ТАШКИЛКУНАНДАИ НАХУСТИН МАКТАБИ ОЛИИ ЗАНОНА

Эмма Уиллард дар ИМА нахустин мактаберо кушодааст, ки занонро соҳиби маълумоти олӣ мегардонад.

Эмма, вақте ки по ба остонаи мактаб ниҳод, 15-сола буд. Дар 17-солагӣ омӯзгори ҳамин мактаб шуд. Духтарак дар мактаб барои писарону духтарон барномаҳои таълимӣ тайёр мекард. Ҳангоми тайёр кардани барномаҳо кӯшиш ба харҷ медод, ки дар байни онҳо фарқ камтар бошад.
Эмма исбот кардан мехост, ки духтарон ҳам тавони омӯхтани илмҳои дақиқро доранд. Ба ин мақсад, ӯ дар хонаи худ семинария ташкил кард.
Дертар вай аз Легислатура (мақомоти қонунгузории дупалатагӣ)-и штати Нюйорк дархост намуд, ки ба таълими занона маблағгузорӣ кунад. Вале мансабдорон ӯро дастгирӣ накарданд. Танҳо губернатори штат ба истиқболи ӯ баромад. 
Ҳамин тавр, ӯ муваффақ гардид, ки соли 1821 дар ИМА дари нахустин семинарияи занонаро, ки дар он ҷо онҳо маълумоти олӣ гирифта метавонистанд, кушояд.

НАХУСТИН ЗАНИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲИ СОРБОНН

Мария Кюри пеш аз он ки аз рӯйи физика ва кимиё ду карат лауреати мукофоти Нобел  шавад, дар хонаи сарватмандон мураббӣ буд. Даромади иловагӣ ба ӯ барои гирифтани маълумоти олӣ зарур буд. Духтарак соати шаши субҳ аз хоб хеста, бо омӯхтани фанҳои физикаю математика машғул мешуд ва рӯзона ба бачаҳои сарватмандон дарс медод. Ба замми ин, барои ба бачаҳои деҳқонон омӯхтани хондан ва навиштан вақт меёфт.
Ниҳоят Мария имкон пайдо кард, ки ба Донишгоҳи Сорбонн дохил шавад. Ӯ рӯзона дар донишгоҳ мехонду шабона, барои пардохти пули хонаи иҷора муаллимӣ мекард.
Дар он замоне, ки аксарияти духтарон орзуи хонданро надоштанд, Склодовская-Кюрӣ дар як вақт ду дипломи Донишгоҳи Сорбоннро ба даст дароварда, дар кафедраи физика ба кори омӯзгорӣ пардохт.

Тарҷума ва таҳияи С. БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: