ТАШАККУЛИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИВУ МАЪНАВИИ КӮДАКОН

Ҳар як омӯзгор ва мураббӣ мехоҳад машғулияташ рангоранг ва таъсирбахш гузарад, методҳои нав ба навро ба кор барад.

Ҳар як машғулот агар бо асбобҳои аёнии хушсифату зебо ва дақиқаҳои дамгирӣ шавқовар гузаронида шавад, албатта ба кӯдакон таъсири хуб мегузорад. Инчунин, мураббиён бояд дар рафти машғулият аз чистону мақол, панду андарз, зарбулмасал ва шеърҳои мувофиқ ба мавзӯъ истифода баранд. Вақте мо аз онҳо истифода мебарем, бояд маънои онҳоро якояк шарҳ диҳем. Дар ҳамаи машғулиятҳо, аз ҷумла инкишофи нутқ, адабиёти бадеӣ, шиносоӣ бо муҳит, хештаншиносӣ доир ба хислатҳои неки инсонӣ аз панду андарз ва мақолу зарбулмасалҳо бояд намунаҳо омӯзонида шавад. Зеро ҳамаи ин ба тарбияи ахлоқиву маънавии кӯдакон аҳамияти калон дорад.
Масалан, дар машғулияти саводомӯзӣ доир ба мавзӯи «Аз худ кардани панду ҳикматҳо» ба кӯдакон панду ҳикматҳоро гуфта, онро маънидод мекунем:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо. 
ва ё
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро 
гум макун.
***
Хишти аввал гар ниҳад 
меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Дар машғулияти шиносоӣ бо муҳит, мавзӯъҳои шиносоӣ бо фаслҳои сол, бо меваю сабзавот, бо қаҳрамонону муқаддасот аст, ки мо онҳоро бо воситаи чистону шеърҳо ба кӯдакон аз худ мекунонем.
Раҳмат ба ту зимистон,
Раҳмат баҳори пурнур.
Тирамоҳу тобистон,
Ба шумо ҳам ташаккур.
***
Себаки сурхи сероб,
Ширин асту хӯрданбоб.
Себак хеле хушбӯй аст,
Хушмаззаву хушрӯй аст.
Дар ин машғулият бачаҳоро ба сайри табиат бароварда, бо ашёву ҷисмҳои зинда шинос намудан боз беҳтар аст.
Дар машғулияти «Адабиёти бадеӣ» низ мо бояд аз нақли афсонаҳо дар бобати хислатҳои хубу нек ва бади қаҳрамонони афсона бо кӯдакон ба воситаи саволу ҷавоб суҳбат гузаронем, зарбулмасалу мақолҳо гӯем.

То меҳнат накунӣ, 
роҳат набинӣ.
***
Ҳунар зар – ҳунарманд заргар.
***
Бадхоҳи касон ҳеч ба мақсад нарасад.
***
Дурӯғ одамро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор.
Дар машғулиятҳои дигар аз чистонҳо низ истифода бурда мешавад.
Чор ҳарфи босафо,
Боиси осоиши дунё 
(Сулҳ).
***
Рангзарди рӯи ҷаҳон,
Гармиаш бахти ҷаҳон. 
***
Шаб раву рӯз биё 
(Офтоб).

Хулоса, шеъру чистон, панду андарз, зарбулмасал, мақол ва гузаронидани саволу ҷавоб дар машғулиятҳо ба таълиму тарбия, тарбияи ахлоқиву маънавии кӯдакон нақши калон бозида, онҳоро ба меҳнатдӯстию якдигарфаҳмӣ, одобу хулқи ҳамида, некию накӯкорӣ ҳидоят мекунад.

Тиллоҷон НОСИРОВА,
муаллимаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: