакатҳои минтақа татбиқ менамояд.
Конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар низоми даҳлезҳои байналхалқии нақлиётӣ: пешомади стратегӣ ва имкониятҳои татбиқнашуда» дар баррасии масъалаҳои такмил додани даҳлезҳои нави нақлиётӣ ва ташаккул додани онҳо дар Осиёи Марказӣ, коркарди нуқтаи назари ягона ва муносибатҳо дар ин соҳа, муайян намудани нақшаҳо барои пешомад нақши муҳим дорад.
– Конфронси мазкур бо саривақтӣ буданаш ва мавзӯяш, ки масъалаҳои муҳимро фаро мегирад, аҳамиятнок аст, – таъкид намуд президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳаҷар. – Ӯзбекистон дар ҳудуди геостратегие, ки минтақаро аз ҷиҳати савдои тарафайн мепайвандад, ҷойгир шудааст. Низоми нақлиётӣ барои рушди мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки имконияташон ба роҳҳои баҳрӣ маҳдуд мебошад, аҳамияти муҳим дорад. БИР дар рушди логистика ва инфрасохтори нақлиётӣ мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ дар минтақа, навсозии низоми роҳҳои нақлиёти ҳавоӣ ва оҳан, васеъ гардондани хидматрасонӣ фаъол иштирок менамояд. Давлатҳои минтақа бо чунин мушкилот, мисли баланд будани тарифҳои транзитӣ, мавҷуд будани саддҳо барои баромадан ба роҳҳои баҳрӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Барои ҳаллу фасли онҳо бояд идоракунии трансмиллии даҳлезҳои нақлиётиро ҷорӣ кард. Аз ин рӯ мо ташаббуси Ӯзбекистонро бино бар минбаъд баланд бардоштани иқтидори нақлиётиву тронзитии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, роҳҳои ҳаллу фасли созмон додани даҳлезҳои нави иқтисодӣ дастгирӣ менамоем.
Дар давраи гузашта як қатор лоиҳаҳое, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ баромадани мамлакатҳои Осиёи Марказиро таъмин карда, ба амалӣ гардондани боркашониҳои байналхалқӣ нигаронда шудаанд, татбиқ гардиданд. Дар ин роҳ ташкили конфронси имрӯза боз як қадам ба ҳисоб меравад.
Анҷумани мазкур бесабаб дар Ӯзбекистон  гузаронда намешавад. Ба воситаи мамлакатамон, ки дар маркази Роҳи бузурги абрешим ҷойгир шудааст, хатсайрҳои кӯтоҳтарине, ки бозорҳои бузурги ҷаҳониро мепайванданд, мегузаранд. Алоқаҳои наздики тиҷоратӣ барои мулоқоти халқҳои мухталиф, дин ва маданият шароити мусоид фароҳам оварданд. Конфронс собит намуд, ки барои фаъол гардондани алоқаҳо имкониятҳои бузург мавҷуд мебошанд. Сиёсатмадорони бонуфуз, корбастҳои машҳур саъю кӯшишашонро барои ташаккул додани даҳлезҳои нақлиётӣ баҳри рушди устувор муттаҳид намуданд.
– Аз 11 мамлакати Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ 8-тои онҳо имконияти бевосита ба баҳр баромаданро надоранд, – гуфт ноиб-президенти Бонки рушди Осиё Венсай Ҷанг. – Ин рушди устувори шабакаи нақлиётиву коммуникатсионии минтақаро тақозо менамояд. Конфронси мазкур даъват менамояд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт эътибори алоҳида дода шавад.
Конфронс кори худро дар ҷамъомадҳои сексионӣ идома дод. Дар онҳо фикру ақида ва ташаббусҳои дар муборакбодии Президент Шавкат Мирзиёев пешниҳодшуда, инчунин масъалаҳои ба ҷорӣ намудани технологияҳои итилоотӣ, хидматрасонии рақамӣ дар соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ алоқаманд баррасӣ гардиданд.
Зарурати фаъол гардондани саъю кӯшиш бино бар рушди шабакаи нақлиётиву коммуникатсионии мамлакатҳои минтақа, коркарди лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар нақлиёт ва логистика, ҷорӣ кардани боркашониҳои мултимодалӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамкории бисёрҷониба ва дарозмуҳлат таъкид гардид.
Иштирокдорони конфронс ба ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи рушди нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан баҳои мусбат дода, нақши муҳими шарикии мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидориро таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки анҷуманҳои мазкур дар рушди ҳамкории байналхалқии соҳаи нақлиёт ва транзит нақши муҳим мебозад.
Бино бар натиҷаҳои конфронс изҳорот ва як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.
Иштирокдорони конфронси байналхалқӣ 21 сентябр ба Самарқанд сафар мекунанд.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: