ТАШКИЛИ КОРИ ЁВАРОНИ ҲОКИМ ВА НАТИҶАҲОИ НАХУСТИН

Дар 299 маҳаллаи қаламрави вилоят вазифаи ёрдамчии ҳоким ҷорӣ гардид.

Дар 299 маҳаллаи қаламрави вилоят вазифаи ёрдамчии ҳоким ҷорӣ гардид. Аз 632 нафар номзад номи 299 нафарашон ба ин вазифа баргузида шуд. Онҳо аллакай ба кор пардохтанд. Барои пеш бурдани кори ёрдамчиёни ҳоким дар шакли китоб маҷмӯи ҳуҷҷатҳои коргузорӣ таҳия гардид. 
Ба онҳо ҳамчунин «Дафтари пурсишнома» тақдим карда шудааст, ки барои қайд намудани суҳбату мулоқотҳо дар ҳар як хонадон ба кор меоянд. Раиси бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии «Агробанк»-ро ба ин кор дар вилоят вобаста карданд.
Ба наздикӣ дар ҳокимияти вилоят брифинги матбуот доир гардид ва мудири котибият оид ба масъалаҳои молия, иқтисодиёт ва коҳиш додани камбизоатӣ Шаҳбоз Камолов дар ин бора маълумот дод. Ҳадафи асосӣ  аз чунин тарзи ташкили кор қабл аз ҳама барҳам додани камбизоатӣ, бо шуғл бандкунӣ ва ба соҳибкорӣ раҳнамун сохтани аҳолӣ мебошад. Бинобар ин ҳоло тибқи қарор  дар назди Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ Агентии маҳаллабайъ ва ривоҷ додани соҳибкорӣ ташкил ёфта, дар ҳудудҳо садорату марказҳои он созмон дода шудааст. 
То ин дам барои ёрдамчиёни ҳоким якчанд маротиба семинару машварат ва дарсҳои омӯзишӣ ташкил дода шуд, ки  ба афзун намудани таҷриба ва дониши онҳо равона гардидааст. Ба ёрдамчиёни ҳоким вобаста ба пешбурди кор дар маҳаллаҳо ҳамагуна шароит ба вуҷуд овардаанд. Дар 34 маҳаллаи шаҳри Ҷиззах барои ёрдамчиёни ҳоким хонаи алоҳида бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз омода гардид. Ба ҳар як маҳалла инкубатори кӯчак барои ба роҳ мондани паррандапарварӣ ва дастгоҳи манбаи электр тақдим карданд.
Ёрдамчиёни ҳоким дар ҳудуди худ хона ба хона  гашта, дараҷаи зисти аҳолиро меомӯзанд. Назар ба маълумотҳо аҳолии вилоят беш аз 1,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 781 ҳазор нафараш ба меҳнат лаёқатманданд. 552 ҳазор нафар аҳолӣ шуғли доимӣ доранд. Шумораи бекорон бошад, қариб 10 фоиз (60 ҳазор нафар)-ро ташкил мекунад.
– Зимни омӯзиш аз зиёда аз 235 ҳазор  хонадони мавҷуда 13.154 (4,6 фоиз) хонадонро аз назар гузарониданд, ки аз ин қариб 3 ҳазортоаш  намунавӣ, 8109 тои дигар миёнаҳол аст. Бошандагони 1656 хонадон эҳтиёҷманданд. 49 маҳалла дар вилоят  ҳамчун  намуна эътироф гардид. Аз ҳар нигоҳ бояд аз ин маҳаллаҳои намунавӣ омӯзанд ва ибрат гиранд, – гуфт Ш. Камолов.
Корҳои омӯзишӣ  алҳол идома доранд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
 «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: